Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро "Пантера" аз Мурғоб рафт? ВИДЕО


Бабри барфӣ

Масъулони "Пантера" -- созмони байналмилалии ҳимоят аз бабрҳои барфӣ иддао доранд, ки мақомоти ҳифзи муҳити зист онҳоро аз ноҳияи Мурғоб берун карданд. Аммо маъмурони ҳифзи муҳити зист дар Мурғоб мегӯянд, фаъолияти "Пантера" то анҷоми сафари президент ба Мурғоб муваққатан боздошта шуд. Ин созмон се сол боз дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-и Тоҷикистон чанд лоиҳаи иҷтимоиро ба хотири ҳимоят аз насли бабрҳои барфӣ, иҷро мекунад.

"Гуфтанд, ки шумо мушкили бисёр доред"

Татяна Розен, роҳбари созмони байналмиллалии "Пантера" дар Осиёи Миёна рӯзи 6-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ташкилоти зери роҳбарии ӯ, барои ҳимояти насли бабрҳои барфӣ, бештар кардани тӯъмаи он, коҳиши бархӯрди онҳо ба сокинон ва молу чорвои бошандагони баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб, фаъолият доранд.

Созмони байналмилалии "Пантера" марказаш дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар 11 кишвари дунё барои ҳифзи насли бабри барфӣ барномаҳои зистмуҳитиро пеш мебарад.

Ба иддаои Татяна Розен, аввали ҳафтаи равон мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бидуни шарҳи возеҳ, фаъолияти ӯ ва ҳамкоронашро дар ноҳияи Мурғоб боздоштанд ва талаб карданд, ки онҳо ба Душанбе баргарданд.

Масъулони созмони "Пантера" аввали ин ҳафта ният доштаанд барои назорати бабрҳои барфӣ дар Тохтамиш ва Шаймаки ноҳияи Мурғочанд дурбини назоратӣ насб кунанд.

Вале Татяна Розен мегӯяд, аз раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ӯ дар тамос шуданд ва талаб карданд, ки ҳамаи корҳоро дар ҷамоати Аличур қатъ карда ба Душанбе баргарданд. "Гуфтанд, ки мо ҳозир як кормандамонро бо мошин мефиристем ва шумову ҳамкоронатонро аз Аличур гирифта меояд. Ман пурсидам чаро, чӣ гап шуд? Гуфтанд, ки шумо мушкили бисёр доред. Гуфтам чӣ мушкил, кори мо бо ҳама мақомот мувофиқа шудааст, барои ҳама чиз иҷозат дорем. Ӯ гуфт, мушкили шумо бо Зафар Бекмуродӣ аст", - мегӯяд Татяна Розен.

Розен афзуд, воқеан, Зафар Бекмуродӣ, роҳбари ширкати "Мурғоб" ва Алихон Латифӣ, раиси "Анҷумани шикорчиёни Тоҷикистон" бо созмони зери роҳбарии ӯ зиддият нишон дода, дар ҳаққи ӯ ҳар гуна овозаҳои бад паҳн мекунанд, ки гӯё ӯ бо шикори ғайриқонӣ (браконери) машғул аст.

Бабрҳои барфиро дар Тоҷикистон кӣ нобуд мекунад? (Аз бойгонӣ)

Бабрҳои барфии Тоҷикистонро кӣ нобуд мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:20 0:00

Зиддияти ин созмонҳо алайҳи "Пантера" ба гуфтаи Татяна Розен, замоне оғоз шуд, ки бо талоши ин созмон як ташкилоти ғайридавлатии сокинони водии Аличури Мурғоб бо номи "Ташкилоти ҷамъиятии "Бургут", соҳиби иҷозатнома барои шикори Архар шуданд. Ҳадаф ин аст, ки маблағи аз шикори Архар ба даст омада барои бештар кардани насли бабри барфӣ сарф шавад",- гуфт Розен.

Алихон Латифӣ: Касе ба "Пантера" монеа эҷод накардааст

Ба гуфтаи Розен, масъулони "Мурғоб" ва "Анҷумани шикорчиёни Тоҷикистон" аз пайдо шудани рақиб хеле асабонӣ шуданд, чунки дар ин минтақа онҳо бештар сайёҳони хориҷиро ба шикор даъват мекунанд.

Аммо Алихон Латифӣ роҳбари "Анҷумани шикорчиёни Тоҷикистон" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳама иддаоҳои хонум Розенро рад карда гуфт, на ӯ ва на Зафар Бекмуродӣ ба фаъолияти "Пантера" ҳеҷ монеа эҷод накардаанд.

Ӯ гуфт: "Ман ҳоло бо роҳбари раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Бадахшон дар тамос будам. Ӯ гуфт, на дар бораи ман, на Зафар Бекмуродӣ ҷиҳати қатъи кори "Пантера" дар Мурғоб ба Розен чизе нагуфтаааст. Лекин ман медонам, ки айни замон “Пантера" танҳо барои гузоштани дурбинҳои назоратӣ дар ноҳияи Сангвор бо маркази гуногунии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист шартнома дорад. Тавре медонед, ноҳияи Сангвор дар Бадахшон нест."

Назорати зиндагии бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз моҳвора

Назорати зиндагии бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз моҳвора
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:08 0:00

Латифӣ мегӯяд, созмони "Пантера" бо вуҷуди фаъолияти чандинсола дар Тоҷикистон ба ҳеҷ як идораи кишвар дар бораи кораш гузориш надодааст. Бар изофа Латифӣ иддаои Розенро рад карда, гуфт, созмони "Бургут" барои шикори гӯсфанди "Марко Поло" иҷоза надорад.

"Салоҳияте барои рондани "Пантера" надорам"

Зафар Бекмуродӣ низ дар як тамоси телефонӣ гуфт, ӯ кадом як салоҳияте барои аз Мурғоб рондани созмони "Пантера"-ро надорад. Бекмуродӣ гуфт, "ман чӣ хел метавонам, дар рондани як созмони аз Мурғоб даст дошта бошам. Ин салоҳияти мақомоти давлатӣ аст. Аз ин гапҳои Татяна Розен дар ҳаққи худам хеле ҳайронам. Чун дар оғози омаданаш ман ба ӯ кумак карда будам, бо шавҳараш дар хонаам ҷо додам. Лекин ман намегузорам, ки дар қаламрави шикоргоҳи мо ин созмон дурбинҳои назоратии (фотоловушка) худро гузорад. Чун ин ҳудуди мо аст".

Бекмуродӣ гуфт, саршумори гӯсфанди нодири Марко Поло дар қиёс бо соли 2010-ум аз 8 ҳазор ба 26 ҳазор сар расидааст. "Ҳифзи ин ҷонварҳои нодир бо кӯмаки худи мақомоти Тоҷикистон ва роҳбарияти олии кишвар ба даст омад. Ягон созмони хориҷӣ дар ин ҷо саҳм надорад"-, иброз дошт ӯ.

Қатъи фаъолият бинобар сафари президент?

Аз сӯи дигар, Амриддин Қубодбеков, роҳбари шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолияти "Пантера" дар ин ноҳия бинобар сафари қарибулвуқӯи президент муваққатан қатъ шудааст.

“Мо ба масъулони созмони “Пантера” пешакӣ нома навишта гуфта будем, ки то анҷоми сафари президент ба ин ноҳия, яъне 5-уми сентябр дар инҷо фаъолият набаранд. Онҳо посухи моро интизор нашуда аз Қирғизистон коргаронашонро даъват карда, дар Аличур корашонро идома доданд. Барои ҳамин, мо аз онҳо талаб кардем, ки корашонро қатъ карда, аз ноҳия бароянд то анҷоми сафари президент",- гуфт Қубодбеков.

Бабри барфӣ аз асорат дар Ванҷ раҳо шуд (Навор аз бойгонӣ)

Бабри барфӣ аз "асорат" дар Ванҷ раҳо шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:52 0:00

Созмони "Пантера" то кунун талош кардааст, ки чорвои аҳолии маҳаллиро бо ҳар роҳ, аз ҷумла маҳкам кардани атрофи оғилхонаҳо аз ҳамлаи бабри барфӣ эмин нигаҳ дорад. То бабрҳои барфӣ ба чорвои сокинон ҳамла накунанд ва миёни сокинон ва бабрҳои барфӣ таниш кам шавад."

Абдулбасӣ Жолукеев, раиси ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб мегӯяд, "Пантера" тавассути коршарики маҳаллиаш "Бургут" ба сокинони маҳаллӣ кумак мекунанд. "Онҳо барои сокинони маҳаллӣ ангишт харида доданд. Бар замми ин ба як боғчаи бачагона ашёву ҷиҳоз хариданд".

Мақомот мегӯянд, ки иддаои "Пантера" асос надорад

Барои рӯшан кардани сабаби рафтани "Пантера" аз Мурғоб мо бо Мулкамон Назаралиев, роҳбари раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Бадахшон муроҷиат кардем. Назаралиев дар як тамоси кӯтоҳ бо зикри ин, ки "гуфтаҳои Татяна Розен асос надоранд", гӯширо гузошт ва ба зангҳои баъдӣ посух надод.

Созмони байналмиллалии "Пантера" марказаш дар шаҳри Ню-Йорки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар 11 кишвари дунё барои ҳифзи насли бабри барфӣ барномаҳои зистмуҳитиро пеш мебарад. Дар Тоҷикистон ин созмон бо гранти ихтисосдодаи Созмони рушди байналмилаии Британия DFID, Барномаи рушди СММ ва маблағҳои Фонди National Geografic, фаъолият мекардааст.

Ҳоло масъулони ин созмон, ки дар Душанбе қарор доранд, аз қатъ шудани фавъолияташон ба сафорати ИМА ва Британия дар Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG