Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи Исмонбой Бобоев нокушода монд


Мақомот Исмонбой Бобоевро ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбекистон муттаҳам карда буданд
Мақомот Исмонбой Бобоевро ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбекистон муттаҳам карда буданд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикояти як созмони ҳомии ҳуқуқи инсонро нисбат ба Додситонии кулли Тоҷикистон ба фоидаи дувумӣ ҳал кардааст.

Мақомоти умури дохилӣ сабаби марги Исмонбой Бобоевро, “нафасгирӣ аз беморӣ” номидаанд

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон даъво дорад, ки Додситонии кул марги мармузи Исмонбой Бобоев, сокини шаҳри Исфараро дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии Суғд баррасӣ накардааст. Бобоев соли 2010 аз тарафи маъмурони пулиси Суғд боздошт шуда, пас аз чанде даргузашт.

Намояндагони марказ мегӯянд, бояд Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи марги Исмонбой Бобоевро тафтиш карда, мӯйро аз хамир ҷудо менамуд. Аммо, ба иддаои онҳо, "Додситонии кулл таҳқиқи ҳодисаро бар уҳдаи Вазорати корҳои дохилӣ гузоштааст, ки кормандонаш дар марги Исмонбой Бобоев гумонбаранд ва дар ин қазия манфиатдор аст".

"Аз ин рӯ, маркази мо аз додгоҳ хоста буд, ки баъзе мақомҳои Додситонии кулро барои вайрон кардани тобеияти тафтишот муҷозот кунад", - гуфӣ як масъули Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. Ӯ рӯзи 30-юми июн гуфт, вале додрас шикояти онҳоро бенатиҷа гузошт.

Додраси Додгоҳи ноҳияи Сино Мирзо Одиназода дар қарори худ, ки нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, гуфтааст, барои ҷазо додани мақомҳои Додситонии кулл ҳеҷ асос наёфт.

Исмонбой Бобоев моҳи феврали соли 2010 аз тарафи маъмурони Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Суғд боздошт шуд ва пас аз чанде даргузашт. Хонаводааш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон бохтааст. Ҳомиёни ҳуқуқ маъмурони милисаро омили марги Исмонбой Бобоев медонанд.

Вале мақомоти умури дохилӣ сабаби марги Исмонбой Бобоевро, ки ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбекистон муттаҳам мешуд, “нафасгирӣ аз беморӣ” номидаанд.

Додгоҳи ноҳияи Сино
Додгоҳи ноҳияи Сино

Парвандаи марги Исмонбой Бобоев ҳафт дафъа шурӯъ ва қатъ шудааст. Дар оғоз барои муҷозот кардани омилони марги Бобоев падари ӯ талош дошт ва ҳоло ин масъулиятро Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон бар ӯҳда гирифтааст.

Талоши ин созмони ҳифзи ҳуқуқ барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги Исмонбой Бобоев дар ҳолест, ки Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал дар пайи шиканҷа ба ҳалокат расидани ин сокини Хуҷандро эътироф кардааст.

Чанд вақт пеш Кумитаи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ кард, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон беҷазо мемонанд. Ин созмон дар хулосаи худ мегӯяд, Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Ҳамчунин ин кумита мегуяд, набояд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҷиноят содир кардаанд, муҳлати ками зиндон дода шавад ваё нисбат ба онҳо қонуни афв татбиқ шавад.

XS
SM
MD
LG