Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола


Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосински (“Janusz Kusocinski Memorial”), ки дар шаҳри Чорзови Лаҳистон (Полша) баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа чор сол пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” маҳсуб мешавад, гурзро ба дурии 78 метру 18 сантиметр ҳаво дод. Ин аввалин медали гурзандози маъруфи тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалии гурзандозӣ Войсех Новитски аз Лаҳистон бо натиҷаи 80 метру 63 сантиметр ғолиб шуд. Ҳамватани ӯ, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Павел Фаҷдек бо натиҷаи 80 метру 04 сантиметр ҷойи дувумро гирифт.

Бояд тазаккур дод, силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” аз даҳ мусобиқа иборат аст. Аз чор мусобиқае, ки имсол дар Ямайка, Ҷопон, Финляндия ва Лаҳистон доир шуд, Дилшод Назаров дар сетоаш ширкат дошт.

Ӯ дар мусобиқаи Гран-прии варзиши сабук (Seiko Golden Grand Prix) дар риштаи гурзандозӣ, ки рӯзи 20-уми май дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шуд, бо натиҷаи 75 метру 01 сантиметр мақоми чорумро касб намуд. Назаров, ҳамчунин дар мусобиқаи “Paavo Nurmi Games” (Финландия) низ ширкат варзида, бо натиҷаи 76 метру 16 сантиметр ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Дар ҳамин ҳол Дилшод Назаров дар феҳрасти беҳтарин гурандозони ҷаҳон бо 229.35 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Павел Фаҷдек (237.41 имтиёз) дар ҷойи аввал, Войсех Новитски (236.70 имтиёз) дар ҷойи дувум мебошанд.

Зимнан, рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа чор сол пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров соли 2016 дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.

Дилшод Назаров соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гардид. Дарвоқеъ, ӯ бори чорум ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Мусобиқоти асосии имсола барои Дилшод Назаров Бозиҳои XVIII осиёист, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябр дар Индонезия баргузор мешавад ва ба барномаи он, инчунин, варзиши сабук, минҷумла гурзандозӣ дохил аст.

XS
SM
MD
LG