Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Минск бе медал


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷудои Аврупо (European Judo Open Minsk 2018), ки рӯзҳои 18-19-уми август дар шаҳри Мински Беларус баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Хайёмиддин Ҷабборов дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Русия ва Арманистон, дар даври севум аз паҳлавони дигари русиягӣ Лаша Ломидзе шикаст хӯрд.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа 390 варзишгар (272 мард ва 118 зан) аз 40 кишвар иштирок дошт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шаш гуштигир – Хайёмиддин Ҷабборов (дар вазни – 73 кг), Садр Боев, Хушвахт Идиев, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарсе дар вазни -81 кг), Муҳаммадуллоҳ Лоиқов ва Ёқубҷон Назиров (ҳарду дар вазни -90 кг) - дар сабқати мардон намояндагӣ карданд.

Хайёмиддин Ҷабборов дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило, ки ҳамагӣ 47 гуштигир ширкат дошт, баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Русия ва Арманистон, дар даври севум аз паҳлавони дигари русиягӣ Лаша Ломидзе шикаст хӯрд.

Садр Боев, Хушвахт Идиев ва Ҷаҳонгир Маҷидов бошанд, дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило, ки бо иштироки 56 гуштигир сурат гирифт, дар даври аввал мутаносибан аз Артём Харченко (Украина), Алӣ Бочкаев (Русия) ва Богдан Луско (Украина) мағлуб шуданд.

Ёқубҷон Назиров ва Муҳаммадуллоҳ Лоиқов дар вазни зери 90 кило, ки ҳамагӣ 42 гуштигир рақобат кард, дар даври аввал мутаносибан аз Ник Келлиҷ (Ҳолланд) ва Саид Эмӣ Жамбеков (Русия) шикаст хӯрданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи бози ҷудои Аврупо (European Judo Open Minsk 2018), 18-19-уми август:

Мардон

-60 кг
1. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарифуддин (Узбекистон)
2. МХЕИДЗЕ Лука (Фаронса)
3. ГАДЖИЕВ Сахават (Русия)
3. ВЕРСТРАЕТЕН Ҷорр (Белгия)

-66 кг
1. ГРИГОРЯН Арам (Русия)
2. КУАНОВ Йессет (Қазоқистон)
3. МАРАНДЯН Каро (Украина)
3. ШЕИБЕЛ Мануэл (Олмон)

-73 кг
1. ТУРАЕВ Ҳикматиллоҳ (Узбекистон)
2. МИХАЛИН Владислав (Русия)
3. ЭДИЕВ Лечи (Русия)
3. ЛОМИДЗЕ Лаза (Русия)

-81 кг
1. РЕХВИАШВИЛИ Зебека (Гурҷистон)
2. БРИАНД Этинн (Канада)
3. ГАБАИДЗЕ Давид (Русия)
3. ЗАКАРЯН Гагик (Русия)

-90 кг
1. КЛЯВУСАВ Виктар (Беларус)
2. КРУК Олександр (Украина)
3. КАЛҶУЛАИД Клен Кристофер (Эстония)
3. ЖАМБЕКОВ Саид Эмӣ (Русия)

-100 кг
1. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
2. ИШИМОВ Олег (Русия)
3. ХУТСОЛ Данила (Украина)
3. СВИРИД Микита (Беларус)

+100 кг
1. САПРИТСКИ Владислав (Беларус)
2. ИВАНОВ Филипп (Русия)
3. БОНДАРЕНКО Станислав (Украина)
3. СПАЙКЕРС Юр (Ҳолланд)

Ба ин тартиб, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Беларус бо касби панҷ медал (се тилло ва ду биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Русия бо касби сездаҳ медал (ду тилло, чор нуқра ва ҳафт биринҷӣ) дар мақоми дувум ва мунтахаби Ҳолланд бо касби ду медали тилло ва чор нишони биринҷӣ дар мақоми севум қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG