Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корманди пулис" барои раҳоии зиндониён $16000 гирифт ва худ ба зиндон рафт


Додгоҳи Хуҷанд як сокини ин шаҳрро, ки худро корманди пулис муаррифӣ намуда, аз наздикони ҷаҳор маҳбус бо ваъдаи аз ҳабс озод кардани онҳо ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст, барои 9 сол равонаи зиндон кард.

Дилшод Тошмуҳаммадов, сокини 32-солаи Хуҷанд, ки танҳо мактаби миёнаро хатм карда ва ҷое кор намекард, ахиран аз сӯи додгоҳ бо ҷурми "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон", гунаҳкор дониста шуд. Ба гуфтаи додгоҳ, Дилшод Тошмуҳаммадов худро ба сокинон "корманди шӯъбаи амнияти раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд", муаррифӣ мекард.

Ахиран додгоҳи шаҳри Хуҷанд Дилшод Тошмуҳаммадовро барои 9 сол паси панҷараи зиндон фиристод ва ҳамчунин қарор кард, ки ӯ ҳудуди 150 ҳазор сомониро ба 4 ҷабрдида баргардонад.

Ба иттилои додгоҳ, қаллобии Дилшод Тошмуҳаммадов замоне ошкор шуд, ки ӯ дар моҳи март аз наздикони яке аз зиндониён бо ваъдаи аз зиндон раҳо кардани бародари ӯ як мошини сабукравро гирифта, сипас онро бар ивази 27500 сомонӣ қарз ба каси дигар барои 10 рӯз дар гарав гузошт.

Вале Тошмуҳаммадов дар муҳлати муайяншуда пулро барнагардонид ва ба Акбар Зикриёев, соҳиби нави мошин гуфт, ки метавонад онро фурӯхта, пули қарзашро ба даст орад. Ҳангоми фурӯхтан ва ба расмиятдарории мошин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Зикриёевро дастгир карданд ва тафтишот ошкор кард, ки сари ришта ба сӯи Дилшод Тошмушҳаммадов мебарад.

Ҳамин тавр, ба иттилои додгоҳ, ин "корманди пулис" дар солҳои 2016-2017 аз ду сокини дигар -- Зокирҷон Юнусов ва Муқаддас Баҳриддинова бо ваъдаҳои дурӯғини аз маҳбас озод кардани падар ва писари онҳо, ки яке бо ҷурми "қаллобӣ" барои 8 сол дар маҳбас ва дуюмӣ барои пайравӣ аз созмон мамнӯи динӣ дастгир шуда буд, мутаносибан 5300 доллар ва ҳудуди 45 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, вале ваъдаи худро иҷро накардааст.

Ҳамчунин, Аҳрорхоҷа Урунхоҷаев, як сокини дигар низ моҳи сентябри соли 2017 ба ҳарфҳои ин мард, ки ба ӯ бо нархи арзон хӯроки чорво дастрас мекунад, беш аз 26 ҳазор сомонӣ пул додааст.

Ахиран додгоҳи шаҳри Хуҷанд Дилшод Тошмуҳаммадовро барои 9 сол паси панҷара фиристод ва ҳамчунин қарор кард, ки ӯ ҳудуди 150 ҳазор сомониро ба чаҳор ҷабрдида баргардонад. Ҳукми додгоҳ нисбат ба Тошмуҳаммадов ҳоло ба ҳолати иҷро даромадааст.

Ин нахустин ҳодисаи аз ҷониби "пулиси қаллоб" аз худ кардани пули мардум бо ваъдаҳои дурӯғини аз маҳбас раҳо кардани пайвандони онҳо нест. Қаблан мақомот аз боздошт ва зиндонӣ кардани қаллобон бо шаҳодатномаи қалбакии корманди масъули пулис дар вилояти Суғд ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG