Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Фаридун барои дуздии 36 хона дар се шаҳр


Акс аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Акс аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Маъмурони милиса дар Тоҷикистон як ҷавонеро дастгир кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо дар дуздии 36 хона даст дорад. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 20-уми октябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Фаридун Бекназарови 28-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан 3-маротиба бо гуноҳи дуздӣ зиндонӣ шудааст, “силсиладуздиҳоро дар ҳаҷми махсусан калон содир намудааст.”

Замони боздошти ҷавонро нагуфтаанд, вале дар баёния омадааст, Фаридун Бекназаров аз ҷумла аз хонаи як сокини Душанбе лавозимоти сохтмониро бо арзиши 7 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Ба қавли вазорат, ӯ хонаҳоеро ғорат мекардааст, ки соҳибонаш набудаанд ва бо шикастани дару тиреза вориди онҳо мешудааст. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи вазорат, “ин нафар дар содир намудани 36- дуздӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 300-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.”

Ба зидди ин ҷавон бо иттиҳоми дуздӣ парванда боз кардаанд ва таҳқиқи амалкардҳои ӯ идома дорад.

XS
SM
MD
LG