Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатбек ва Муиб мухлисони қирғизро ноумед карданд


Бозӣ дар Тошканд баргузор шуд.
Бозӣ дар Тошканд баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии чорумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар тими Қирғизистон (U-15) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ, ки 28-уми июл дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Тошканд баргузор шуд, голҳоро дар нимаи аввали дидор Муиб Саидов (дақиқаи 23-юм) ва Давлатбек Акрамов (дақиқаи 31-ум) ба самар расонданд.

Бояд гуфт, ки дастаи Тоҷикистон бозиро бо нӯҳ нафар ба поён расонд. Дар нимаи дувуми дидор Ҳикматуллои Хайруллозода ва Азизбек Ҳаитов, ки кортҳои сурх гирифтанд, аз майдон хориҷ шуданд. Ҳамакнун ҳарду дар бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон бо тими наврасони Эрон, ки рӯзи душанбе, 30-юми июл, баргузор мешавад, иштирок намекунанд.

Дар ду бозии дигари даври чорум тими мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ва тими Афғонистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони 15-сола таркиб ёфтааст, бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Қурбонов дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард, вале дар бозии дувумаш аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Футболбозони навраси тоҷик дар ду бозии минбаъда бар дастаҳои Туркманистон ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чор даври мусобиқот дар ҷадвал тими мунтахаби наврасони Эрон бо 12 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон бо нӯҳимтиёзӣ мутаносибан ҷойи дувуму севумро касб намудаанд. Тими Афғонистон бо шаш имтиёз дар зинаи чорум ҷойгир шудааст. Вале тимҳои Қирғизистону Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаҳои охирин қарор доранд.

Бозиҳои даври ниҳоӣ - панҷуми мусобиқот - рӯзи душанбе, 30-юми июл, барпо мегарданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Эрон, Узбекистон бо Афғонистан ва Қирғизистон бо Туркманистон бозӣ мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 15-сола, шаҳри Тошканд

Даври 4-ум

Қирғизистон – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Муиб Саидов, 23 (0:1). Давлатбек Акрамов, 31 (0:2).

Тоҷикистон: Ҳакимҷон Ҳалимзода, Сухроб Сафаров, Меҳрубони Абдурауф, Фирдавси Олимзода, Саидисроил Саидов, Муиб Саидов, Азизбек Ҳаитов, Муҳаммад Аҳмадов (Алиҷон Саодатсайров, 68), Меҳроб Асоев, Салоҳиддин Эргашев (Ҳикматуллои Хайруллозода, 54), Давлатбек Акрамов (Некрӯз Тӯйчиев, 47).

Аз майдон хориҷ шуданд: Ҳикматуллои Хайруллозода (Тоҷикистон), 59 – корти дувуми зард, Азизбек Ҳаитов (Тоҷикистон), 67 – корти дувуми зад.

Бозигари беҳтарини дидор: Муиб Саидов (Тоҷикистон).

Сардовар: Аскар Наҷафалиев (Узбекистон).

28 июл. Тошканд. Варзишгоҳи миллӣ. 100 тамошобин.

Афғонистон – Туркманистон – 3:0

Голҳо: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 56 (1:0). Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 58 (2:0). Рамин Амирӣ, 63 (3:0).

Огоҳӣ: Муҳаммад Воҳид Ҳалим (Афғонистон), Вепа Мамаев, Юнус Мамедов, Абдураҳмон Аннамуродов (Туркманистон).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).

28 июл. Тошканд. Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор». 50 тамошобин.

Эрон – Узбекистон – 1:0

Гол: Ёдгор Рустамӣ, 33.

Огоҳӣ: Алиризо Саъдипур, Саҷод Ходимӣ Саидбандакӣ (Эрон), Муродбек Хуҷамбердиев, Сардор Ҳоҷибоев, Абдуқодир Хусанов (Узбекистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Ёдгор Рустамӣ (Эрон).

Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).

28 июл. Тошканд. Варзишгоҳи миллӣ. 473 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

4

4

0

0

9-0

12

2

Узбекистон

4

3

0

1

9-2

9

3

Тоҷикистон

4

3

0

1

7-3

9

4

Афғонистон

4

2

0

2

5-5

6

5

Қирғизистон

4

0

0

4

1-8

0

6

Туркманистон

4

0

0

4

1-14

0

Нишонзанҳо: Облоёрбек Раҳматов (Узбекистон) – 4 тӯб, Шаҳзод Акрамов (Узбекистон), Меҳрубони Абдурауф (Тоҷикистон), Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ (Афғонистон), Меҳрон Нафарӣ, Аршиа Каримӣ (ҳарду – Эрон) – 3-тӯбӣ.

Бозиҳои даври охирин:

Даври 5-ум

30 июл (душанбе)

18:00 – Тоҷикистон – Эрон. Варзишгоҳи миллӣ

18:00 – Туркманистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт

21:00 – Узбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи миллӣ

XS
SM
MD
LG