Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳқиқотро пайгирӣ мекунам" - Эрдуғон вориди қазияи нопадид шудани рӯзноманигори маъруф шуд. ВИДЕО


Эътирозгарон дар назди Консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул хостори раҳоии Ҷамол Хошуқҷӣ шуданд. 5-уми октябри соли 2018.
Эътирозгарон дар назди Консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул хостори раҳоии Ҷамол Хошуқҷӣ шуданд. 5-уми октябри соли 2018.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи якшанбеи 7-уми октябр Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мухолифи ҳукумати Арабистони Саудиро "дӯст"-и худ хонд ва гуфт, ки шахсан парвандаи ӯро пайгирӣ мекунад.

Зинда ё мурда?

Тибқи гузоришҳо, ин рӯзноманигор рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд. Рӯзи шанбе пулиси Туркия гуфт, ки ин рӯзноманигор эҳтимолан кушта шудааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ ҳафтаи гузашта барои дарёфти як санади расмии сабти талоқ ва дар натиҷа гирифтани иҷозатнома барои издивоҷи дигарбора, вориди бинои консулгарии Арабистони Саудӣ шуда буд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба хабарнигорон дар Анқара гуфт, ки консулгарии Арабистони Саудӣ ва фурудгоҳҳои Истанбул барои пайдо кардани асаре аз рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ, зери заррабин ҳастанд. Вай изҳор дошт, ҳанӯз умедвор аст, ки Ҷамол Хошуқҷӣ зинда ва саломат аст.

Раиси ҷумҳури Туркия афзуд, ки мақомоти масъул дар ҳоли баррасии наворҳои дурбинҳои мадорбаста ҳастанд ва вуруд ва хуруҷ ба фурудгоҳҳои Истанбулро зери назар доранд. Оқои Эрдуғон айни замон таъкид кард, ки бояд мунтазири натиҷаҳои таҳқиқот монд, ки дар фурсати муносиб нашр хоҳад шуд.

Вай Ҷамол Хошуқҷиро як "рӯзноманигори дӯст" хитоб кард ва гуфт, ки парвандаи нопадид шудани ӯро пайгирӣ мекунад ва натиҷаҳои таҳқиқот дар бораи ин қазия эълом хоҳад шуд. Раиси ҷумҳури Туркия изҳор дошт, "иншоаллоҳ мо бо шароите рӯбарӯ нашавем, ки хоҳони он нестем."

Зоҳиран ишораи оқои Эрдуғон ба гузориши бархе аз расонаҳо ба нақл аз мақомҳои Туркия аст, ки гуфтаанд, ба бовари онҳо ин рӯзноманигор пас аз нопадид шудан, дар консулгарии Арабистони Саудӣ кушта шудааст.

"Тими вижаи Арабистон" дар Истанбул?

Туркия ва Арабистони Саудӣ тайи чанд соли ахир чандон муносибати гарме надоранд.
Туркия ва Арабистони Саудӣ тайи чанд соли ахир чандон муносибати гарме надоранд.

Бинобар гузоришҳои мунташиршуда, "тими вижаи Арабистон" барои "анҷоми қатли" рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати он кишвар ба Туркия фиристода шуда буд. Як мақоми пулис ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, "мо ба ин бовар ҳастем, ки ин куштор як иқдоми тарҳрезишуда буд ва ҷасади қурбонӣ аз консулгарӣ берун бурда шудааст."

Рӯзномаи "Вашингтон пост", ки Ҷамол Хошуқҷӣ барои он мақола менавишт, низ ба нақл аз мақоме, ки номаш фош нашудааст, мегӯяд, муфаттишони пулиси Туркия ба ин бовар ҳастанд, ки тими 15-нафара аз Арабистони ба Истанбул рафта буд, то Хошуқҷиро ба қатл бирасонад. Мақомҳои Арабистони Саудӣ ин иддаоҳоро "бепоя ва беасос" хондаанд.

Гузоришҳои зиддунақиз

Дар ҳамин ҳол, як дӯсти ин рӯзноманигори машҳур ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфт, мақомот ба ӯ гуфтанд, ки худро барои "тадоруки маросими хатм" (манзур хатми Қуръон), омода кунад, зеро ки оқои Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ кушта шудааст.

Як мақоми турк низ пештар ба "Ассошиэйтед пресс" гуфт буд, ки ба бовари онҳо, рӯзноманигори ёдшуда дар консулгарии Арабистони Саудӣ кушта шудааст. Як мақоми дигар ин эҳтимолро "зиёд" донистааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ.
Ҷамол Хошуқҷӣ.

Ҳамон тавр, ки номзади ин шаҳрванди Арабистони Саудӣ гуфтааст, Ҷамол Хошуқҷӣ ҳафтаи пеш барои дарёфти як санади расмии сабти талоқ ва дар натиҷа гирифтани иҷозатнома барои издивоҷи дигарбора, вориди бинои консулгарии Арабистони Саудӣ шуд. Пас аз он касе аз сарнавишти ин рӯзноманигор хабаре надорад ва мақомҳои турк ва саудӣ ахбори зиддунақизе дар ин бора баён карданд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, мушовири пешини ҳукумати Арабистони Саудӣ пас аз интиқодҳояш аз сиёсатҳои Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ҷавони ин кишвар, чун нигарон буд, ки боздошт мешавад, соли гузашта ба Амрико рафт. Пас аз он ба навиштани мақолаҳои интиқодӣ дар рӯзномаи "Вашингтон пост" оғоз намуд.

Раҳбари Туркия таҳқиқи ғайбзании хабарнигори саудиро назорат мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

XS
SM
MD
LG