Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси низои хатарнок дар марз дар мулоқоти Раҳмон ва Жеенбеков


Мулоқот дар шаҳри Чиндаои Чин сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷанҷоли хатарнок дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва боздошту латукӯби се сарҳадбони тоҷикро бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жеенбеков баррасӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, мулоқот рӯзи 9-уми июн дар шаҳри Чиндаои Чин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифтааст. Дар баёния омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбеков “вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд.”

Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, “Барои ҳалли ҳарчӣ зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ пешниҳод карда шуд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба манъи фаъолияти хоҷагидорӣ дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то охири анҷоми марҳилаи муайян ва ҷудо кардани хатти сарҳад, ба имзо расад."

Дар пайи як муноқиша дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати “Калашников” ба ҳудуди худ бурданд. Ҳодиса рӯзи 4-уми июн, пас аз он рух дод, ки ду шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, молу колояшонро ба фурӯш гузоранд.

Ба иддаои ҷониби Қирғизистон, барои ҳалли ин мушкил марзбонони қирғиз ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд, вале низомиёни тоҷик аз иҷрои дархостҳои онҳо сарпечӣ карда ва ба ҳаво тир холӣ карданд. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, сарҳадбонҳои тоҷик боздошт шуданд. Марзбонҳои тоҷикро, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон захмҳои вазнин бардоштанд, баъдан озод карданд.

Аз ин пештар дар натиҷаи ҷанҷолу сангандозӣ дар як маҳаллаи марзӣ дар байни Тоҷикистону Қирғизистон чанд нафар аз ҷумла раиси як маҳаллаи тоҷикнишин захмӣ шудаанд. Моҷаро рӯзи 31-уми май байни сокинони ҷамоати Ворухи вилояти Суғд ва маҳаллаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон сар зад.

Муноқиша дар инҷо сар зад.
Муноқиша дар инҷо сар зад.

Ба гуфтаи сокинони маҳалли ҳодиса, муноқишаву ҷанҷол сари истифода аз роҳи байни як маҳалла, ки дар он тоҷикону қирғизҳо канори ҳам зиндагӣ доранд, сар задааст. Ба гуфтаи сокинони Ворух, муноқиша ва сангандозӣ байни гурӯҳи сокинони Воруху Оқсой барои истифода аз роҳи байни ду маҳалла рух додааст.

Аммо расонаҳои Қирғизистон гуфтанд, ки ҳодиса ҳангоми гуфтӯгу дар бораи дақиқ кардани қитъаи марзӣ рух додааст. Матбуоти Қирғизистон аз қавли Мирлан Қолибеков, додситони ноҳияи Ботканд навиштаанд, ки рӯзи 31-уми май марзбонони қирғизу тоҷик барои дақиқ кардани як роҳе дар марз кор мебурданд, ки аз дохили ҳавлии як қирғиз мегузарад.

Онҳо мехостаанд, тавре шавад, ки роҳ аз дохили ҳавлӣ нагузарад, аммо дар ин миён сокинони Оқсой ва Хоҷа аъло ҷамъ омадаанд ва моҷаро ҳам сар шудааст. Ба гуфтаи Мирлан Қолибеков, дар моҷаро се сокини Ботканд ҳам осеб дидаанд. Сокинони Қирғизистон баръакс ҳамсояҳои

Маъмулан чунин баҳсу муноқишаҳо байни сокинони минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканд сари замину об, ки ҷонибҳо муштаракан истифода мебаранд, баҳору тобистон сар мезанад.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG