Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Электрошокер" ва балончаи газӣ – силоҳи зани тоҷик дар муқобили бадрафторӣ. ВИДЕО


Дар Душанбе баъзе аз занону духтарон барои ҳимояи худ аз ҳамлаи дуздону авбошон ва дастдарозии бархе мардон воситаҳои дифоъ, аз ҷумла, "электрошокер" ва ё балончаҳои газӣ истифода мекунанд.

Видео. Назари мардум дар инҷост:

"Электрошокер" – силоҳи зани тоҷик дар муқобили бадрафторӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Ситора Камоловаи 26-сола ороишгар аст ва бо тақозои кор, гоҳе шабона дер ба хона меравад. Ӯ мегӯяд, то се моҳ пеш тасаввур намекард, ки рӯзе бо дуздон рӯ ба рӯ мешавад. Ситора рӯзи 15-уми ноябр гуфт, шабе дар роҳ ба хона ду марди ношинос ба ӯ ҳамла карданд ва ҷузвдонашро, ки шиноснома ва пули зиёд дошт, бо худ бурданд.

Дар Тоҷикистон фурӯши силоҳ манъ аст ва онҳое, ки мехоҳанд соҳиби василаҳои қонунии худдифоӣ бошанд, маъмулан ин гуна таҷҳизотро тавассути дӯстонашон ва интернет-мағозаҳо, аз хориҷи кишвар дастрас мекунанд.

Баъди ин ҳодиса Ситора Камолова аз шавҳараш хост, барояш кумак кунад, то дигарбора ин ҳодиса ба ӯ такрор нашавад. Шавҳараш ба Ситора "электрошокер" овард ва гуфт, дар ҳолати зарурат онро ба кор барад.

Ин зани ҷавон зарурати бо худ доштани ин навъ абзорро муҳим медонад ва мегӯяд, "дар сумкаам электрошокер дорам ва вақте шабона дер аз кор мебароям, бидуни тарс ба хона меравам. Ин кори бад нест ва ман танҳо худамро ҳимоя мекунам, чун медонам, ки бархе авбошону бадмастон фикр мекунанд, аз дасти зан ҳеҷ кор намеояд ва онҳо аз танҳо будани шумо истифода мекунанд".

Истифодаи номаъмули воситаҳои худдифоӣ миёни занон

Истифодаи воситаҳои худдифоъ миёни занони тоҷик маъмул набуд. Вале бархе заноне, ки то дер дар кор мемонанд ва ё ба фурӯши ҷавоҳироту дигар молҳои гаронарзиш машғуланд, тарҷеҳ медиҳанд бо худ васоили махсуси худдифоӣ дошта бошанд.​

Электрошокер таҷҳизотест, ки барои худдифоӣ истифода мешавад.
Электрошокер таҷҳизотест, ки барои худдифоӣ истифода мешавад.

Ҳатто бархе аз духтарҳои ҷавон барои пайдо кардани чунин таҷҳизот дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон менависанд ва аз фурӯшгоҳҳои интернетӣ онро фармоиш медиҳанд. Бархе ҳам мегӯянд, мехоҳанд, бо доштани ин васоил аз мардони бадрафтор худро ҳимоя кунанд.

Зебо, як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ ҳам гуфт, то як ҳафтаи дигар соҳиби "электрошокер" мешавад. Ӯ бо кумаки дусташ аз Маскав "электрошокер" харид ва мехоҳад, бидуни тарсу ҳарос шабона аз кор ба хона равад.

Вай гуфт, агар рӯзе як афроди ношинос ӯро таъқиб намекарданд, дар фикри доштани чунин васоил намешуд. Зебо афзуд, "дар наздикии Боғи Айнӣ зиндагӣ мекунам ва шабона ин маҳалла камодам аст. Рӯзе, ки аз кор дер баромада ба хона мерафтам, аз пасам як марди ношинос то дохили бинои истиқоматӣ даромад ва хост ба ман наздик шавад. Вақте дари хонаро кӯфтам, гурехт. Ин ҳодиса такрор шуд ва вақте фаҳмидам, ки чунин воситаҳо метавонад, туро ҳимоя кунад, ман ҳам онро харидам".

Чӣ гуна занон дар пайи дифоъ аз худ шуданд?

Зарбдиҳандаи барқӣ (электрошокер) ва балончаҳои газӣ - силоҳи худидоракунии муҳофизатӣ буда, зидди одамон ва ҳайвонҳои хашин истифода мешавад. Ҳамлагарро то 15 дақиқа беҳуш мекунад ва дар ин фурсат имкони панаҳ бурдан ва ё касеро ба кумак даъват кардан вуҷуд дорад.

Истифода аз чунин таҷҳизот дар Тоҷикистон манъ нест ва сокинон бо иҷозат метавонанд, онро бо худ гардонанд. Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин воситаҳо танҳо барои дифоъ аз худ аст ва ҳар кас дар сурати ҳамлаи дуздону авбошон онҳоро ба кор барад.

Машқҳои варзишӣ -- беҳтарин воситаи дифоъ аз худ

Дар Тоҷикистон фурӯши силоҳ манъ аст ва онҳое, ки мехоҳанд, соҳиби василаҳои қонунии худдифоӣ бошанд, маъмулан ин гуна таҷҳизотро тавассути дӯстон ва интернет-мағозаҳо аз хориҷи кишвар дастрас мекунанд. Арзиши ин гуна таҷҳизотҳо аз 200 то 600 сомонӣ будааст.

Аммо бархе ба ин боваранд, ки беҳтарин воситаи худдифоъ барои занон ёд гирифтани ҳунарҳои варзишӣ ва ҳарбист, ки махсус барои муҳофизат аз худ аст. Ба гуфтаи устодони варзиш, усулҳои худмуҳофизатиро занон метавонанд, дар назди мураббиҳо омӯзанд.

Ҷустуҷӯ ва истифодаи воситаҳои худдифоъ дар ҳолест, ки мақомот аз афзоиши мавориди дуздиву авбошӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба асоси омори расмии вазорати корҳои дохилӣ танҳо дар як моҳи ахир 12 ҳамлаву ғорат кардани ашёву ҷавоҳироти занон сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG