Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул 4 фирории замони ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро ба Душанбе супурд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи Вазорати дифоъ, ба ин кишвар фирор карда буданд, боздошт ва ба дасти мақомоти тоҷик супурда шудаанд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшони Афғонистон паноҳ бурда будаанд.

Маълум нест, ин афрод аз кадом роҳ ва ба чӣ мақсад ба Афғонистон фирор кардаанд.

Қодир Шоҳ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, рӯзи 27-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти кишвар чаҳор нафарро, ки дар инҷо панаҳ бурда буданд, ба мақомоти Тоҷикистон супурданд."

Маълум нест, ин нафарон дар Афғонистон ба кадом гуруҳ пайвастаанд, аммо онҳо аз минтақаи Баҳораки Бадахшони Афғонистон боздошт шудаанд.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Як нафар аз пайвандони афроди истирдодшуда дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тақрибан як моҳ қабл боздошт шуда ба Тоҷикистон истирдод шуданд ва ҳамашон зодаи мавзеи Язғуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будаанд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, афроди боздоштшуда Муҳаммад Наврӯзов, Парвиз Назрибеков, Маҳмуд Раҳматхудоев ва Абдуҷаббор Сайдалов ҳастанд. Ба иддаои ин нафар, Абдуҷаббор ва Павриз зодаи соли 1995 ва дигарон мардони аз 40-сола боло ҳастанд. Маълум нест, ин афрод аз кадом роҳ ва ба чӣ мақсад ба Афғонистон фирор кардаанд.

Пас аз кудетои нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи Вазорати дифои Тоҷикистон, як зумра сокинони кишвар ба Афғонистон фирор кардаанд.

Шермаҳмад Сафаров
Шермаҳмад Сафаров

Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2017 мақомоти Тоҷикистон аз марги Шермуҳамад Сафаров, бо тахаллуси “Шери Язғулом”, дар пайи як бомбандозӣ дар вилояти Нангарҳор хабар дода буданд.

Шермаҳмад Сафарови 48-сола, бародари Назармуҳаммад Сафаров, полковники Вазорати дифои Тоҷикистон аст, ки моҳи сентябри соли 2015 бо гумони даст доштан дар “ошӯб”-и гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт шуда буд. Ӯ то замони ин ҳодиса дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.

Шермаҳмад Сафаров дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 дар ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифин қарор дошт ва баъди созиши сулҳ дар Вазорати дифоъ ба ҳайси афсар кор кардааст. Ӯ рутбаи майор низ доштааст.

Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ӯ дар ин бомбандозӣ ҳамроҳ бо 11 пайравонаш ба ҳалокат расидааст.

Боздошт ва истирдоди шаҳрвандони ба Афғонистон фироркарда ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аввали моҳи майи имсол раиси Кумитаи давлати аминияти миллӣ ба Кобул рафта, бо ҳамтоёни хеш дар заминаи муборизаи муштарак бо терроризм гуфтугӯ карда буданд.

Саймумин Ятимов бо Ҳаниф Атмар
Саймумин Ятимов бо Ҳаниф Атмар

Рӯзи 9-уми майи имсол генерал-полковник Саймумин Ятимов – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо Ҳаниф Атмар, мушовири раиси ҷумҳури Афғонистон оид ба масъалаҳои амниятӣ ва дигар мақомҳои баландпояи низоми ин кишвар дидору гуфтугӯ карда буд.

Қабл аз он Раҷабалӣ Раҳмоналӣ – фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон – дар як нишаст дар Душанбе аз хатари афзояндаи ҷангҷӯёни мусаллаҳ дар наздикии марзҳои Тоҷикистон изҳори ташвиш карда буд. Ӯ гуфт, дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон дар ҳудуди Афғонистон наздики 7 ҳазор ҷангҷӯ ҷамъ шуда ва 29 пойгоҳ ва тамрингоҳҳои низомӣ таъсис додаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1344 километр марзи муштарак дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои ҷангиву мусаллаҳ ин марз осебпазир боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG