Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 3 варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон


Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонони синашон то 21-сола, ки аз 17-ум то 21-уми октябр дар шаҳри Нассау, пойтахти ҷазираҳои Баҳама, баргузор мешавад, 489 варзишгар (278 мард ва 211 зан) аз 79 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат меварзад.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ се варзишгари тоҷик - Хайёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни зери 81кг) – иштирок мекунанд.

Барномаи мусобиқа

17-уми октябр. Рақобатҳо дар вазнҳои -44 кг, -48 кг миёни духтарон, -55 кг, -60 кг байни писарон.
18-уми октябр. Рақобатҳо дар вазнҳои -52 кг, -57 кг миёни духтарон, -66 кг, -73 кг байни писарон.
19-уми октябр. Рақобатҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни духтарон, -81 кг, -90 кг байни писарон.
20-уми октябр. Рақобатҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни духтарон, -100 кг, +100 кг байни писарон.
21-уми октябр. Рақобатҳои дастаии омехта.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз медалҳо ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад:

ба ғолибони рақобатҳои инфиродӣ дар ҳар як вазн - 2000 доллари ИМА (1600 доллар ба варзишгар, 400 доллар ба мураббӣ),

барои ҷойи дуюм - 1400 доллари ИМА (1120 доллар ба варзишгар, 280 доллар ба мураббӣ),

барои ҷойҳои сеюм - 800 доллари ИМА (640 доллар ба варзишгар, 160 доллар ба мураббӣ).

Дар рақобатҳои дастаии омехта барои медали тилло 8000 доллари ИМА, барои медали нуқра 5600 доллари ИМА ва барои медали биринҷӣ 3200 доллари ИМА муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонони синашон то 21-сола, ки моҳи октябр дар шаҳри Загреби Хорватия доир шуд, даҳ варзишгари тоҷик ширкат дошт. Аз байни онҳо ду нафар - Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило ва Сомон Маҳмадбеков дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило - медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо касби 2 медали биринҷӣ дар байни 82 кишвар мақоми 17-умро соҳиб гашт.

XS
SM
MD
LG