Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ширкати чинӣ 10 корхонаи маҳаллиро "аз пой даровард"


Фаъолияти танҳо як ширкати азими чинӣ ҳадди ақал фаъолияти 10 корхонаи коркарди пахтаро дар минтақаи Кӯлоб аз пой даровардааст. Ширкати чинии "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" аз соли 2016 дар ноҳияи Данғара ба кор пардохт.

Аммо моликони корхонаҳои коркарди пахтаи минтақа мегӯянд, дар ин муддати кӯтоҳ ширкати чинӣ дар рақобат бо онҳо пирӯз шуд ва корхонаҳои маҳаллӣ аз кор монданд. Муслиҳиддин Фазлиддинов, роҳбари кулли ширкати коркардаи пахтаи "Самар" дар ноҳияи Восеъ мегӯяд, аз замоне, ки ширкати чинӣ дар ин минтақа ба кор пардохт, онҳо дигар тавони харидории пахтаро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ надоранд.

Дар пасманзари рақобатро бохтани корхонаҳои маҳаллӣ, ширкати чинии "Ҷунтай" фаъолияташро дар минтақа густурдатар мекунад.

Ин менеҷери ҷавон мегӯяд, медонад, ки Тоҷикистон сиёсати иқтисоди бозориро пеш гирифтааст ва дар чунин шароит ширкате баранда мешавад, ки сармоя бештар ва таҷҳизоти навтар дар ихтиёр дорад.

Ба нақли маъмурони корхонаҳои пахтатозакунии минтақаи Кӯлоб, таҷҳизоте, ки онҳо дар ихтиёр дорад, аксаран кӯҳнаву фарсуда шуда, бо оне, ки ширкати чинӣ дар ихтиёр дорад, аслан қобили қиёс нест.

"Рақобати Ҳасани аробакаш бо мошин..."

Кӯшиши рақобати корхонаҳои маҳаллии пахтатозакунӣ бо ширкати азими Чин, пойгаи Ҳасани аробакаш бо мошинро мемонад, ки бо аспаш талош дошт аз мошин пештар гузарад.

Муслиҳиддин Фазлиддинов, роҳбари кулли ширкати коркардаи пахтаи "Самар"
Муслиҳиддин Фазлиддинов, роҳбари кулли ширкати коркардаи пахтаи "Самар"

Барои мисол, ширкати "Самар" ба нақли моликонаш, то омадани чиниҳо 25 ҳазор килограмм ва ё 25 тонна пахтаро коркард мекард ва дар мавсим аз 60 то 80 коргар дошт. Аммо имрӯз ин корхона комилан бекор хобидааст.

"Чунки мо аз деҳқонон пахта харида наметавонем. Ҳоло чиниҳо бо нархи 5850 сомонӣ ҳар тоннаи пахтаро аз деҳқонон харида истодаанд. Мо бошем қудрати пардохти ин маблағро надорем. Деҳқонон албатта пахтаи худро ба касе мефурӯшанд, ки маблағи бештар пешниҳод мекунад",- иброз дошт Фазлиддинов.

Ин мудири ҷавон мегӯяд, ширкати чинии "Ҷунтай" пахтаро коркард карда, баъдан онро ришта мекунад ва танҳо баъд ба фурӯш мегузорад, ки албатта нархи риштаи тайёр аз тойҳои пахта дида гаронтар аст ва ширкат аз ин гуна фаъолият фоидаи бештар мебинад.

Аммо корхонаи зери дасти Фазлиддинов ин гуна таҷҳизоту фановариҳо надорад ва оне, ки ҳам вуҷуд дорад, аксаран кӯҳанаву фарсуда боқимонда аз замони шӯравӣ ҳастанд. "Мо ки таҷҳизот надорем ва ришта бароварда наметавонем, имкон надорем бо нархе, ки чиниҳо медиҳанд, аз деҳқонон пахта харем. Агар ба ин нарх харем, хароҷотамон аз фоидамон бештар мешавад ва зарар мебинем",- мегӯяд Фазлиддинов.

Аз 14 корхона ҳамагӣ 5 то фаъол ҳаст

Таҷҳизоти корхонаҳои ватанӣ кӯҳна ва фарсуда мебошанд.
Таҷҳизоти корхонаҳои ватанӣ кӯҳна ва фарсуда мебошанд.

Бинобар маълумоти Раёсати саноат дар минтақаи Кӯлоб, дар ин минтақа 14 корхонаи миёна ва бузурги коркарди пахта вуҷуд дорад. Аммо аз се корхонаи пахтатозакунии шаҳри Кӯлоб танҳо 2 корхона, аз се корхонаи Восеъ як то ва аз 5 корхонаи ноҳияи Фархор танҳо 2-тоаш фаъол аст. Боқимонда ба гуфтаи мақомот, бо иллатҳои гуногун фаъолият намекунанд.

Ба гуфтаи Муслиҳиддин Фазлиддинов, аксар корхонаҳо пас аз вориди бозор шудани чиниҳо, ки аз давлаташон бебаркаш қарзҳои имтиёздор мегиранду мушкили молӣ надоранд, аз кор монданд. "Мо рақобат мефаҳмем. Танҳо мехоҳем давлат ба мо ҳам ҳамон имтиёзҳои андозие, ки ба чиниҳо додааст, бидиҳад",-гуфт ӯ.

"Давлат бояд кӯмак кунад"

Коршиносон ҳам мегӯянд, бе кӯмаки давлат корхонаҳои нассоҷии тоҷик наметавонанд ба по хезанд. Абдулло Муҳаммадиев, собиқадори соҳаи саноати нассоҷӣ мегӯяд, мушкили рақами яки корхонаҳои саноатӣ нассоҷӣ ин аст, ки "маблағҳои гардоне надоранд, ки истеҳсолотро ба роҳ монанд. Фоизи қарзи банкҳо хеле баланд аст ва корхонаҳо барои қарзгири риск намекунанд. Чун аз фоидаи ба даст меомада рӯйпӯш кардани қарзи бонк ва фоизҳояш ғайримкон аст".

Муҳаммадиев мегӯяд, ба хотири ривоҷ додани соҳаи нассоҷӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон чанде қабл пешниҳод доданд, ки як фонди давлатӣ таъсис шавад, ки ба корхонаҳо бо фоизҳои паст маблағҳо ҷудо кунад. "Танҳо дар ҳамин сурат корхонаҳо метавонанд чархи истеҳсолотро дубора гардон кунанд",- мегӯяд Муҳаммадиев.

Дар пасманзари рақобатро бохтани корхонаҳои маҳаллӣ, ширкати чинии "Ҷунтай" фаъолияташро дар минтақа густурдатар мекунад. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми ноябр ҳини сафари хеш ба ноҳияи Данғара бо қайчӣ задани лентаи сурх, боз як корхонаи азими ресандагии "Ҷунтай"-ро ба кор андохт.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, ин корхонаи чинӣ иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол дорад. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол карда, дар ду соли охир 13 ҳазор тонна риштаи пахтаро ба Чин содир кардааст.

Нақшаҳои ин ширкати азими чинӣ дар Тоҷикистон бо ҳамин хатм намешавад. Қарор аст ин ширкат то соли 2020 корхонаи бофандагӣ ва рангуборкунии матову дӯзандагиро фаъол кунад. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи вазорату идораҳо дастур ба ин ширкати чинӣ барои дар мӯҳлат сохта ба истифода додани корхонаҳои нав мусоидат кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG