Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 гуштигири тоҷик ба Гран-прии ҷудо ба Тошканд меравад


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand Prix), ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Узбекистон - шаҳри Тошканд - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тошканд иштироки 383 гуштигир (217 мард ва 166 зан) аз 48 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 15 варзишгар дохил аст, ки 13 нафари онҳо дар сабқати мардон ва 2 нафар дар сабқати занон ширкат меварзанд.

Мардон – Иброҳим Абдуллоев (-60 кг), Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Идибек Тоиров (-66 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Эмомҷон Камолов (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шарифҷон Назриев (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), занон – Фазилат Гулбоева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57 кг).

Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78кг сурат мегирад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дуюм 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазор долларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш) супурда мешавад.

Барномаи Гран-прии Тошканд-2018

9-уми ноябр (ҷумъа) – рӯзи якуми мусобиқа

Рақобатҳои пешакӣ: Мардон - 60, 66 кг; Занон - 48, 52, 57кг.

Финал: Мардон - 60, 66 кг; Занон - 48, 52, 57кг.

10-уми ноябр (шанбе) – рӯзи дуюми мусобиқа

Рақобатҳои пешакӣ: Мардон - 73, 81 кг; Занон - 63, 70 кг.

Финал: Мардон - 73, 81 кг; Занон - 63, 70 кг.

11-уми ноябр (якшанбе) – рӯзи сеюми мусобиқа

Рақобатҳои пешакӣ: Мардон – 90, 100, +100 кг; Занон - 78, +78 кг.

Финал: Мардон - 90, 100, +100 кг; Занон - 78, +78 кг.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Гран-прии ҷудо дар Тошканд ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт гуштигир шомил буд. Аз байни онҳо танҳо Комроншоҳи Устопириён медал ба даст овард. Ӯ дар вазни зери 90 кило ба рақобатҳо аз даври дуюм шуруъ кард.

Паҳлавони маъруфи тоҷик баъди пирӯзӣ бар Достон Мелиев (Узбекистон) ба нимфинал роҳ ёфт. Вай дар даври ниманиҳоӣ Яҳё Имомови узбекистониро шикаст дода, ба финал баромад. Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири дигари узбекистонӣ Дилшод Чориев ғолиб омад ва бо медали тилло, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Вале Комроншоҳи Устопириён ин дафъа дар Гран-прии ҷудои Тошканд иштирок намекунад. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест - баргузор мешавад, ширкат меварзад.​

XS
SM
MD
LG