Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи парвандаи сӯхтори автобус бо 52 муҳоҷири узбек шуруъ шуд


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 3 сентябр ба баррасии парвандаи ҷиноии сухтори автобусе шуруъ кард, ки боиси марги 52 муҳоҷири Узбекистоншуд. Ин ҳодиса моҳи январи соли ҷорӣ рух дода буд.

Бахши Қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар муҳоқимаи додгоҳӣ 11 сокини Узбекистон - наздикони муҳоҷироне, ки дар роҳ ба сӯи Русия дар сӯхтори автобус ҳалок шуданд, ширкат доранд.

Қозии парванда Серик Маҳамбетов гуфт, муҳокима бо забони қазоқӣ сурат мегирад, зеро тафтишот бо ин забон анҷом шудааст. Наздикони кушташудаҳо тарҷумон талаб карданд.

Дар ин муҳокима наздикони айбдоршавандаҳо низ ширкат доранд. Онҳо аз он изҳори норизоӣ карданд, ки дар додгоҳ ду тани зиндамонда дар оташсӯзии мазкур ширкат надоранд.

Дар доираи ин парванда 5 нафар, се ронандаи автобус ва ду намояндаи ширкати "Азия транзит сервис" - муассис ва механик ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Ронандаҳои автобус аз 26 январи соли равон дар ҳабсанд. Соҳиби автобус ҷустуҷӯ мешавад.

18 январи соли равон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди ноҳияи Иргизи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон автобуси ҳомили муҳоҷирони ӯзбек оташ гирифт. Дар ин автобус бо шумули ронандагон 57 одам ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо ҳалок шуданд. Ҳамаи онҳо сокинони вилояти Намангони Узбекистон буданд.

Се шаҳрванди Қазоқистон ва ду шаҳрванди Узбекистон наҷот ёфтанд. Калонсолтарини кушташудаҳо 41 ва ҷавонтаринашон 19 сол дошт.

XS
SM
MD
LG