Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров "Мовароуннаҳр"-ро ба додгоҳ кашид


Зарина Набиева
Зарина Набиева

Заррина Набиева – ҳамсари Бузургмеҳр Ёров – вакили дифои зиндонӣ алайҳи ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт шикоят бурдааст. Набиева даъво дорад, ки ширкат панҷ сол боз як фурӯшгоҳи нимасохти дуошёнаро ба номаш намегузаронад.

Соҳиби се фарзанди ноболиғам. Дар сурати гирифтани мағоза ҳам рӯзии кӯдаконро ёфта ва ҳам барои Бузургмеҳр ғизо хоҳам бурд.

"Қарордоди харидуфурӯши мағоза бо пардохти 20 ҳазор доллар ба номи ман сабт шудааст. Аммо ширкат ҳамоно корро кашол медиҳад ва онро расман ба номи ман намегузаронад", - гуфт ӯ рӯзи 29-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ҳамин кашолкорӣ боис шудааст, ки мақомот бинои нимасохти фурӯшгоҳро ҳамчун моли вакили дифои зиндонӣ сабт ва бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифтаанд. Надоштани "паспорт" ё шиносномаи техникии бино исботи моликияти Набиева будани ин муассисаро мушкил кардааст.

  • Мағозаи баҳсӣ дар як бинои даҳошёнаи ширкати “Мовароуннаҳр” дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе ҷой дорад ва сохтмони он ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст.
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи Заррина Набиева ҳафтаи гузашта ворид шуд ва "дар истеҳсолоти судӣ аст". Ӯ гуфт, дар ин ариза, инчунин, аз рӯи судиҷрочӣ Қиёмиддин Ниёзов шикоят шудааст. "Ҳафтаи оянда масъалаашон мавриди баррасӣ қарор мегирад", - афзуд мусоҳиби мо.

Зарина Набиева мегӯяд, нисбат ба судиҷрочӣ ба хотири он шикоят кард, ки мағозаро ба ҳабс гирифта, ҳамагуна муомиларо ғайримумкин кардааст. Ӯ гуфт, "аз ҷониби "Мовароуннаҳр" мехоҳанд, дар ивази ин мағоза ба ман хона диҳанд. Хона дорам. Соҳиби се фарзанди ноболиғ ҳастам. Дар сурати гирифтани мағоза ҳам рӯзии кӯдаконро ёфта ва ҳам барои Бузургмеҳр ғизо хоҳам бурд."

Тӯрабек Охунов
Тӯрабек Охунов

Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, баъди маҳкум шудани вакили дифоъ ба ҷуз аз маоши кор дар Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – даромади дигар надорад.

Дар ҳамин ҳол, раиси ширкати "Мовароуннаҳр” Тӯрабек Охунов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз шикояти ҳамсари Бузургмеҳр Ёров ба додгоҳ огоҳ аст. Аммо айни замон афзуд, барои ба номи ҳамсари Бузургмеҳр Ёров сабт кардани бино аз тарафи онҳо ҳеч мушкил вуҷуд надорад.

"Мушкили аслӣ дар ин роҳ ба ҳабс гирифта шудани бинои мағоза аз тарафи додгоҳ мебошад. Мо кӯшиш дорем, ки ба судиҷрочиҳо ба таври мусбат фаҳмонем ва масъалаи мазкур мусбат ҳал шавад. Кор ба фоидаи ҳамсари Бузургмеҳр Ёров ҳал гардад. Ба назари мо ҳамсари Бузургмеҳр Ёров ба шитобзадагӣ роҳ медиҳад", - афзуд ӯ.

Тӯрабек Охунов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки қарордоди харидуфурӯши мағоза ба номи ҳамсари Бузургмеҳр Ёров сабт шудааст ва ӯ барои ин мағоза дар ибтидо воқеан 20 ҳазор доллар пардохта буд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Дар ҳамин ҳол, наздикони Бузугмеҳр Ёров мегӯянд, Додгоҳи ноҳияи Сино барои иштироки ин вакили дифои зиндонӣ дар мурофиа ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ нома фиристодааст. Онҳо умед доранд, мақомот ҳузури ӯро дар ин мурофиа таъмин хоҳанд кард, то мӯй аз хамир ҷудо карда шавад.

Бузургмеҳр Ёров, ки баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҲНИТ дар соли 2015 дастгир шуд, дар маҷмӯъ ба 25 соли зиндон маҳкум гардидааст. Додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" қонунӣ меномад. Вале Ёрову наздиконаш ба сиёсӣ будани ангезаҳои он пофишорӣ доранд.

XS
SM
MD
LG