Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Доллар боло рафт, нархи либосҳои мактабӣ ҳам қимат шуд" ВИДЕО


Моҳи август барои Мавзуна, сокини шаҳри Душанбе ва модари се фарзанд, серхарҷу сертараддуд аст. Ӯ ду фарзандашро ба мактаб омода мекунад. Писару духтари Мавзуна бояд бо либоси муқарраркардаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба дарс ҳозир шаванд.

Оилае ҳаст, ки ҳар субҳ чою нон хӯрда ба кор меравад, хонаводае ҳаст, ки ҳар субҳ ҳасибу панир мехӯрад.

Ин сокини Душанбе барои либоси ду фарзандаш то ҳол 1500 сомонӣ харҷ кардааст. Аммо бо ин кораш тамом нест ва маоши навбатиро интизор аст. Тибқи ҳисоби худаш барои пурра омода кардани фарзандон ба мактаб ба 1000 сомонии дигар ниёз дорад.

  • "Нархҳо нисбатан гаронтар аст. Сабабашро мепурсем, мегӯянд, доллар боло рафтааст. Соли гузашта дар 60 сомонӣ метавонистем як куртаи хуб гирем. Имсол дар бозори «Корвон» куртаҳо, масалан, барои духтарон 120 сомонӣ арзиш дорад. Барои писарам имсол тақрибан 700 сомонӣ сарф шуд. Ба 260 сомонӣ костюм харидем. Барои духтарон харҷ боз бештар аст. Ба духтарам ҳудуди 1000 сомонӣ сарф кардам, аммо ҳанӯз дафтару қаламу сумка ва пояфзолашро гирифта натавонистем", - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сокинон мегӯянд, имсол нархи либоси мактабӣ қимат шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Мавзуна дар як ширкати хусусӣ кор мекунад ва даромади моҳонаи хонаводааш тақрибан 4 ҳазор сомонӣ аст. Ӯ гуфт, агар аз ду моҳи пеш нақша намекашид ва ба фикри омода кардани кӯдакон ба мактаб намешуд, эҳтимол ҳоло ин кор барояш хеле мушкил буд.

«Ду моҳи тобистон парастори кӯдаконро ҷавоб додам. Онҳо дар хонаи падару модарам буданд. Пули парасторро, ки беш аз 1000 сомонӣ аст, барои харидани сару либоси мактабӣ ҷамъ кардам», - гуфт Мавзуна.

Маоши нисбатан хуб ва нақшабандӣ ба ин сокини шаҳри Душанбе имкон дод, бидуни гирифтани қарз фарзандонро ба мактаб омода кунад. Имконе, ки на ба ҳама волидон дар Тоҷикистон даст медиҳад.

Дар баъзе аз хонаводаҳо кӯдакон дар давоми таътил ҷое кор кардаву барои либоси худ маблағ ҷамъ меоранд. Ҳамчунин зиёданд волидоне, ки барои бо сару лоибоси нав ба мактаб гусел кардани фарзандони худ маҷбур мешаванд қарз бигиранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин бонкҳо ҳам қарзҳои махсус барои харидории сару либоси мактабиро пешниҳод мекунанд.

Аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҳадди ақал аз 2 то 4 хонанда доранд ва сару либоси мактабиро ҳам вобаста ба ҷайбашон мехаранд. Агар барои як кӯдак аз оилаи камбизоат то 600 сомонӣ харҷ шавад, оилаҳои доро барои омода кардани як фарзанди худ ба мактаб то 2 ҳазор сомонӣ ва бештар аз он сарф мекунанд. Аммо вобаста ба имконият аксари волидон талош мекунанд, кӯдакон бо либос ва кафшу ҷузвдони наву зебо таҳсилро шурӯъ кунанд.

Алиҷон, ҳам ки дар яке аз бозорҳои шаҳр, барои писараш шиму костюм мехарид, гуфт: «Мо барои кӯдакон ҷон меканем. Оилае ҳаст, ки ҳар субҳ чою нон хӯрда ба кор меравад, оилае ҳаст, ки ҳар субҳ ҳасибу панир мехӯрад. Вобаста аз шароит аст. Вобаста ба ин ҳам мо кӯдаконро ба мактаб омода мекунем.»

Мақомот имсол барои кумак ба волидон дар харидории сару либос ва лавозимоти мактабӣ иқдомҳоеро рӯйи даст гирифт. Шурӯъ аз моҳи июли имсол дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи либосҳои мактабӣ таъсис ёфт. Ташкилкунандагони ярмаркаҳо мегӯянд, нархи либос дар инҷо ба фарқ аз бозор то 15 дарсад арзон аст. Акмал Шарипов, ки дар яке аз ярмаркаҳои фурӯши либоси мактабии шаҳр, куртаву костюми писарона мефурӯшад, гуфт, «ин мавсим кӯшиш мекунем, бо нархи арзонтар либоси мактабиро ба фурӯш гузорем. Барои бачаҳо костюми босифат дорем, ки 250 сомонӣ аст. Боз ҳаст бо сифати пасттар, ки нархаш аз 150 то 230 сомонист.»

Зоҳиран ин ярмаркаҳо ҳоло зиёд серодам нестанд ва бозорҳои калоне мисли «Корвон» макони аслии интихоби либос бо нарху сифати мухталиф боқӣ мемонад.

Агарчӣ ҳанӯз зиёданд мактабҳое, ки хонандаҳоро ба харидории либосҳои махсус аз ширкатҳои ватанӣ маҷбур мекунанд, волидон аксарият аз сифати либосҳои тавсиявии мактаб розӣ нестанд.

Дар беш аз 3800 мактаби Тоҷикистон зиёда аз як миллион хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли ахир кӯшиш доранд, либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ бештар вориди бозор шавад. Бархе аз мактабҳо дар мувофиқа бо ширкатҳои дӯзандагӣ барои хонандаҳо либосҳои ягонаи мактабӣ пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG