Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БДА аз сокинон хост, ки дар бораи ронандаҳои қонуншикан хабар диҳанд. ВИДЕО


Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон хостааст, ки дар бораи қоидавайронкунии ронандаҳо дар пойтахти Тоҷикистон ба онҳо хабар диҳанд ва аллакай тақрибан 30 ронанда бар асоси шикояти сокинон муҷозот шудаанд.

Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамкории сокинонро бо нозирони роҳ ташвиқ мекунанд ва даъвати худро барои ҳамкорӣ дар вебсайти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам нашр кардаанд.

Тӯли тақрибан як моҳ дар кӯчаҳои Душанбе ҳузури нозирони БДА мушоҳида намешуд. Аммо, ба тадриҷ онҳо дубора пайдо шуданд, ки боиси норизоиятии ронандаҳо гардид.

Аз ҷумла, дар даъват гуфта мешавад, ки бо истифода аз аксҳое, ки сокинони Душанбе дар бораи чунин қоидавайронкуниҳо ба онҳо фиристодаанд, тақрибан 30 ронандаи мошини гаронбаҳо бо ҷаримаҳои бузург муҷозот шудаанд.

Мақомоти БДА-и шаҳри Душанбе 28-уми май ба хотири гирифтории пешвози меҳмонони баландмақом аз кишварҳои ИДМ барои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳозир нашуданд. Раисони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ қарор аст аз 31 май то 1-уми июн ба Душанбе биёянд. Як масъули БДА ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даъвати ҳамкории сокинон бо нозирони роҳ бо ташаббуси Шариф Назарзода, сардори Раёсати вазорати умури дохилӣ дар Душанбе, нашр шудааст.

Дархости пулис аз сокинон: "Дар бораи ронандаҳои қонуншикан хабар диҳед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Мавзӯи ҳаракат дар роҳ ва қонуншиканиҳое, ки бо фоҷеа меанҷомад, яке аз масъалаҳои вижаи мавриди интиқоди мақомоти тоҷик мебошад. Дар пайи садамаҳои маргбори чор-панҷ соли пеш, назорат дар роҳҳо пурзӯр карда шуда, аз ҳаракати мошин дар роҳ камераҳои видеоии марбут ба "Шаҳри бехатар" назорат мекунанд. Вале бо ин вуҷуд, қонунвайронкуниҳо дар роҳҳо ҳамоно вуҷуд дорад.

Зимнан, аз соли 2010 ба ин сӯ дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 7,5 миллион вайронкунии қоидаи ҳаракат дар роҳҳо сабт шуда, дар садамаҳо беш аз 3500 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин муддат аз вайронкунандаҳои қоидаи ҳаракат дар роҳ 175 миллион сомонӣ ё 20 миллион доллар ҷарима ситонида шудааст.

Ҳаҷми ҷаримаҳо аз 50 сомонӣ барои вайрон кардани қоидаи гузашт аз мошини дигар ва то 13 ҳазор сомонӣ барои идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ муқаррар шудааст. Ҳамасола дар Тоҷикистон то 1,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух медиҳанд, ки ахиран ҳатто боиси нигаронии президент Эмомалӣ Раҳмон шуда буд.

Мушоҳидаҳо дар ҷодаҳои шаҳри Душанбе гувоҳи он буд, ки ронандаҳои мошинҳо ҳамчунон бо риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва сарфи назар кардани нишонаҳо мошинҳои худро дар ҳар маҳалле нигаҳ медоштанд. Бо чанде аз онҳо ҳамсӯҳбат шудем ва онҳо гуфтанд, ки сабаби асосии чунин қоидавайронкунӣ дар набуди тавақуфгоҳҳо дар назди биноҳои муассисаҳои мухталиф будааст.

Айб аз кист -- ронандагон ё мусофирон?

Яке аз ронандагон гуфт, "мусофирони ман ба ин дармонгоҳ дар маркази шаҳр даромаданд. Дар наздикиҳои ин дармонгоҳ ҳеҷ таваққуфгоҳе нест. Медонам, ки қоидаро вайрон кардам, вале чораи дигаре надорам... Ман ҳам ночор мусофирамро дар канори роҳ интизор ҳастам. Агар дуртар равам, мусофирам норозигӣ мекунад..."

Ин дар ҳолест, ки аз соли 2013 ба ин сӯ ҳудуди як ҳазор дурбинҳои "Шаҳри бехатар" низоми ҳаракат дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистонро назорат карда, бархе аз ронандаҳо ба пардохти ҷаримаҳои бузурги то 60 ҳазор сомонӣ, маҷбур мешаванд. Аммо, дурбинҳои "Шаҳри бехатар" асосан дар роҳҳои марказӣ насб шудааст ва қоидавайронкунӣ дар роҳҳои дигар беҷазо мемонанд.

Бахусус, бо афзоиши миқдори мошинҳои сабукрав атрофи бештаре аз биноҳои истиқоматии баландошёна пур аз воситаҳои нақлиётӣ шуда, сокинонро бо мушкилиҳо рӯбарӯ кардаанд. Яке аз мухотабони даъвати БДА-и шаҳри Душанбе низ чунин сокинон мебошад.

"Омодаам акси ронандаҳои қонуншиканро ба пулис диҳам"

Некрӯз Қурбонови 16-сола, сокини Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз чунин рафтори ронандаҳо интиқод карда, мегӯяд, ки дар бархе маворид водор мешавад, роҳро на аз гузаргоҳ, балкӣ дуртар аз маҳалли иҷозатшуда убур кунад.

Вай афзуд: "Бархе аз ронандаҳо мошини худро болои гузаргоҳ аз роҳ манъ мекунанд. Ман водор мешавам 200-300 метр дуртар аз гузаргоҳ роҳро убур кунам ва ҳаётамро зери хатар гузорам. Омода ҳастам акси чунин мошинҳоро гирифта ба БДА хабар диҳам".

Мирсидиқ Оқилов, сокини дигари пойтахти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бештар аз наҳваи ронандагии мошинҳои мусофирбар интиқод кард. Вай бар ин назар аст, ки бояд таваҷҷӯҳ ба ин тоифаи ронандаҳо бештар шавад, зеро вақте ба унвони мусофир аз дохили автобус ё минибас манъи мошинро хоҳиш мекунанд, ронанда итоат намекунад. Аммо ба гуфтаи вай, агар дар роҳ мусофире автобусро манъ кунад, дар ҳар куҷое набошад, ист мекунад. Ӯ гуфт, барои мубориза бо чунин ронандаҳо омода ҳаст аксашонро бигираду ба пулис хабар диҳад.

Онҳое, ки ба гуфтаашон ҳамарӯза бо ронандаҳои вайронкунандаи қоидаи ҳаракат рӯбарӯ мешаванд, мегӯянд, танҳо аз роҳи танбеҳу ҷарима мешавад онҳоро тарбия кард. Бархе дигар мегӯянд, ҳамкорӣ бо полис метавонад паҳлӯҳои манфӣ ҳам ба бор орад, вақте бархе ба хотири муҷозоти нафари мавриди назари худ ӯро тӯҳмат ва ба қавле дучори дарди сар бо полис мекнуанд.

Сафаров: "Ин хабаркашӣ нест"

Сайфулло Сафаров.
Сайфулло Сафаров.

Онҳое ҳам ҳастанд, ки ҷорӣ шудани чунин қоидаро хилоф бо қонун медонанд ва мегӯянд, танҳо нозири роҳ ё дурбинҳои "Шаҳри бехатар" бояд салоҳияти баҳогузорӣ ба ҳаракати ронадаву пиёдагардро дошта бошанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аз чунин иқдоми БДА-и шаҳри Душанбе истиқбол кард ва иддао дорад, ки ин амр ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад "хабаркашӣ" унвон карда шавад.

Вай гуфт: "Иттилоъ надодан дар бораи қоидавайронкунӣ худ ҷиноят маҳсуб мешавад. Даъвати БДА комилан кори хуб аст ва таъмини тартибот дар пойтахти Тоҷикистонро ҳадаф дорад. Чунин таҷриба дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон рӯи даст гирифта шудааст."

"Ҷомеаи шаҳрвандӣ омода нест"

Аммо Амнияти Абдуназар, муовини риси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бовар надорад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ошкор кардани куллияи чунин қоидавайронкуниҳо омода бошад. Зеро, ба гуфтаи вай, бархе аз ин қоидавайронкуниҳо аз сӯи шахсони баландмақом ва наздик ба онҳо сурат мегирад.

Амнияти Абдуназар.
Амнияти Абдуназар.

"Аз як сӯ ин иқдом боиси дастгирист, вале аз сӯи дигар ҷомеаи мадании тоҷик ҳанӯз омода нест, ки айбдоронро ифшо кунад. Зеро, намехоҳад дар оянда бо афроди барӯманду бой мушкил дошта бошанд. Ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳанӯз хеле заиф аст. Аз сӯи дигар, чаро мардум бояд ин қоидавайронкуниҳоро ошкор созад. Маъмурони БДА чӣ кор мекунанд? Ин вазифаи онҳост. Вале, то ҷое огаҳӣ дорам, кормандони БДА низ чандон хостори баҳсҳо бо чунин афрод нестанд ва дар натиҷа дар пеши чашми онҳо афроди сарватманду баландмақом қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд".

Дар соли ҷорӣ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки постгоҳҳои нозирони роҳ аз ҷоддаҳои пойтахти Тоҷикистон барчида шаванд ва масъулияти нозирон ба маъмурони сайёр вогузор шуд. Тӯли тақрибан як моҳ дар кӯчаҳои Душанбе ҳузури нозирони БДА мушоҳида намешуд. Аммо, ба тадриҷ онҳо дубора пайдо шуданд, ки боиси норизоиятии ронандаҳо гардид.

XS
SM
MD
LG