Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷуним сол ҳукми Умар Муродов – барои "таҳқири президент"


Умар Муродов, сокини ноҳияи Муъминобод
Умар Муродов, сокини ноҳияи Муъминобод

Додгоҳи вилояти Хатлон Умар Муродов - сокини 30-солаи ноҳияи Мӯъминободро бо ҷурми "таҳқири оммавии президент ва таблиғи сарнагунии ҳукумат тариқи интернет" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард.

Далел: "Класс" дар "Одноклассники"

Ин ҷавон рӯзи 12-уми июни имсол ҳангоми бозгашт аз Русия дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб боздошт шуд. Дар додгоҳи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Умар Муродов рӯзи 1-уми август содир шуда, акнун "қувваи қонунӣ гирифтааст".

Мақомот гуфта буданд, ки агар баргардад, афв мешавад. Говро фурӯхта, билет гирифтем. Омад. Ҳабс намуданд.

Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Умар Муродов ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоеро нашру таблиғ кардааст, ки "дар онҳо таҳқири президент ва бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистон ҷой доштаанд".

Ба қавли манбаъ, Умар Муродов, инчунин, дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "Однокласники" назарҳои таҳқиромез нисбат ба президенти Тоҷикистонро нашр кардааст.

  • Айбе, ки нисбат ба ҷавон бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон эълон шуда буд, то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекард, вале ба гуфтаи масъулини додгоҳ, бинобар бори аввал ҷиноят содир кардан, пушаймонӣ ва ихтиёрӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргаштан, нисбаташ ҷазои сабуктар дода шуд.

Зимнан, дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 16-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд, Умар Муродов бознашр ва тугмаи "класс" гузоштан ба аксар наворҳоро тасдиқ карда, аммо гуфтааст, "мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ ва таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва ё тӯҳмат кардан ба ӯро надошт".

"Мақомот ба ваъда вафо накарданд"

Умар Муродов ҳини бозгашт аз Русия дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт шуд.
Умар Муродов ҳини бозгашт аз Русия дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт шуд.

Давлат Муродов, падари Умар рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест, вале нияти шикоят карданро надорад. Ӯ гуфт, мақомот ба писараш ваъда карда буданд, ки баргардад ва ӯро афв мекунанд, вале ба ваъдаашон вафо накарданд.

Умар Муродов ду соли охир дар шаҳри Маскави Русия дар сохтмон кор мекард. Соли гузашта мақомот ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд. Ба гуфтаи падараш, моҳи марти имсол мақомоти Русия ӯро боздошт карданд, вале ба Тоҷикистон истирдод накарданд.

"Мақомот гуфта буданд, ки агар баргардад, афв мешавад. Говро фурӯхта, билет гирифтем. Омад. Ҳабс намуданд. Ҳоло ба худи Пешвои миллат мактуб навиштем, ки писарамонро афв кунад",-гуфт ӯ.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки аз Умар Муродов танҳо хоста шуда буд, ки ба ватан биёяд ва бегуноҳии худро исбот кунад. Ба гуфтаи мақомот, Умар Муродов дар миёни 544 дӯстонаш дар саҳифаи "Одноклассники" видеоҳоеро, ки дар он бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани ҳукумат таблиғ мешавад, нашр карда, дар шарҳи онҳо президенти Тоҷикистонро таҳқир кардааст.

Ҷазо барои таҳқири президент дар Тоҷикистон

Тоҷикистон тайи ду соли охир ҷазоро барои як зумра ҷиноятҳо сангинтар кард. Аз ҷумла, дар соли 2016 ҷазо барои таҳқири оммавии президент ва ё "Пешвои миллат" сахттар карда шуд ва дар сурати ошкор шудани ин кирдор дар интернет муттаҳам метавонад, то 5 сол зиндонӣ шавад.

Ҳолатҳои ками таҳқири президент дар Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Бештар парвандаи онҳое бо ин айб расонаӣ шудааст, ки дар Тоҷикистон бо фаъоляитҳои сиёсӣ чеҳраи шинохта буданд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Моҳи марти соли 2017 нисбат ба Бузургмеҳр Ёров, адвокати шинохта, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо иттиҳоми "таҳқири президент" парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Бо ин айб ба ҳукми ӯ се соли дигар изофа шуд ва дар маҷмӯъ Ёров ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Соли 2005 Рустам Файзиев, муовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи "Тараққиёт" бо айни иттиҳом панҷ сол зиндон шуд. Ӯ соли 2009 дар зиндон даргузашт.

Аммо Умар Муродов, муҳоҷири тоҷик аз камтарин ҷавони одии аст, ки барои "таҳқири президент ва таблиғи даъват ба сарнагунии ҳукумат", зиндон мешавад.

XS
SM
MD
LG