Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусейн Абдусамадов дар ростои аз 23 соли зиндон то ҳабси абад


Ҳусейн Абудсамадов
Ҳусейн Абудсамадов

Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи Ҳусейн Абдусамадов, нафари муттаҳам дар ташкили ҳамла ба сайёҳони хориҷиро анҷом додааст.

Албатта, пушаймон мешавад. Вақте дар берун буд, фикри маро накард

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Абдусамадов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “терроризм” (179) ва “одамкушӣ” (104, қисми 2) таҳқиқ кардаанд. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин аъмол аз 23 соли зиндон то ҳабси якумриро пешбинӣ мекунад.

“Парванда ба зудӣ барои муҳокима ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

17 нафар боздошт шудааст

Манбаъ дар идома гуфт, Додситонии кулл, инчунин, парвандаи нӯҳ нафари дигарро таҳқиқ кардааст, ки дар ҳамла ба сайёҳон ба навъе иштирок доштаанд ё аз тарҳи он хабардор буданд. Аммо манбаъ дар бораи ин афрод ва парвандаашон тафсилот надод.

Гулчеҳра Шодмонова рӯзи 7-уми сентябр дар назди дафтари САҲА дар Душанбе омада, таҳдиди худсӯзӣ кард
Гулчеҳра Шодмонова рӯзи 7-уми сентябр дар назди дафтари САҲА дар Душанбе омада, таҳдиди худсӯзӣ кард

Ҳафтаи гузашта Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти прокурорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе гуфта буд, дар робита ба ҳамлаи маргбори 29-уми июл 17 нафар дастгир шудааст.

Аз миёни панҷ нафари ҳамлавар ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда боздошт шудааст. Боқимондаҳо дар ҷараёни амалиёти боздошт “безарар карда шудаанд”.

"Супориши Қорӣ Носир буд"

Ҳусейн Абдусамадов, сокини шаҳри Душанбе, дар аввали моҳи сентябр нахустин бор дар як барномаи телевизиони давлатӣ зоҳир шуд. Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон таҳия шудааст, Абдусамадов гуфт, масъулияти раҳбарии гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт. Абдусамадов дар ин барнома гуфт, ҳамларо бо супориши шахсе бо номи Қорӣ Носир анҷом додааст.

Абдусамадови 33-сола тақрибан се моҳ пеш аз Русия ба Тоҷикистон омада, дар Душанбе пинҳон буд.

Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусамадов рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ду мулоқот бо писараш маълум шуд, ки ӯ аз кардааш пушаймон шудааст. Шодмонова гуфт, ҳеҷ гоҳ аз писараш тарафдорӣ намекунад ва “бигзор тибқи қонунҳои Тоҷикистон барои амали анҷомдодааш ҷавоб гӯяд”.

"Фикри маро накард"

“Албатта, пушаймон мешавад. Вақте дар берун буд, фикри маро накард. Мегӯянд чоҳкан зери чоҳ аст ва ин ҳамин ҳолат аст”, - афзуд ӯ.

Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара рӯзи 29-уми июли имсол рух дод. Дар ин ҳодиса чаҳор шаҳрванди Амрикову Ҳолланд ва Швейтсария кушта шуда, се нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд.

Тоҷикистон масъулияти ҳамларо ба дӯши ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ гузошт. Аммо дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки гумонбарони анҷоми ҳамла дар баландиҳои Норак ба унвони раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" савганд ёд карданд. Дертар гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” низ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

XS
SM
MD
LG