Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Босс" дар Донетск? Украина ҷангии ДИИШ-ро ба Тоҷикистон надод. ВИДЕО


Муродалӣ Ҳалимов.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давлати Украина яке аз хатарноктарин тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДИИШ-ро, ки ду соли пеш бо дархости "Интерпол" боздошт карда буд, раҳо кардааст. Ба гуфтаи мақомот, хабарҳое рӯи даст аст, ки феълан ин мард дар ҳудуди ҷумҳурии худхондаи Донетск қарор дорад.

Муродалӣ дар Донетск?

Муродалӣ Ҳалимов, сокини 37-солаи ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар олами ҷиноӣ бо тахалуси "Босс" шинохта мешавад, бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноятӣ, "зархаридӣ", "терроризм", "узвият дар гурӯҳи мамнӯи Салафия" ва "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ", ҷустуҷӯ мешавад. Додситонии кулли Украина ин мавзӯъро шарҳ надодааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, сарнавишти ин оиларо Муродалӣ Ҳалимов, писари 37-солаашон ба ҳам зад ва ҳоло худаш дар Украина қарор дорад.

Як манбаи огоҳ аз парвандаи Муродалӣ Ҳалимов рӯзи 24-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан ду соли пеш ин мард дар фурудгоҳи Украина, ҳангоми бозгашт аз Туркия боздошт шуд. Мақомоти Украина ба дархости Тоҷикистон барои истирдоди ӯ ҷавоби рад доданд.

Ду манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари раҳоии ӯ аз боздошт дар Украинаро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳанӯз ҷониби Украина бо кадом далел раҳо кардани Муродалӣ Ҳалимовро тасдиқ накардааст.

"Тамоми далелу санад аз ҳузури ӯ дар Сурия ва ҷалби даҳҳо шаҳрванд ба Украина фиристода шуд, вале Украина ӯро ба Тоҷикистон надод. Ҳоло нафаре боздошт шудааст, ки аз раҳоии ӯ дар Украина ва ҳузураш дар Донетск хабар медиҳад"-гуфт, яке аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ. Мақомоти тоҷик мегӯянд, Муродалӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва се кӯдакаш соли 2014 ба Сурия рафта буд.

Роҳи Муродалӣ аз Рӯдакӣ ба Сурия ва сипас ба Донетск
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:08 0:00

Додситонии кулли Украина ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти Ҳалимов ва ҳам сабабҳои эҳтимолии озод шудани ӯ аз боздошт ҳанӯз посух надодааст. Ҳамонгуна, ки маълум нест, то куҷо воқеан ҳам ин шахс дар Украина ба сар мебарад ё на.

14 узви оила – ҳамкори ДИИШ?

Аз хонаводаи Ҳалимовҳо дар маҳаллаи Шайнаки Чинори ҷамоати Навободи Рӯдакӣ 14 нафар ба узвият ва ҳамкорӣ ба ДИИШ муттаҳам мешаванд. Аз ҷумла бародари Муродалӣ, Маҳмадсаиди 34-сола ҳамроҳ бо ҳамсару се кӯдак, хоҳараш Дилором бо шавҳараш ва Гулшараф Саъдуллоева, модари 66-солааш ба Сурия рафтаанд.

Нурулло Ҳалимов, бародари 45-солаи Муродалӣ бо писараи 19-солааш дар Туркия дар роҳ ба Сурия боздошт шуданд. Онҳоро ду соли пеш ба Тоҷикистон истирдод карданд ва падар 15 сол ва писар 12 сол зиндон шуданд.

Сайдулло ва Хушвахт Ҳалимовҳо, ду бародари дигари ин хонавода барои ҳамкори бо ДИИШ боздошт ва аз 15 то 17 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

"Модарам ба ҷустуҷӯи фарзандонаш рафт"

Танҳо аз ин хонавода ду нафар дар озодӣ қарор доранд, ки ба гуфтаи мақомот, бо бародарони худ ҳамфикр набуданд.

Шариф Ҳалимов, бародари Муродалӣ.
Шариф Ҳалимов, бародари Муродалӣ.

Шариф Ҳалимов, бародари Муродалӣ авохири моҳи гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки замони сафари модараш ба Сурия, дар Русия қарор дошт. Гулшараф Саъдуллоева ба гуфтаи пайвандон барои баргардонидани фарзандонаш ба Сурия сафар мекунад.

"Аз рафтанаш хабар надоштам. Баъдан, гуфтанд, ки вақте хабари марги бародарам Маҳмадсаидро мешунавад, хеста меравад. Ба хотири баргардонидани кӯдакони ӯ ва хоҳару дигар бародарам",-гуфт ӯ.

Шариф мегӯяд, хабари ба Сурия рафтани модарашро аз мақомот шунид ва боре ҳам дар ин се сол сӯҳбате бо ӯ надошт. Мақомот мегӯянд, модари ӯ дар Сурия ҳалок шудааст. Ин мард мегӯяд, вақте нисфи хонаводааш ба Сурия рафт ва нисфи дигараш зиндонӣ шуд, зиндагӣ барояш сахттар гашт. Ҳоло ӯ худро "бекас" медонад.

Ҳоло мақомоти тоҷик бештар ба Муродалӣ Ҳалимов, узви ин хонавода таваҷҷӯҳ доранд, ки ба гуфтаи онҳо бо далели номаълум аз Сурия то Украина расид ва он ҷо пас аз боздошт раҳо шуд.

"Як нафар, тамоми оиларо бадбахт кард"

Мунира Салимзода, раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошти Муродалӣ аз мақомот хабардор шуданд, вале аз сарнавишти баъдии ӯ хабар надоранд. Ҳоло ӯ мегӯяд, сарнавишти ин хонавода як мисол барои таблиғ зидди тундгароӣ шудааст. Мисоле, ки ба гуфтаи ӯ хонаводеро паҳну парешон ва бадбахт кард.

Мунира Салимзода, раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ.
Мунира Салимзода, раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ.

"Як узви оила вақте ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуд, тамоми оиларо бадбахт кард. Мо инро ҳамеша мисол меорем. Занҳо бо фиреби шавҳаронашон дигар рафтанд ва гӯё модарашон вақте хабари марги писараш мерасад, модари келинаш сахташ мегирад, ки рафта духтарамро биор. Ба ҳамин хотир гӯё рафта, дигар барнагашт",-гуфт Мунира Салимзода.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, сарнавишти ин оиларо Муродалӣ Ҳалимов, писари 37-солаашон ба ҳам зад ва ҳоло худаш дар Украина қарор дорад.

Бештар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сар аз соли 2013 барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба созмони тундрави ДИИШ пайвастанд. Пас аз шикасти ДИИШ дар ин ду кишвар, бисёре аз аъзои ин гурӯҳ кушта ва боздошт шуданд. Бархе ҳам ба гуфтаи мақомот, ба мисли Муродалӣ тавонистанд, то кишварҳои сеюму чорум бирасанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG