Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти пирӯзмандонаи Хушқадам Хусравов аз қаҳрамонии ҷаҳон.АКС, ВИДЕО


Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест - чор медал (як нишони тилло ва се биринҷӣ) ба даст оварданд, шаби 14-уми ноябр ба ватан баргаштанд.

Паҳлавонони маъруфи тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо нафар ҳаводорон ва масъулини соҳа бо гулдастаҳо ва нидоҳои "офарин, қаҳрамонҳо!" ва "ифтихори миллат" пешвоз гирифта, онҳоро бо дастовардҳои бузургашон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон табрик гуфтанд.

Хушқадам Хусравов баъди Саидмуъмин Раҳимов (соли 1975 дар Мински Беларус) ва Беҳрӯзи Хоҷазода (соли 2017 дар Сочии Русия) сеюмин варзишгари Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро оид ба самбои варзишӣ ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, Хушқадам Хусравов, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки аз 9-ум то 11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, медали тилло ба даст овард.

Ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни зери 62 кило баъди чор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Доминикан, Булғористон, Гурҷистон ва Украина ба финал баромад. Хушқадам дар қувваозмоии ниҳоӣ Руслан Багдасаряни русиягиро шикаст дод ва барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Зимнан, дар таърихи варзиши тоҷик Хушқадам Хусравов баъди Саидмуъмин Раҳимов (соли 1975 дар Мински Беларус) ва Беҳрӯзи Хоҷазода (соли 2017 дар Сочии Русия) сеюмин варзишгари Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро оид ба самбои варзишӣ ба даст овардааст.

Бозгашти пирӯзмандонаи Хушқадам Хусравов аз қаҳрамонии ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Инчунин бояд тазаккур дод дар самбои размӣ ду варзишгари тоҷик – Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов - дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд. Икромов соли 2005 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни зери 74 кило дар Прагаи Ҷумҳурии Чех ва Раҳимов соли 2009 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни зери 52 кило дар Салоникии Юнон медалҳои тилло ба даст овардабуданд.

Устоди Хушқадам Хусравов, мураббии варзидаи гуштӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо интизори муваффақиятҳои шогирдон дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон будем. Аз он хушҳолам, ки ду шогирди ман – Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов – ба мунтахаби Тоҷикистон ду медал оварданд. Албатта, ғалабаи Хушқадам ғалабаи таърихист. Ман қувваозмоии ниҳоии ӯро бо гуштигири русиягӣ тавассути телевизион тамошо кардам ва баъди анҷоми он ашк рехтам. Ин ашки шодӣ буд. Ниҳоят, мақсади ман ҷомаи амал пӯшид. Аз ин хурсандии калонтар дар зиндагии ман набуд. Вале аз ноҳаққии доварон дар ин мусобиқа нисбати Акмалиддин хеле нороҳат шудам."

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии самбои ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи устодаш Хушқадам, ки 25-сола аст ва хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад, имсол издивоҷ кардааст. Ӯ дар бошгоҳи марказии варзишии Вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳайси мураббӣ фаъолият мекунад.

​"Ӯ бисёр бачаи меҳнатӣ аст. Ба машқҳо ҷиддӣ рафтор менамояд. Дар тӯли солиёни зиёд ӯ, ки бо раҳбарии ман машқ мекунад, ягон бор ба тамрин дер накардааст. Ӯ ҷавони бебоку шуҷоъ ва далер аст. Ҳеҷ гоҳ аз ҳарифонаш наметарсад. Ман бовар доштам, ки ӯ ҳатман қаҳрамони ҷаҳон мешавад ва зинаи олиро дар намуди самбо фатҳ менамояд", - иброз дошт мураббии номдори тоҷик Муҳаммадшариф Сулаймонов.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бухарест ду медали биринҷиро оид ба самбои варзишӣ дар сабқати мардон Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 74 кило гирифтанд. Медали сеюми биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Сорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 62 кило овард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ҳудуди 500 варзишгар аз 80 кишвар ширкат дошт. Зӯртарин гуштигирон ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд: барои ҷойи якум – 3000 доллар, барои ҷойи дуюм – 2000 доллар ва барои ҷойи сеюм – 1500 доллар.

XS
SM
MD
LG