Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баҳриддин мехост, ШКД-и Фархорро тарконад"


Идораи умури дохилии ноҳияи Фархор
Идораи умури дохилии ноҳияи Фархор

Мақомоти Тоҷикистон ҷавонеро дастгир кардаанд, ки ба кӯшиши таркондани бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон муттаҳам аст.

Ҳамчунин дақиқ карда хоҳад шуд, ки дар ин қазия Қорӣ Носир даст дорад, ё не

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии ноҳияи Фархор рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Баҳриддин Шарофиддинови 38-сола қасд дошт, бо маводи таркандаи худсохт шаби 9-уми сентябр, ҳангоми таҷлил аз ҷашни истиқлол, биноро мунфаҷир кунад.

"Ин сокини деҳаи Гулшан як сол пеш аз зиндоне дар Русия озод шудааст. Дар он кишвар бо ҷурми одамкушӣ 14 сол маҳбус буд. Шарофиддинов баъди раҳоӣ аз зиндон тавассути радиои "Зелло" ба гуруҳҳои террористӣ ҳамроҳ шуда, бо ҳадафи иҷрои ин кор ба кишвар омадааст. Ин маводро худи ӯ сохтааст", - афзуд манбаъ.

То ҳол ҷузъиёти бозпурсӣ ва, ҳамин тавр, назари вакили мудофеъ ва наздикони Баҳриддин Шарофиддинов дастрас нест.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "зархаридӣ" – парванда боз шуда, таҳқиқ идома дорад. Ӯ гуфт, аз ҷумла дақиқ карда хоҳад шуд, ки Баҳриддин Шарофиддинов шомили кадом гуруҳи террористӣ аст ва амри таркондани бинои ШКД-ро аз куҷо гирифтааст.

"Илова бар ин, санҷида хоҳад шуд, ки дар ин қазия Қорӣ Носир ҳам даст дорад ё не", - афзуд мусоҳиби мо.

Мақомоти Тоҷикистон Носирхӯҷа Убайдов (Қорӣ Носир), сокини 45-солаи ноҳияи Фархорро тарроҳи аслии ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июли имсол дар ҳудуди ноҳияи Данғара донистаанд. Дар пайи ин ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ кушта, се тани дигар захмӣ шуд.

Дар ҳоли ҳозир парвандаи Носирхӯҷа Убайдов барои ҷустуҷӯ ба пулиси байналмилалӣ ё Интерпол супурда шудааст. Ӯ ба “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва “терроризм” муттаҳам аст.

Қорӣ Носир
Қорӣ Носир

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон аз чанд кӯшиши ҳамла ё қасди таркондани бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар минтақаҳои кишвар хабар дода буданд. Моҳи майи соли гузашта мақомоти интизомӣ Толибҷон Юнусови 20-сола ва Усмон Бухориеви 18-соларо бо иттиҳоми талоши таркондани бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздошт карданд. Ҳангоми боздошт аз онҳо зарфҳои шишагии пур аз сӯзишворӣ пайдо гардид.

Соли 2015 низ аз талоши тарафдорони гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" барои таркондани 12 идораи пулис дар Душанбе, Файзобод, Рашт ва Кӯлоб пешгирӣ шудааст.

Аз он пеш, дар соли 2013, мақомоти амниятӣ аз боздошти гуруҳи Маханов хабар дода буданд, ки нақш доштааст, ҳангоми баргузории интихоботи президентӣ чанд сохтмон, аз ҷумла бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро бикафонад.

XS
SM
MD
LG