Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Сулаймони Ҷамшед дар Ҷоми Осиё дар Макао


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, ки рӯзи 21-уми июл дар Макао баргузор шуд, 2 медал ба даст оварданд.

Дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Макао 124 варзишгар (79 писару 45 духтар) аз 29 кишвар иштирок дошт. Тоҷикистонро дар дар мусобиқаи наврасон 4 варзишгар намояндагӣ кард: Сулаймони Ҷамшед дар вазни зери 60 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни зери 73 кг, Фаридун Холиқов дар вазни зери 81 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни зери 90 кг.

Сулаймони Ҷамшед, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, дар қувваозмоии ниҳоӣ Майанк Кадианро аз Ҳиндустон шикаст дод ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни худ барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Эмомризо Қурбонов бошад, ҷои панҷумро азони худ кард.

Дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар Макао 117 варзишгар (69 писару 48 духтар) аз 19 кишвар ширкат меварзад. Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷавонон низ аз 4 варзишгар иборат аст: Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Фаридун Холиқов (-81 кг) ва Муҳаммадуллоҳ Лоиқов (-90 кг).

Ёдовар мешавем, гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 13-15-уми июли имсол дар Ҳонконг доир шуда буд, 3 медал гирифтанд. Дар мусобиқаи ҷавонон Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни зери 81 кило бо медали тилло мукофотонида шуд. Муҳаммадуллоҳ Лоиқов дар вазни зери 90 кило соҳиби медали нуқра гардид. Дар мусобиқаи наврасон Эмомризо Қурбонов дар вазни зери 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

XS
SM
MD
LG