Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: Пирӯзии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар бозиҳои аввали ниманиҳоӣ


Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе, 17-уми октябр, баргузор шуданд, ғолиб гаштанд.

“Истиқлол” дар майдони худ - Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ - тими «Душанбе-83»-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Аҷиб аст, ки сардовари ин бозӣ Насим Ҳамидов (Душанбе) се ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ таъйин кард (дутоаш ба дарвозаи «Душанбе-83» ва яктоаш ба дарвозаи “Истиқлол”).

Голҳои “Истиқлол”-ро Ҷаҳонгир Абдумуъминов дар дақиқаи 11-ум, Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 55-ум аз пеналтӣ ва Аҳтам Назаров дар дақиқаи 86-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонданд. Голи «Душанбе-83»-ро Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 60-ум аз пеналтӣ зад.

Дар бозии дигари ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Хуҷанд» дар меҳмонӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Дилшод Бозоров дар дақиқаи 41-ум ба самар расонд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 21-уми октябр, баргузор мешаванд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.

Ҷоми Тоҷикистон-2018

Нимфинал. Бозиҳои аввал

17-уми октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» – «Душанбе-83» - 3:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Абдумуъминов, 11 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 55 — аз пеналтӣ (2:0). Элчибек Рашидбеков, 60 — аз пеналтӣ (2:1). Аҳтам Назаров, 86 — аз пеналтӣ (3:1).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» - 0:1

Гол: Дилшод Бозоров, 41

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

21-уми октябр (якшанбе)

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG