Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи Исмонбой Додситонии кулро ба додгоҳ кашонд. ВИДЕО


Исмонбой Бобоеви 30-сола, сокини Хуҷанд, баъди бозгашт аз Русия рӯзи 19-уми феврали соли 2010 боздошт гардид

Як созмони ҳомии ҳуқуқ Додситонии кулли Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид.

Бо гузашти ҳашт сол аз ҳодиса ҳанӯз сабаби аслии марги Исмонбой Бобоев мушаххас нашуда, омилони марги ӯ ҷазо нагирифтаанд.

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон даъво дорад, ки Додситонии кулл марги мармузи Исмонбой Бобоев, сокини Хуҷандро дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд баррасӣ накардааст.

Исмонбой Бобоев моҳи феврали соли 2010 аз тарафи маъмурони Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Суғд боздошт шуд ва пас аз чанде даргузашт. Хонаводааш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон бохтааст. Ҳомиёни ҳуқуқ маъмурони милисаро омили марги Исмонбой Бобоев медонанд.

Вале мақомоти умури дохилӣ сабаби марги Исмонбой Бобоевро, ки ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбекистон муттаҳам мешуд, “нафасгирӣ аз беморӣ” номидаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Додситонии кулли Тоҷикистонро ба додгоҳ кашиданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:40 0:00

Парвандаро ВКД тақҳиқ кунад, ё Додситонӣ?

Бо гузашти ҳашт сол аз ҳодиса ҳанӯз сабаби аслии марги Исмонбой Бобоев мушаххас нашуда, омилони марги ӯ ҷазо нагирифтаанд. Иллати ин вазъро Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба тафтиш нашудани парвандаи марги Бобоев аз тарафи Додситонии кулл донист.

Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев
Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев

Намояндагони марказ рӯзи 13-уми июн гуфтанд, “бино ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тафтиши парванда аз тарафи Додситонии кулл анҷом мешуд. Аммо Додситонии кулл таҳқиқи ҳодисаро бар уҳдаи Вазорати корҳои дохилӣ, ниҳоде, ки маъмуронаш дар марги Исмонбой Бобоев гумонбаранд, ирсол кардааст.”

Парвандаи марги Исмонбой Бобоев ҳафт дафъа шурӯъ ва қатъ шудааст. Дар оғоз барои муҷозот кардани омилони марги Бобоев падари ӯ талош дошт ва ҳоло ин масъулиятро Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон бар ӯҳда гирифтааст.

Талоши ин созмони ҳифзи ҳуқуқ барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги Исмонбой Бобоев дар ҳолест, ки Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал дар пайи шиканҷа ба ҳалокат расидани ин сокини Хуҷандро эътироф кардааст.

Ба мурофиа хабарнигоронро роҳ надоданд

Баҳси Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо Додситонии кулл рӯзи 13-уми июн дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуд. Аммо ба ин мурофиа, ки ду соат идома кард, хабарнигоронро роҳ надоданд. Намояндаи Додситонии кулл низ баъди берун омадан аз толори додгоҳ бо расонаҳо суҳбат накард.

Ин баҳсро додраси Додгоҳи ноҳияи Сино Мирзо Одиназода пеш мебарад ва Додситонии куллро муфаттиш Саидҷаъфар Ҳомидзода намояндагӣ мекунад.

Абдураҳмон Шарипов
Абдураҳмон Шарипов

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Исмонбой Бобоев ва намояндаи Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, гуфт, дар мурофиа ҷониби додситонӣ далелҳои худро пеш овард. “Намояндаи Додситонии кулл гуфт, мувофиқи банди 12-и моддаи 161 ва қисми 19-и моддаи 168-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ онҳо ваколат доранд, тобеияти тафтишотро худашон интихоб кунанд, ки кадом мақомот бояд онро анҷом бидиҳад. Ва барои ҳамин, тафтишро бар уҳдаи Вазорати корҳои дохилӣ гузоштаанд”, - афзуд ӯ.

Вале Шарипов мегӯяд, бар асоси қисми 3-и моддаи 161-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, азбаски гумонбарон кормандони шуъбаи корҳои дохилиянд, аз бояд тафтиши парвандаи мазкур аз сӯи Додситонии кулл сурат гирад.

Чанд вақт пеш Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ кард, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон беҷазо мемонанд.

"Набояд ҷинояте беҷазо монад"

Абдураҳмон Шарипов мегӯяд, агар аз як сабаб дубора аз сар баррасӣ шудани парвандаи ҳашт соли пеш тавсияи ин созмон аст, аз сӯи дигар набояд ҷинояте беҷазо монад. “Ҳар нафаре, ки ҷиноят содир кардааст, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Аз ҷумла, омилони фавти инсон ё нафари дастгиршуда дар дохили ниҳодҳои қудратӣ”, - афзуд ӯ.

Муборизаи ин созмони ҳифзи ҳуқуқи инсон барои ба ҷавобгарӣ кашондани омилони марги як сокини кишвар давоми ҳашт сол дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе ҳомиёни ҳуқуқ дар бисёр ҳолат гумонбарон агар намояндаи давлат ё ходимони ҳифзи қонун бошанд, ҷазо намебинанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, масъала дар интихобӣ будани муҷозот ва татбиқи меъёрҳои қонун аст. Дар ҳоле ки бояд кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳайси як ҳомии шаҳрвандон дар ҳолати содир кардани ҷиноят ҷазои сахттар бигиранд.

"Ин парвандаҳоро бояд ниҳоди махсус тафтиш кунад"

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, чунин вазъ дар Тоҷикистон баръакс аст ва дар аксари ҳолатҳо баҳсҳои додгоҳӣ бо айби кормандони ниҳодҳои интизомӣ пушти дарҳои баста баргузор шуда ё нисбат ба онҳо ҷазои сабук татбиқ мешавад.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ба қавли ин ҳуқуқшинос, "дар кишварҳои пешрафта тафтиши парвандаҳои ҷиноятиеро, ки дар курсии айбдоршаванда корманди ҳифзи ҳуқуқ менишинад, ниҳодҳои махсуси тафтишотӣ анҷом медиҳанд. Ин ниҳодҳо мустақил буда, тобеи вазорату идораҳои давлатӣ нестанд. Аммо дар Тоҷикистон, ки суистифода аз мансаб ва шиносбозӣ мушоҳида мешавад, дар ин ҳолат ҳатман кӯшиш мекунанд, ки ба шахси гумонбар кумак кунанд."

Бо ин ҳама, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, агар дар чунин ҳодиса як шаҳрванди оддӣ даст медошт, кайҳо нисбат ба ӯ парванда боз шуда, ҳатман боздошт мекарданд. Вале азбаски гумонбарон дар марги ин сокини шаҳри Хуҷанд кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфта мешаванд, мақомот истиҳола мекунанд ва ин аст, ки бо гузашти ҳашт сол касе дар марги ӯ ҷавобгар нашудааст.

СММ: Набояд афв шаванд

Чанд вақт пеш Кумитаи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ кард, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон беҷазо мемонанд. Ин созмон дар хулосаи худ мегӯяд, Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Ҳамчунин ин кумита мегуяд, набояд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҷиноят содир кардаанд, муҳлати ками зиндон дода шавад ва ё нисбат ба онҳо қонуни афв қарор бигиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG