Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" - тилло, “Хуҷанд”  - нуқра, “Кӯктош” биринҷӣ мегирад


Мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 11-уми ноябр, бо бозиҳои даври 21-ум ба анҷом расид.

Дар даври охирини мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тими “Барқчӣ”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голро Шериддин Бобоев ба самар расонд. Зимнан, ӯ бо 12 гол беҳтарин нишонзани мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ гардид. “Истиқлол” бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев, ки бо 51 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб шуд, бори ҳафтум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар даври 21-ум дар майдони худ тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард, дар ҷадвал бо 46 имтиёз ҷойи дуюмро касб намуд. Хуҷандиҳо таҳти раҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд. “Кӯктош”, ки бо раҳбарии сармураббӣ Алиҷон Турдиназаров бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад.

Дар бозии дигари даври охирини мусобиқаи лигаи олӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бар “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Боз як бозии даври 21-ум рӯзи якшанбе миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт.

Ҳамин тариқ, мусобиқаи 27-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Қаҳрамони кишвар - «Истиқлол» – ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 мушарраф шудааст.

Ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Хуҷанд» - дар марҳилаи интихобии Ҷоми AFC-2019 барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа мубориза мебарад.

Дастаи «Панҷшер» барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи мусобиқаи лигаи аввал - «Эсхата»-и Хуҷанд – дар бозиҳои гузариш ширкат меварзад. Ғолиби ин ҷуфт ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар лигаи олии Тоҷикистон бозӣ кунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 21-ум

«Барқчӣ» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Шериддин Бобоев, 83 (0:1), Шериддин Бобоев, 88 (0:2).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

11 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 44 (1:0). Наврӯз Рустамов, 84 (2:0).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

11 ноябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 500 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 5 (1:0). Азизбек Султонов, 7 (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 19 (2:1). Фарҳод Тоҳиров, 77 (3:1).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

11 ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

ССКА «Помир» – «Хатлон» – 3:3

Голҳо: Алишер Баротов, 26 (0:1). Идибек Ҳабибуллоев, 28 (1:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 34 – аз пеналтӣ (2:1). Худойдод Узоқов, 77 (2:2). Шамсиддин Қосимов, 79 – аз пеналтӣ (3:2). Далер Шомуродов, 86 – аз пеналтӣ (3:3).

11 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқаи лигаи олӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

21

16

3

2

36-16

51

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

21

14

4

3

42-20

46

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

21

9

3

9

31-32

30

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

21

8

4

9

27-26

28

5

«Хатлон» (Бохтар)

21

7

4

10

27-29

25

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

21

5

9

7

24-33

24

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

21

4

6

11

16-29

18

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

21

4

1

16

16-34

13

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 12 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 9-тӯбӣ, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон») – 6-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG