Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян интихоботи пеш аз муҳлат баргузор мекунад


Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон гуфт, аз раҳбарони ҷиноҳҳои порлумони кишвараш "кафолат" гирифтааст, ки ба баргузории интихоботи пеш аз муҳлати моҳи декабр монеъ нахоҳанд шуд.

  • Пашинян дар ин бора нимишаби 3-юми октябр, пас аз мулоқот бо қонунгузорон, дар назди ҳазорҳо нафар аз тарафдоронаш дар беруни бинои порлумон изҳори назар кард. Вай хостори интихоботи нав шуд.
Тазоҳуроти тарафдорони Никол Пашинян дар назди бинои порлумони Арманистон
Тазоҳуроти тарафдорони Никол Пашинян дар назди бинои порлумони Арманистон

Бино ба қонуни асосии Арманистон, порлумони ин кишвар, ки Пашинян ҳамагӣ чанд курсии онро зери назорат дорад, дар сурати истеъфои нахуствазир ва интихоб нашудани ҷойгузинаш дар тӯли ду ҳафтаи оянда пароканда хоҳад шуд. Пашинян гуфт, раҳбарони се ҳизби порлумонӣ, аз ҷумла ҳизби Ҷумҳурихоҳи Серж Саркисян, ба ӯ итминон додаанд, ки номзадҳои худро ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод нахоҳанд кард, агар ӯ бар асоси қавли додааш ба истеъфо рафта ва интихоботи нав баргузор кунад.

"Ба назарам, ҳамкорон паёми моро фаҳмиданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ин вазъият ҳеҷ кас номзад ба мақоми нахуствазирӣ нахоҳад шуд", - гуфт ӯ пас аз ҷаласаи дусоатӣ ба тарафдоронаш дар Ереван.

Нахуствазири Арманистон мегӯяд, ки се ҳизб айни замон аз имзои изҳороти муштарак дар ин замина худдорӣ кардаанд. Вай ҳушдор дод, ки агар онҳо аз гапи худ пас гарданд, "алайҳи мардум ҷанг эълон намудаанд".

То ба ҳол ҳеч яке аз ҳизби мухолифин мулоқот бо Пашинянро шарҳ надодааст.

Никол Пашинян гуфт, ки дар ҳар сурат ӯ бино ба ваъдаи додааш, истеъфои худро "рӯзҳои наздик" эълон хоҳад кард, то роҳ барои баргузории интихоботи моҳи декабр ҳамвор шавад. Ӯ гуфт, мумкин аст, ҳатто қабл аз нишасти Франкофония дар Арманистон, ки рӯзҳои 11-12-уми октябр баргузор хоҳад шуд, аз мақомаш биравад.

Қарор аст, Пашинян рӯзи 4-уми октябр ба маросими видоъ ва дафни овозхони фаронсавиву арманӣ – Шарл Азнавур –ба Фаронса равад. Шарл Азнавур рӯзи 1-уми октябр даргузашт.

Нахуствазири Арманистон ба тарҳи баҳсбарангезе, ки шоми 2-юми октябр сабаби баргузории тазоҳурот дар атрофи бинои порлумон шуд, ҳеч ишора накард. Ин пешнависи қонун рӯзи 2-юми октябр тасвиб шуд ва метавонад кори Пашиняро барои ташкили интихоботи пеш аз муҳлат мушкил кунад.

Никол Пашинян пеш аз мулоқот бо қонунгузорони кишвараш аз президент Армен Саркисян хоста буд, ин тарҳи, ба қавли ӯ, "шармандавор"-ро имзо накунад ва онро барои баррасӣ ба Додгоҳи қонуни асосӣ фиристад. Вай ҳамчунин шаш вазири ҳукуматро, ки ҳизбашон аз тарҳи баҳсбарангез ҳимоят кардаанд, барканор намуд.

Эътирозҳои густурдаи мухолифон алайҳи Серж Саркисян, нахуствазир ва раиси ҷумҳури собиқи Арманистон дар баҳори имсол Никол Пашинянро ба майдон овард ва то мақоми нахуствазирӣ расонд. Саркисян 10 сол раиси ҷумҳури Арманистон буд ва бо тағйири қонуни асосӣ дар охирин соли раёсати ҷумҳуриаш, ихтиёроти мақоми нахуствазириро бештар кард ва дақиқан як ҳафта баъд аз тарки мақоми раёсати ҷумҳурӣ, порлумони ин кишвар вайро ба унвони нахуствазир интихоб намуд.

То он замон Никол Пашинян аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Арманистон дониста намешуд. Дар гузашта вай барои таъсиси гирдиҳамоии мухолифон барои 7 сол ба зиндон маҳкум шуда, вале бо гузашти як сол озод гардид.

XS
SM
MD
LG