Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се голи футболбозони навраси тоҷик ба дарвозаи тими Афғонистон 


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Қурбонов дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ, ки 22-юми июл дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти шаҳри Тошканд баргузор шуд, ду голро ҳимоятгар Меҳрубони Абдурауф задааст. Як голи дигарро Салоҳиддин Эргашев аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Дар ду бозии дигари даври аввал дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон бар ҳамсолонашон аз Туркманистон бо ҳисоби 4:1 ва тими Эрон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуданд.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқот рӯзи сешанбе, 24-уми июл, барпо мегардад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Узбекистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд соати 18:00 шуруъ мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 15-сола, шаҳри Тошканд

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

1

1

0

0

4-1

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

3-0

3

3

Эрон

1

1

0

0

2-0

3

4

Қирғизистон

1

0

0

1

0-2

0

5

Туркманистон

1

0

0

1

1-4

0

6

Афғонистон

1

0

0

1

0-3

0

Бозиҳои даврҳои боқимонда:

Даври 2-юм

24 июл сешанбе)

18:00 – Узбекистоан – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

18:00 – Туркманистон – Эрон. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт

21:00 – Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи «Локомотив»

Даври 3-юм

26 июл (панҷшанбе)

18:00Тоҷикистон – Туркманистон. Варзишгоҳи миллӣ

18:00 – Узбекистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт

21:00 – Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи миллӣ

Даври 4-ум

28 июл (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллӣ

18:00 – Афғонистон – Туркманистон. Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

21:00 – Эрон – Узбекистон. Варзишгоҳи миллӣ

Даври 5-ум

30 июл (душанбе)

18:00 – Тоҷикистон – Эрон. Варзишгоҳи миллӣ

18:00 – Туркманистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт

21:00 – Узбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи миллӣ

XS
SM
MD
LG