Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Хоруғ ба Душанбе. Лидерони ғайрирасмӣ хостори мулоқот бо президент шудаанд


Толиб Айёмбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Толиб Айёмбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Чаҳор нафар аз раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов – ки мақомот аз онҳо "саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ" ном бурда буданд, тасмим доранд, аз Хоруғ ба Душанбе биоянд.

Мақомоти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон гуфтанд, ки аз тасмими сафари онҳо ба пойтахт хабар доранд ва ҳадаф аз он даромадан ба қабули раиси ҷумҳур будааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро ҳафт нафар баршумурда, ба онҳо огоҳиномаи расмӣ супурдаанд
Мақомоти интизомии Тоҷикистон раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро ҳафт нафар баршумурда, ба онҳо огоҳиномаи расмӣ супурдаанд

Ғолиб Ниятбеков, раиси дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон, рӯзи 27-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳақиқат, ин чаҳор нафар ба Душанбе рафтаанд ва раиси ҳукумати вилоят аз ин хабар дорад. Ин ки ҷаноби олӣ онҳоро пазируфтааст, ё не, дарак надорем. Агар хабаре шуд, ҳатман шарҳ медиҳем."

Рӯзи шанбе тамосҳо бо Толиб Айёмбеков ва ҳамроҳонаш тақрибан бе натиҷа буд. Айёмбеков як дафъа гӯширо бардошт ва хеле кӯтоҳ гуфт, ки дар як маросмии хурсандӣ қарор доранд ва ба зангҳо ҷавоб надод.

Як манбаи наздик ба чаҳор лидери ғайрирасмии Бадахшон рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи онҳо мулоқоти боз бо раиси ҷумҳур дар бораи вазъи кунунии Хоруғ аст. Ин манбаъ афзуд, "дар Хоруғ нисбат ба онҳо ҳарфҳои ноҷо рафта ва номашон "сиёҳ" карда шудааст. Инҳо мехоҳанд, собит кунанд, ки дар асл чунин нест. Бо ҳамин мақсад рафтаанд, на бештар аз он."

Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро ҳафт нафар баршумурда, онҳоро “саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ” дар Хоруғ эълон карданд.

Рӯзи 22-юми октябр расман ба онҳо огоҳинома супурда шудааст, ки аз авбошиву таҳқири намояндаи ҳукумат, “сходка” ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир даст кашанд, “вагарна нисбат ба онҳо аз чораҳои ҳуқуқӣ кор гирифта хоҳад шуд”.

Аммо лидерони ғайрирасмии Бадахшон ҳамеша даст доштани худ дар ҷиноятро рад кардаанд. Дар оғози ҳафтаи гузашта Толиб Айёмбеков гуфта буд, ки онҳо ҳаёти осоишта доранд ва бо пули нафақа зиндагӣ мекунанд.

“Рейдҳо” дар маркази Бадахшон баъди он оғоз ёфт, ки рӯзи 15-уми сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгариҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард ва ба мақомот барои ҳалли масъала як моҳ муҳлат дод.

Интиқоди президент Раҳмон боис ба тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Дар баробари ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG