Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷиро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Мӯҳлати адои ҷазои Баҳринисо Ҳайдарова, ягона зани муттаҳам дар ин парванда, бинобар доштани кӯдаки хурдсол, ба таъхир гузошта шудааст. Ӯ ба як соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигарро рӯзи 23-юми октябри имсол дар бинои Боздоштгоҳи Душанбе ё СИЗО шурӯъ карда буд.

Баҳринисо Ҳайдарова ва 11 нафари дигар - Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ ду рӯз қабл аз Додгоҳи олии Тоҷикистон талаб намуда буд, ки Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ, ба ҳабси абад маҳкум шавад. Додситонӣ барои Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев 18 сол зиндон талаб намуда буд. Ин ду нафар барои иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ ва ифротгароӣ, муттаҳам ҳастанд. ​

​Ба иттилои манобеи додгоҳӣ, Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигарро рӯзи 23-юми октябри имсол дар бинои Боздоштгоҳи Душанбе ё СИЗО шурӯъ кард.

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҳукм расман шарҳе надодаанд. Аммо вакилони дифоъ мегӯянд, паёмади ҷиноят хеле вазнин буд ва аз ин хотир додгоҳ чунин ҳукм содир кард.

Абдулаҳад Қурбониён, вакили дифои Қиёмиддин Қурбонов, яке аз маҳкумшудаҳо мегӯяд, амали содиршуда ҷинояти махсусан вазнин аст, ки ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ латма задааст. Ба ин хотир, ин вакили дифоъ мегӯяд, қарори додгоҳро дар нисбати зерҳимояаш дуруст меҳисобад. Қиёмиддин Қурбонов, зерҳимояи ин вакили дифоъ барои хабар надодан ба мақомот, ба як соли зиндон маҳкум шудааст.

Ҳамла ба сайёҳон дар Себистони Данғара

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст.​

XS
SM
MD
LG