Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамавӣ будани чанд хона дар як маҳаллаи Душанбе тасдиқ шуд. ВИДЕО


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар вазъияти садамавӣ будани чанд хонаро дар маҳаллаи Зайнаббибии шаҳри Душанбе тасдиқ кард. Мақомот аз корхонаи обу корези пойтахт хостаанд, ки ҳарчи зудтар “қубури фарсударо иваз карда ва сокинонро аз хатари эҳтимолӣ раҳонанд”.

Як масъули корхонаи обу корези шаҳри Душанбе гуфтааст, муҳлати истифодаи қубурҳо 30-40 сол аст, аммо аз насби онҳо беш аз 50 сол гузаштааст

Онҳо гуфтанд, “барои ҳалли фаврии масъала, ки ба бехатарии шаҳрвандон иртибот дорад, сардори хадамоти бартарафсозии садамаи оби нӯшокии корхонаи “Обу корез”-и шаҳри Душанбе даъват карда шуд. Муайян гардид, ки ба сабаби пайдо шудани сӯрохиҳо дар қубури обгузари хонаи рақами 26 ва қубури асосие, ки аз зери роҳи кӯчаи мазкур мегузарад, дар деворҳои хонаҳои рақами 7, 9 ва 26-и кӯчаи Зайнаббибӣ аз 2 то 5-7 сантиметр тарқишҳо ба вуҷуд омадаанд ва онҳо бараъло дида мешаванд.”

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Аз зери хона об меравад, девор чаппа шавад, чӣ кор кунем?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Мақомот мегӯянд, қутри қубури асосии обгузар 55 милиметр буда, он тахминан соли 1965 насб карда шудааст. Сардори хадамоти бартарафсозии садамаи оби ошомидании “Обу корез”-и шаҳри Душанбе гуфтааст, муҳлати истифодаи ин қубур 30-40 сол мебошад, аммо аз насби онҳо беш аз 50 сол гузаштааст.

“Корхонаи “Обу корез” вазифадор шуд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин мушкилоти мардумро бартараф созад ва ҳолати садамавиро, ки бар асари сӯрох шудани қубури обгузар пайдо шудааст, аз байн барад. Ба сокинони номбурдаи кӯчаи Зайнаббибӣ тавсия дода шуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш то анҷоми корҳои тармими қубурҳо муваққатан дар хонаи хешовандонашон зиндагӣ кунанд”, - гуфта шудааст дар посухи кумита.

​Қаблан сокинон гуфта буданд, ки шикоф шудани лӯлаи обрасонӣ дар зери замини кӯча, хоки зери хонаро нарм сохта ва боис ба фурӯ рехтани сохтмонҳо шудааст. Онҳо гуфтанд, ҳодиса пас аз он сар зад, ки кормандони корхонаи “обу корез”-и Душанбе дар манзили сокинони ин кӯча ҳисобкунак насб карданд.

​Саъдуллоҳ Нуралиев, сокини кӯчаи Зайнаббибии шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “лӯлаи байни кӯча кафидааст. Вақте ҳисобкунакҳоро насб карданд, ҳамон вақт шурӯъ шуд. Ҳоло хонаҳо ҳама садамавӣ шудааст, деворҳо рехтаанд. Зери хона пур аз об аст. Метарсем, ки хоб равем. Хонаи иҷора гирифта рафтем. Шаш кас ҳастем, ду кӯдаки хурд ҳам дорем. Девор дар болоямон чаппа шавад, чӣ кор кунем?"

Сокинони ин манзилҳо дар кӯчаи Зайнаббибӣ пас аз ошкор шудани сӯрохии лӯлаи об ба "Корхонаи обу корез"-и Душанбе муроҷиат карданд. Онҳо мегӯянд, кормандони ин корхона ба сӯрохи лӯлаи бузурги обгузар пораи чӯб андохтанд ва бо ҳамин гӯиё мушкилро ҳал карданд. Аммо, ба қавли онҳо, ҳанӯз ҳам об ба зери замини хонаҳояшон ҷорист ва тахриби манзилҳояшон идома дорад.

Дилшод Қаландаров, сокини ҳамин маҳалла мегӯяд, ки хонаашро ба наздикӣ таъмир карда буд ва ҳоло деворҳо кафида ва имкони дар дохили утоқҳо зиндагӣ кардан вуҷуд надорад.

Аксар манзилҳои дар ҳоли харобшавӣ нав таъмир шудаанд. Ҳар яке аз ин манзилҳо аз 6 то 8 утоқ ва иншоотии дигар доранд. Бар изофа, ин мушкил сокинони ин кӯчаро чанд рӯз боз аз оби ошомиданӣ маҳрум кардааст.

Он вақт масъулони корхонаи обу корези пойтахт ҳозир нашуда буданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд.

XS
SM
MD
LG