Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати Ҳабиб ва Макгрегор – ҳаяҷону интизорӣ дар Тоҷикистон. 2 ВИДЕО


То баргузории муҳорибаи моҷаробарангези Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор дар Лас-Вегаси Амрико соатҳои башумор мондааст. Ҳазорҳо километр дуртар аз макони муҳориба -- дар Тоҷикистон ҳам садҳо ҳавохоҳи ин рақобат дасту панҷа нарм кардаанд ва барои тамошои ин сабқат омодагӣ мегиранд.

Идораҳои букмекерӣ ба рақобат омода мешаванд

Дар баробари ҳаяҷону интизории мухлисони оддӣ, идораҳои букмекерии Тоҷикистон ҳам ба рақобати ду варзишгари муҳорибаҳои бидуни қоида омода мешаванд. Тавре маълум мешавад, дар Тоҷикистон тарафдорони бозӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳе аз Нурмагомедов ва гурӯҳи дигар аз Макгрегор ҳавохоҳӣ мекунанд. Бархе ба тарафдорӣ аз ҷанговари мақбулаш шартгузорӣ ҳам кардааст.

Қувваозмоии Нурмагомедов ва Макгрегор субҳи 7-уми октябр ба таври зинда дар толорҳои синамои Душанбе намоиш дода мешаванд ва пешбинӣ мешавад, ки мардуми зиёди барои тамошо мераванд.

Рақобати Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор дар мусобиқаи UFC ба вақти Лас-Вегас шомгоҳ рӯзи 6-уми октябр ва ба вақти Душанбе – субҳи 7-уми октябр баргузор мешавад. Ҳаводорони тоҷик ният доранд рӯзи якшанбе ин бозиро тавассути пахши ҳамзамони интернетӣ тамошо кунанд.

Масъулони марказҳои букмекерӣ дар Душанбе мегӯянд, таваҷҷӯҳ ба ин бозӣ хеле зиёд аст ва онҳое, ки шартгузорӣ мекунанд, аз 10 сомонӣ то 30 ҳазор сомонии худро аллакай ба пирӯзии ин ё он варзишгар гузоштаанд. Умеди ҳар як нафар ин аст, ки дар пайи пирӯзии номзади мавриди назараш фоидаи хубе ба даст меорад.

Ҳаяҷону интизории тоҷикон аз рақобати Ҳабиб ва Макгрегор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Аксари мухлисони тоҷик бо Ҳабиб ҳастанд

Пурсишҳои пешакии ин марказҳо нишон медиҳад, ки мухлисони тоҷик ба пирӯзии Ҳабиб Нурмагодемов бештар бовар доранд. Ин марказҳо ба ғалабаи Конор Макгрегор бо коэффисиенти 2,24 шартбандӣ кардаанд. Дар ҳоле, ки пирузии Нурмагомедов ба коэффисиенти 1,51 баробар аст. Одатан аз сӯи идораҳои букмекерӣ коэффисиенти нафаре, ки онҳо ғалабаашро пешгӯӣ мекунанд, поинтар монда мешавад.

Юнусҷон Расулов, корманди яке аз марказҳои букмекерӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин муҳориба афроди зиёдеро пушти дари марказҳои букмекерӣ овардааст. Ӯ мегӯяд, "маъмулан мардум дар бозиҳои футбол шартгузорӣ мекунанд. Ин намуди варзиш барои ҳама ошност. Вале муҳориба миёни Ҳабиб ва Конор то андозае онҳоро аз футбол канор бурд. Пиру ҷавон ба ин ҷанг шартгузорӣ мекунанд".

Зоҳиран аксари ҷавонони тоҷик ҳам субҳи 7-уми октябр ғалабаи Ҳабиб Нурмагомедовро интизоранд. Ин варзишгар нисбат ба Конор дар Тоҷикистон ҳаводори бештар дорад. Гурӯҳе ба хотири мусалмон буданаш ва бархе дигар ба хотири изҳори назарҳои ӯ дар масоили мухталифи иҷтимоиву сиёсӣ аз Ҳабиб ҷонибдорӣ мекунанд.

Аксар изҳороти матбуотии ӯ моҷаро барпо мекунад ва яке аз охирин баҳсҳояш бо репсароҳои руси муқими Маскав дар бораи ин, ки ташкили консерти онҳо дар Доғистон машварат нест, аз ҳамин қабил моҷароҳои матбуотӣ шуд. Дар ин моҷаро Нурмагомедов реп ва шеваи таронахонаии овозхонҳои русро "хилоф бо арзишҳои милливу фарҳангии доғистониҳо номид".

Маҳбубияти Нурмагомедов миёни тоҷикон

Ҷамолиддин Тоҳиров яке аз садҳо ҷавонест, ки Ҳабиб Нурмагомедовро мухлисӣ мекунад. Ӯ муҳорибаи Ҳабиб ва Конорро руйдоди камназир медонад ва худаш ҳам бесаброна субҳи 7-уми октябрро интизор аст. Ҷамолиддин мегӯяд, сабаби аслии тарафдории ӯ аз Ҳабиб мусалмон будани ин варзишгар аст.

Вай мегӯяд, ин варзишгар бо мардуми тоҷик ва дар умум барои сокинони кишварҳои Осиеи Марказӣ мисли худӣ аст. "Конор Макгрегер ҳам аз Ҳабиб камӣ надорад, ӯ дар ду вазн ҷоиза гирифтааст. Аммо Ҳабиб як марди кӯҳистонӣ аст, тарбияи хуб дорад ва бисёр таҳаммулпазир аст. Ҳарчанд ин як муҳориба аст. Дар ҳолати ғолиб ё мағлуб шудани Ҳабиб Нурмагомедов, ман аз мухлисии ӯ даст намекашам. Вале боз ҳам ба ғолибияташро умедвор ҳастам".

Доғистон мунтазири пирӯзии Нурмагомедов аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Аммо ба фарқ аз Ҷамолиддин, Юнус Давлатов яке дигар аз мухлисони Ҳабиб Нурмагомедов ба хотири он аз ӯ ҷонибдорӣ мекунад, ки дар ҳеҷ як аз 26 муҳорибааш мағлуб нашудааст. Юнус мегӯяд, ҳанӯз аз замоне, ки санаи баргузории муҳорибаи ин ду варзишгар маълум шуд, ҳар рӯз миёни ӯ ва дӯстонаш баҳсҳо сар мезанад ва ҳар нафар бо тарафдорӣ аз варзишгари дӯстдоштааш далелҳо пеш меорад.

Юнус Давлатов мегӯяд, баъди сафари Ҳабиб ба Тоҷикистон аз ҳаводорони ӯ шуд. Нурмагомедов моҳи июли соли 2017 бо даъвати ҳаводоронаш ба Душанбе омад ва дар ин сафар ба баъзе варзишгарони муҳорибаҳои бидуни қоида мастер-класс ё дарси ғайрирасмӣ дод.

Ҳолу ҳавои толорҳои синамо қабл аз сабқат

Қувваозмоии Нурмагомедов ва Макгрегор субҳи 7-уми октябр ба таври зинда дар толорҳои синамои Душанбе намоиш дода мешаванд ва пешбинӣ мешавад, ки мардуми зиёди барои тамошо мераванд. Яке аз маконҳои аслии намоиши ин ҷанг ҳам дар Душанбе Спорт-бари "Истиқлол" аст.

Толори ин макон аллакай бо аксу овезаҳои ин ду варзишгар оро ёфтааст. Масъулин мегӯянд, тамоми курсиҳои толор аз сӯи ҳаводорон киро шудааст. Нигина Сиддиқова, як намояндаи спорт-бар рӯзи 5-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳорибаи Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионие, ки онро пахш мекунанд намоиш дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи намоиши ҷанги ин ду варзишгар миёни ҳаводорон баргузории викторинаҳо дар назар гирифтааст.

"Ҳар нафаре, ки ба суолҳо посухи дуруст медиҳад, ба онҳо тӯҳфаҳо дода мешавад. Ҳамчунин онҳо метавонанд нимтанаҳое, ки дар он акси Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор тасвир ёфтааст, ба бар карда аксбардорӣ кунанд",-афзуд Сиддиқова.

Ин шабу рӯз дар хиёбонҳои Душанбе ҳам овезаҳои зиёдеро бо аксҳои ин варзишгар мушоҳида кардан осон аст. Бархе аз ҷавонон ҳам дар пушти мошинҳои худ бо навиштаҷоти "Ҳабиб, мо, тоҷикон аз ту ҷонибдорӣ мекунем", тарафдории худро иброз медоранд.

Набарди "таърихӣ"

Таҳлилгарон набарди ин ду варзишгарро таърихӣ медонанд ва мегӯянд шонси ғалаба панҷоҳ ба панҷоҳ аст. Муродалӣ Тешаев, шореҳи варзиш, ки муҳорибаҳои бидуни қоидаро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, пешгӯӣ кардани бартарии ин ду варзишгаре, ки яке дар риштаи бокс ва дигаре дар гуштин муваффақ ҳастанд, осон нест.

"Шояд аз сабаби ин ки Ҳабиб дар ҳамаи 26 бозӣ ғолиб шуда, дар намуди гуштин бисёр партофтҳои ҷолиб дорад ва аз ҳамин сабаб шояд ҳам бисёриҳо онро тарафдорӣ мекунанд. Баъдан одобу ахлоқи Ҳабиб бисёр хуб аст, бахусус дар назари ҷавонон. Аз тарафи дигар, ширкати UFC оромиро талаб мекунад, баракси ҳол Конор Макгрегер бисер ҳаракатҳои ҷолиб дорад, аксаран мухлисон ӯро таваҷҷуҳ мекунанд",- гуфт ин шореҳи варзиш.

На ҳама муҳорибаҳои бидуни қоидаро хуш доранд

Вале дар миёни онҳое, ки ин рақобати таърихиро интизоранд, онҳое ҳам ҳастанд, ки ба муҳорибаҳои бидуни қоида назари интиқодӣ доранд. Чунин мавқеъро бештар онҳое баён мекунанд, ки ин бозиҳоро хушунатомез меноманд ва мегӯянд, ин бозиҳо дар усул аз бозиҳои расмии варзишӣ аз назари бераҳмии бештар фарқ мекунанд. Дар Тоҷикистон таълими ин навъи бозиҳо дар муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла мактабу донишгоҳҳо ва бо пули давлат манъ аст.

Нурмагомедов даҳ соли пеш карйераи варзишии худро шурӯъ кардааст ва то ҳол дар 26 дидор ғалаба кардааст. Ягон бохт надорад ва аз ӯ бо лақаби "Уқоб" ном мебаранд. Конор Макгрегор, ки 14-уми июл зодрӯзи 30-солагиашро таҷлил кард, дар даҳ соли фаъолияти касбиаш 24 рақобат кардааст ва дар 21-тоаш ғолиб шудааст. Дар се рақобати дигар мағлуб гаштааст. Ӯ бо ҷангҳои ҷолиб ва ҳаракатҳои ғайриоддиаш ҳангоми рақобат дили миллионҳо ҳаводори муҳорибаҳои беқоидаро дар ҷаҳон ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG