Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: Рӯзи бозиҳои аввали чорякниҳоӣ маълум шуд


Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми кишварро эълон кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 23-юми август ду бозӣ миёни дастаҳои «Хатлон» (Бохтар) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) баргузор мешавад.

Дар як бозии дигари даври чорякниҳоӣ, ки рӯзи душанбеи 27-уми август доир мегардад, дастаи лигаи дувум - «Файзканд» (Восеъ) – дар майдони худ бо намояндаи лигаи аввал - «Душанбе-83» (Душанбе) – рақобат мекунад.

Боз як бозии чорякфиналӣ рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Локомотив-Помир» (Душанбе) барпо меградад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки барои тамошобинон 25 ҳазор ҷойгоҳ дорад, доир хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 даст меёбад.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон-2018

1/4 финал. Бозиҳои аввал

23 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

«Барқчӣ» – «Хуҷанд»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

27 август (душанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

«Файзканд» – «Душанбе-83»

Восеъ, Варзишгоҳи марказӣ

2 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG