Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар Ҳисор баргузор мешавад


Аз 24-ум то 28-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 19-сола дар гурӯҳи «D» баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби занонаи зери 19-солаи Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбейи Чин ва Бангладеш барои роҳхат ба марҳилаи интихобӣ мубориза мебаранд.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) зери раҳбарии сармураббӣ Қаноат Латипов нахустин бозиашро дар ин мусобиқа рӯзи чоршанбе, 24-уми октябр, муқобили тими Тайбэйи Чин анҷом медиҳад.

Дар даври дуюми мусобиқа футболбоздухтарони тоҷик рӯзи ҷумъа, 26-уми октябр, бо ҳамсолонашон аз Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳӣ рӯзи якшанбе, 28-уми октябр, бо тими Бангладеш рӯбарӯ мешавад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати дастаи Тоҷикистон соати 17:00 оғоз меёбанд.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 22-юм то 30-юми апрели соли оянда доир мешавад, ҳашт даста аз марҳилаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.

Марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони то 19-сола

Гурӯҳи «D»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин, Тоҷикистон, Бангладеш.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

24-уми октябр (чоршанбе)

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Бангладеш

17:00 – Тайбэйи Чин – Тоҷикистон

Даври 2-юм

26-уми октябр (ҷумъа)

14:00 – Бангладеш – Тайбэйи Чин

17:00 – Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ

Даври 3-юм

28-уми октябр (якшанбе)

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Тайбэйи Чин

17:00 – Тоҷикистон– Бангладеш

XS
SM
MD
LG