Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати қайчиношудаи Зайнура дар ТВ "Тулӯъ" баҳси доғеро барангехт.САДО


Як навори кӯтоҳ, аммо қайчиношудаи овозхони тоҷик Зайнура Пӯлодова баҳси доғеро дар бораи сухандонӣ ва суханварии ҳунармандони тоҷик ба по кард. Бинандаҳои навор бештар аз он интиқод мекарданд, ки овозхон дар баёни як ҷумла ё фикри оддӣ мушкил кашидааст.

Дар ин пораи суҳбати худ, Зайнура Пӯлодова бояд бо хоҳиши хабарнигорони телевизиони "Тулуъ"-и Афғонистон ба бинандаҳои барномаи "Бомдоди хуш" орзуи худро баён мекард. Аммо ӯ пас аз чанд "кӯшиши номуваффақ" дар баёни фикр тавонист, ин корро кунад.

"Дар баёни фикр мушкил дорам, аммо на ба он ҳадд, ки..."

Коршиносон мегӯянд, овозхонон бояд дар баробари эътибор ба сару сурат ва фикри пироҳану ороиши худ барои саҳна, дар андешаи забону баёни хеш ҳам бошанд.

Зайнура Пӯлодова рӯзи 8-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар баёни фикр бо забони адабии тоҷикӣ мушкил дорад, аммо на ба он ҳадде, ки бархе аз бинандагони навори ахири сӯҳбати ӯ фикр кардаанд. Ӯ гуфт, табиатан одами шармгин аст ва дар рӯбарӯи дурбини наворбардорӣ маъмулан худро озод эҳсос намекунад ва гоҳе ҳам фикраш парешон мешавад.

"Аслан дурбин чизе ҳаст, ки ҳар кас дар рӯбарӯяш худро гум мекунад. Танҳо ман ин мушкилро надорам. Баъзеҳо Ғизол Иноятро мисол овардаанд, ки забонаш хуб аст. Ӯ хатмкардаи бахши рӯзноманигорӣ аст ва бояд забонаш хуб бошад. Ҳолатҳое мешаванд, ки баъзе калимаҳо бо русӣ ба забон меоянд ва боз ислоҳ мекунем. Шояд каме шарм ҳам медорам",-афзуд ӯ.

"Ғавғо" пас аз як сол

Сӯҳбати овозхон бо телевизиони "Тулуъ" тобистони соле пеш зимни як даъваташ ба Афғонистон сабт шуда, ин навори хом тоза ба интернет роҳ ёфтааст. Ӯ дар ин сафари худ дар 3 барномаи ин телевизион ширкат ва мусоҳиба кардааст. Вале ба гуфтаи Зайнура Пӯлодова, дар ҳар сабти барнома, чун сабту таҳияи оҳангу тарона иштибоҳҳо мешаванд, ки баъдан қайчӣ ё таҳрир мегарданд. Овозхони тоҷик бар ин бовар аст, ки лаҳзаи иштибоҳи ӯ дар сӯҳбат, на ба хотири масхараву беобрӯсозии ӯ, балки танҳо чун як пора аз лаҳзаи омодасозии барнома нашр шудааст.

Сӯҳбати қайчиношудаи Зайнура дар ТВ "Тулӯъ" баҳси доғеро барангехт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим

Аммо корбарони тоҷики интернет, ба гуфтаи ӯ, бо истифода аз ин навор ба таҳқиру сарзанишаш пардохтаанд, ки ба андешаи овозхон кори дуруст нест. "Бархеҳо ба ман гуфтаанд, ки бояд аз болои телевизиони "Тулӯъ" даъво кунам. Аммо ман ин корро намекунам. Фикр мекунам, ин танҳо намоиши лаҳзаҳои сабту омодагӣ ба он буд. Мардум бояд бубинанд, ки мо чӣ тавр барнома сабт кардем ва ба кадом ҳолатҳо рӯ ба рӯ шудем. Аммо мардум инро дигар хел қабул карданд. Ман фикр мекунам ин як ҳолати маъмулӣ барои ҳар кас аст", - гуфт ӯ.

Зайнура Пӯлодова мегӯяд, ӯ на забоншинос ва на хабарнигор аст, вале бо забони оддии тоҷикӣ метавонад фикрашро баён созад. Ӯ мегӯяд, аз интиқодҳо атрофи шеваи баёнаш дар аввал каме нороҳат шуд, аммо ҳоло кӯшиш мекунад дар ин бора зиёд фикр накунад.

"Бояд як таконе барои ҳунармандон бошад"

Шоираи Раҳимҷон.
Шоираи Раҳимҷон.

Сӯҳбати бо иштибоҳи Зайнура Пӯлодова дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси мушкил дар забони овозхонони ҷавони тоҷикро дубора доғ кард. Аксарият аз он интиқод кардаанд, ки овозхони тоҷик ба фарқ аз аксар овозхонони дигари афғону эронӣ наметавонанд озоду равон бо забони худсӯҳбат кунанд.

Аммо Шоираи Раҳимҷон, раҳбари маркази продюссерии "Шоира", ки барои овозхонҳо матну оҳанг менависад, гуфт, бо шинохте, ки аз Зайнура дорад, "ӯ духтари бесавод нест".

Шоираи Раҳимҷон гуфт, "Зайнура фарзанди ҳунарманди маъруф Ҳотам Пӯлодов аст ва аҳли ин хонавода аз саводу санъати суханварӣ огоҳанд. Дар чанд суруде, ки бо Зайнура кор кардам, эҳсос намудам, ки маънои сурудро хуб мефаҳмад ва роҳат сӯҳбат ҳам мекунад. Вале чунин ҳолат бо ман ҳам шудааст, ки назди дурбин дасту по хӯрдаам. Аз ин ҳолат истифода бурдани дастандаркорони сабт дуруст нест".

Вале, дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Шоираи Раҳимҷон ба ҷуз як теъдоди ангуштшумори овозхонон, аксарият аз санъати суханварӣ огоҳ нестанд. Мавҷи ахири интиқоди шеваи баёни фикри овозхонон ва навори сербаҳси сӯҳбати Зайнура Пӯлодова, ба қавли Шоира бояд як таконе барои ҳунармандон бошад. Ӯ меафзояд, овозхонон бояд дар баробари эътибор ба сару сурат ва фикри пироҳану ороиши худ барои саҳна, дар андешаи забону баёни хеш ҳам бошанд.

"Шарм надоранд, биёянд, дар назди нафарони забондон биомӯзанд. Онҳо бояд сари нанг биёянду омӯзанд",- гуфт ӯ.

"Ин мушкили танҳо овозхонҳо нест"

Соҳибёри Толиб, хабарнигори тоҷик.
Соҳибёри Толиб, хабарнигори тоҷик.

Дар ҳамин ҳол, забоншиносон ба ин таъкид мекунанд, ки баёни дурусту шевои фикр бо забони адабии тоҷикӣ мушкили танҳо овозхонон нест. Балки, ба гуфти онҳо, зиёданд нафароне, ки дар баёни фикр бо забони адабӣ азият мекашанд.

Соҳибёри Толиб, хабарнигори тоҷик мегӯяд, "ҳангоми сӯҳбат бо мардуму масъулин аксарият ҳангоми баёни фикр азоб мекашанд. Бисёр сӯҳбатҳои харобро мо нашр намекунем ва чунин сӯҳбатҳо хеле зиёданд. Аксарият ҳангоми сӯҳбат дар расонаву минбар метарсанд, ки ҷумларо нодуруст созанд ва бисёр ҷумлаҳоро бо меъёрҳои забони русӣ муқоиса мекунанд."

Мушкили аслӣ ба назари Соҳибёри Толиб, дар мутолиаи кам аст. Зайнура Пӯлодова овозхоне, ки ахиран шеваи сӯҳбаташ сабаб шуд шадидан танқид шунавад, аз мушкилу нофаҳмиҳо дар забони адабии тоҷикӣ нигаронӣ мекунад.

"Фикр мекунам, ки мо бояд забони худро хуб бидонему ҳарф занем, аммо дар забони мо ҳам ҳоло баъзе калимаҳои наве мушоҳида мешаванд, ки барои мо чандон фаҳмо нест. Ин истилоҳҳо бештар ба онҳое фаҳмо аст, ки бо забон сари кор дорад",-хулоса кард ин овозхони тоҷик.

XS
SM
MD
LG