Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ-ро ба талоши барангехтани ноамнӣ дар минтақа муттаҳам карданд


Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон дар як мақолае иддао кардааст, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бахшҳои худро дар кишварҳои пасошӯравӣ фаъол мекунад.

Дар ин матлаб, ки бо номи "Тағйиротҳои геосиёсӣ дар вазъияти Ховари Миёна ва таъсири он ба Тоҷикистон" рӯзи 24-уми май дар расонаҳои давлатӣ нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Русия, Узбекистон ва Қирғизистон фаъол шудааст ва зоҳиран онро барои ноором кардани Осиёи Марказӣ дар оянда истифода мекунанд.

Масъулони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, ки ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, хатари онҳоро бузург нишон диҳад ва бо ин васила кишварҳои дигарро ба мамнӯъ кардани ин ҳизб даъват кунад.

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон.
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон.

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон ва муаллифи ин матлаб рӯзи 25-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳлил бар асоси далел навишта шуда, ҳарфи хушку холӣ нест.

Ӯ гуфт, аз рӯи маълумоте, ки ба даст овардаанд, ин ҳизб дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҷойи пой дуруст карда, ба хатари минтақавӣ табдил меёбад.

Ҳарфҳои ин мақоми Маркази исломшиносӣ дар ҳолест, ки рӯзи 24-уми май Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба нашрияи "Коммерсант"-и чопи Маскав гуфтааст, ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар наздикиҳои марзӣ ин кишвар пойгоҳ месозанд, то вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ шаванд.

Зоҳиран, дар чанд моҳи ахир ҳукумати Тоҷикистон хатари ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро барҷаста нишон медиҳад. Миёнаи моҳи май Эмомалӣ Раҳмон низ аз хатари ин ҳизб сӯҳбат карда буд. Ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз эътирозгарон назди сафорати Эрон дар Тоҷикистон зидди ин ҳизб ва раҳбари он шиор доданд.

Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ҳизб рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаои фаъол шудани ҳизби онҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ ва Афғонистон асос надорад. Ӯ гуфт, ин ҳизб то замони мамнӯъ шуданаш дар Тоҷикистон беш аз 40 ҳазор аъзо дошт ва ҳоло бархеи онҳо дар Русия, Қирғизистон ва Узбекистон ҳастанд, вале фаъолияти сиёсӣ надошта, ба зиндагии шахсиашон машғул мебошанд.

Маҳмудҷони Файзраҳмон.
Маҳмудҷони Файзраҳмон.

Ба гуфтаи Маҳмудҷони Файзраҳмон, Тоҷикистон талош дорад, хатари онҳоро бузург нишон диҳанд ва бо ин васила кишварҳои дигарро ба мамнӯъ кардани ин ҳизб даъват кунад.

Ҳизби наҳзати исломӣ моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва созмони террористӣ эътироф шуд. Дар пайи он даҳҳо узви ин ҳизб боздошту зиндонӣ шуданд. Раису даҳҳо узви ҲНИТ дар хориҷа паноҳ бурданд. Дар миёни кишварҳое, ки мухолифони тоҷик ба сар мебаранд, кишварҳои аврупоӣ, Туркия, Русия ва дигар кишварҳо мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз шарикон ва дигар ҳамкоронашон дар хориҷа интиқод кардаанд, ки дархости онҳоро барои "террористӣ" ва "мамнӯъ" эълон шудани ҲНИТ дар қонунҳои кишварҳояшон бипазиранд. Дар гузашта Ғарб, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон хоста буд, ки нисбати боздоштшудаҳои ин ҳизб аз рӯи қонун рафтор карда, мурофиаҳои одилона барпо кунад.

XS
SM
MD
LG