Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Русия дар Олимпиадаи наврасон дар Буэнос-Айрес


Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 6-ум то 18-уми октябр дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Русия ба поён расид.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо ҳудуди 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 59 медал (29 тилло, 18 нуқра, 12 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Чин бо касби 36 медал (18 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Ҷопон бо касби 39 медал (15 тилло, 12 нуқра, 12 биринҷӣ) дар зинаи сеюм ҷойгир шуд.

Тоҷикистонро дар Олимпиадаи наврасон дар Буэнос-Айрес се варзишгар намояндагӣ кард.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Маҷористон (12-7-5), Италия (11-10-13), Аргентина (11-6-9), Эрон (7-3-4), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6-5-7), Фаронса (5-15-7) ва Украина (5-7-6) дохил шуданд.

Умуман, варзишгарони 92 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон гардиданд. Аз кишварҳои Осиёи Миёна Узбекистон бо касби 16 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи 13-ум, Қазоқистон бо касби 10 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 15-ум, Қирғизистон бо касби 3 медал (2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи 69-ум ва Афғонистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 82-юм қарор гирифтанд. Вале дастаҳои Тоҷикистону Туркманистон бе медал монданд.

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Тоҷикистону Туркманистон, инчунин Латвия медал нагирифт. Ба ғайр аз Русия, Украина, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боз ҳафт кишвари собиқи шӯравӣ медалҳои Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасонро соҳиб шуданд: Озарбойҷон (2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ, ҷойи 31-ум), Молдова (2 тилло, ҷойи 36-ум), Гурҷистон

(1 тилло, 4 нуқра, 1 биринҷӣ, ҷойи 40-ум), Беларус (1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ, ҷойи 43-юм), Литва (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ, ҷойи 52-юм), Арманистон (1 тилло ва 1 нуқра, ҷойи 56-ум) ва Эстония (1 биринҷӣ, ҷойи 82-юм).

Сулаймони Ҷамшед.
Сулаймони Ҷамшед.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро дар Олимпиадаи наврасон дар Буэнос-Айрес се варзишгар намояндагӣ кард. Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 66 кило ҷойи нӯҳумро соҳиб шуд. Бежан Файзуллоев дар мусобиқаи тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр дар даври интихобӣ бо натиҷаи 538-7х дар байни 20 нафар ҷойи охиринро гирифт.

Анастасия Тюрина дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфлай ё парвона дар даври интихобӣ дар байни 36 нафар бо натиҷаи 33,37 сония зинаи охиринро ишғол намуд. Баъдан ӯ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод бо натиҷаи 29,92 сония дар байни 53 нафар 42-юм шуд.

Бояд гуфт, ки Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос-Айрес дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар ҳайати дастаи омехта ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер соҳиби медали нуқра гардид.

Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Вале медалҳои Бежан ва Сулаймон на ба дастаи Тоҷикистон, балки ба тими мунтахаби омехта, ки таҳти парчами олимпӣ ширкат кард, марбут аст. Зимнан, тими мунтахаби омехта, ки ғайриозмун иштирок дошт, 39 медал (13 тилло, 13 нуқра ва 13 биринҷӣ) гирифт.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои бори сеюм дар Олимпиадаи наврасон ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар

Сингапур доир шуд, шаш варзишгар дар шаш намуд намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг) медали нуқра ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо ду медал дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардид, дар ҷойи 70-ум қарор гирифт.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд дохил буд. Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар н

XS
SM
MD
LG