Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бадахшон: "Наметавонем фурӯши машруботро комилан манъ кунем"


Шодихони Ҷамшед, раиси Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Шодихони Ҷамшед, раиси Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, Тоҷикистон давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва мақомот воридот ва фурӯши машруботи спиртиро манъ карда наметавонанд.

"Тоҷикистон кишвари исломӣ нест, ки машруботро манъ кунад"

Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон рӯзи 11-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аст ва онҳо наметавонанд ба кулли фурӯши машруботро манъ кунанд.

Фаъолон ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, қишри солимфикри маркази вилоятро сарозер шудани машруботи пастсифати арзон ба бозорҳо нигарон кардааст.

Ӯ гуфт: "Мо кишвари исломӣ нестем, ки фурӯши машруботро умуман манъ кунем. Бо онҳое, ки барои комилан манъ кардани фурӯши машрубот садо баланд мекунанд, мо розӣ нестем. Бале, танзим дар фурӯш ва назорат аз болои сифати машрубот бояд бошад, аммо мо наметавонем фурӯши онро ба куллӣ манъ кунем".

Шодихони Ҷамшед афзуд, ҳар сол ҳазорон сайёҳ аз Хоруғ ва дигар маконҳои вилоят дидан мекунанд, дар шаҳр меҳмонхонаҳои сатҳи баланд фаъол ҳастанд ва албатта дар ин маконҳо сайёҳон бояд ба машрубот дастрасӣ дошта бошанд.

"Мафияи тоҷирони машрубот"?

Ин гуфтаҳои раиси вилояти Бадахшон дар ҳолест, ки оғози моҳи июн наздик ба 3 ҳазор нафар сокинони Хоруғ бо навиштани як номаи дастҷамъӣ ба унвонии раиси вилоят шикоят кардаанд, ки талошҳои онҳо барои танзим кардани фурӯши машрубот натиҷа надодааст.

Чун ба иддаои сокинони Хоруғ, ҳанӯз "мафияи тоҷирони машрубот" дар вилоят зинда аст ва бозорҳои вилоятро ба макони машруботӣ пастсифату қалбакӣ табдил додаанд, ки даҳҳо нафар аз он зиён мебинанд.

Раиси вилояти Бадахшон гуфт, пас аз муроҷиати сокинон, бо ширкати ҳамаи мақомот ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷлис доир кард. "Мо ташвиши фаъолони ҷомеаро дарк мекунем. Чунки оморҳо аз боло рафтани истеъмоли машрубот гувоҳӣ медиҳанд. Албатта дар чунин шароит ҷомеа бетараф буда наметавонад"-, гуфт Шодихони Ҷамшед.

Нигаронии ҷомеа аз сарозер шудани машруботи пастсифат

Дар ин дидору гуфтугӯ бо сокинон, мақомоти вилояти Бадахшон ба сокинон ваъда супурдаанд, ки назоратро дар самти фурӯши машрубот боз ҳам пурзӯр мекунанд.

Набот Додхудоева.
Набот Додхудоева.

Набот Додхудоева, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, қишри солимфикри маркази вилоятро сарозер шудани машруботи пастсифати арзон ба бозорҳо нигарон кардааст.

Ӯ гуфт "дар як соли гузашта дар вилоят се ҳолати аз машруботи пастсифат (паленний) даргузаштани мардон рух дод. Аз ин рӯ, ин ҳолат ҷомеаро ба ташвиш андохт ва сокинон дар ҳар маҳаллаи Хоруғ маҷлис доир карда, дар ниҳоят ба мақомот муроҷиат намуданд."

Додхудоева афзуд, назари сокинони Хоруғ дар робита ба машрубот ба ду гурӯҳ ҷудо шудааст. "Як гурӯҳ талаб доранд, ки фурӯши машрубот дар ҳудуди вилоят умуман манъ карда шавад. Гурӯҳи дигар тарафдори танзим шудани фурӯши машрубот ҳастанд ва хоҳони ҷиддан назорат шудани сифати машрубот дар фурӯшгоҳҳо мебошанд",- иброз дошт Додхудоева.

"Фурӯши машруботро маҳдуд мекунем"

Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон мегӯяд, бо назардошти ин талаби сокинон, онҳо тасмим гирифтанд фурӯши машруботро аз берун аз соати 8 то субҳ то 5 шом маҳдуд кунанд.

"Айни ҳол, дар ҳудуди шаҳри Хоруғ танҳо 9 фурӯшгоҳи машрубот амал мекунанд. Мо ба мақомот супориш додем, ки назоратро пурзӯр кунанд ва нагузоранд, ки машрубот дар наздикии муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ фурӯхта шавад",- иброз дошт раиси вилоят.

Қурбони Аламшоҳ, хабарнигори сокини Хоруғ.
Қурбони Аламшоҳ, хабарнигори сокини Хоруғ.

Раиси вилоят ҳамчунон гуфт, вақтҳои охир ҷавонон аз нӯшокиҳои спиртдоре мисли Ягуару Спрайт, (аз 7 то 9 градус) низ мӯътод шудаанд, ки ба саломатии онҳо зиён дорад. Шодихони Ҷамшед гуфт, дар ҳудуди вилоят фурӯши ин нӯшокиҳо низ танзим хоҳад шуд.

Яке аз дӯкондорҳои шаҳри Хоруғ, ки аз ҷумла ба фурӯши машрубот низ иҷозат дорад ва нахост номаш бурда шавад, гуфт вақтҳои охир талабот ба машрубот нисбатан зиёд гаштааст. "Мардон, чӣ калонсолу чӣ ҷавон бештар аз бекорӣ азоб мекашанд, проблемаҳои рӯзгор бисёр ва ягона роҳи халосиро дар нӯшидан мебинанд",- гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

"Калонсолон бештар менӯшанд"

Қурбони Аламшоҳ, хабарнигори сокини Хоруғ мегӯяд, мушкили майзадагӣ ва ё мӯътодӣ аз машрубот бештар миёни насли калон ба назар мерасад. "Асосан нафарони миёнсол, онҳое, ки дар даврони шӯравӣ ба воя расидаанд, аз истифодаи машрубот сӯистифоад мекунанд. Ҷавонон фикри дигар доранд ва аксаран аз майнӯшӣ парҳез мекунанд",- гуфт ӯ.

"Ташаббуси танзими фурӯши машрубот низ бештар аз миёни ҷавонон рӯ зад, ки ман ҳам тарафдори он ҳастам"-, хулоса кард суханони худро Қурбони Аламшоҳ

XS
SM
MD
LG