Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бозиро ба Малайзия бохт


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола аз тими Малайзия бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрд.

Барои роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» (Кореяи Шимолӣ, Умон, Яман ва Урдун) бозӣ хоҳад кард.

Ин бозии гурӯҳи “А” имрӯз, 20-уми сентябр, дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур – баргузор шуд. Чор голро бозигари мизбонон Ҳаким Луқмон дар дақиқаҳои 30, 42, 46 ва 67-ум ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Ду голи дигари мунтахаби Малайзияро Муҳаммад Наҷмиддин (дақиқаи 33-юм) ва Алиф Муталиб (дақиқаи 76-ум) аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонданд. Як голи мунтахаби Тоҷикистонро Шарифбек Раҳматов дар дақиқаи 72-юм аз пеналтӣ ва як голи дигарро Ислом Зоиров (дақиқаи 90+1) заданд.

Зимнан, Ислом Зоиров дар дақиқаи 90+1 имкони садфоизаи голзаниро аз даст дод. Дарвозабони мунтахаби Малайзия тӯби аз пеналтӣ задаи ӯро баргардонд.

Марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола, ки 20-уми сентябр дар Малайзия оғоз ёфт, то рӯзи 7-уми октябр идома меёбад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар ду бозии дигари худ дар гурӯҳи «А» 23-юми сентябр бо тими Ҷопон ва 26-уми сентябр бо тими Тайланд рақобат менамояд.

Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» (Кореяи Шимолӣ, Умон, Яман ва Урдун) бозӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини қаҳрамонии наврасони Осиё-2018 соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) мешавад, ки дар Перу барпо мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар қаҳрамонии Осиё-2018:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»), Фирӯз Назаров (Академияи футболи ФФТ «Орзу-2026»);

Ҳимоятгарон: Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Меҳробҷон Азимов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Ҳамзаҷон Аҳтамов, Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Умедҷон Холиқов, Парвиз Ҳоҷиев, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳама – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

XS
SM
MD
LG