Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мардони аз 16 то 60-солаи русро аз ҳаққи вуруд маҳрум кард. ВИДЕО


Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина
Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина

Украина мардони аз 16 то 60-солаи Русияро аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум кард. Дар ин бора рӯзи 30-юми ноябр президенти Украина Петро Порошенко изҳорот дод.

Рӯзи 30-юми ноябр Кремл гуфт, аз тасмими президенти Амрико Доналд Трамп дар бораи бекор шудани мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин изҳори таассуф мекунад

Ин тасмим дар пасманзари танишҳо дар равобити ду кишвари ҳамсоя гирифта шудааст. Рӯзи 25-уми ноябр Русия 24 маллоҳи се киштии низомии украиниро боздошт ва онҳоро дар убури ғайриқонунии марз айбдор кард. Порошенко ба ҳузури қавитари НАТО дар обҳои баҳри Сиёҳ ва ҳам ҷорӣ кардани таҳримҳои бештари Ғарб нисбат ба Русия даъват кард.

Порошенко дар саҳифаи худ дар шабакаи Twitter рӯзи 30-юми ноябр навишт, маҳдудияти сафар барои мардони рус аз вуруди ба навиштааш “артишҳои хусусии ҷангӣ” ба хоки Украина ҷилавгирӣ мекунад.

Русия дар ҷанги ҷудоихоҳони украинӣ бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи ин кишвар аз ҷудоиталабон ҳимоят кардааст. Ҷанге, ки моҳи апрели соли 2014 шурӯъ шуд, то ба ҳол ҷони беш аз 10 ҳазору 300 нафарро гирифтааст.

Украина мардони аз 16 то 60-солаи русро аз ҳаққи вуруд маҳрум кард.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Петро Тсигикал, раҳбари хадамоти марзбонии Украина, гуфт, ки дар пайи нашри изҳороти президент, посгоҳҳои марзӣ тақвият дода шудааст.

Рӯзи 29-уми ноябр Порошенко гуфт, ки Киев нисбат ба шаҳрвандони Русия дар Украина “маҳдудият” ҷорӣ мекунад ва шаҳрвандони Украина барои сафар ба Қрим дар робита бо “ҳолати омодабоши ҷангӣ” иҷозат дода мешаванд. Ҳолати омодабоши ҷангӣ ба муҳлати 30 рӯз, яъне то 26-уми декабр дар бархе аз манотиқи кишвар ҷорӣ шудааст.

Ба иттилои сухангӯи Хадамоти марзбонии Украина, дар муҳлати иҷрои “қонуни ҷанг” дар ин кишвар, мардони рус аз ҳаққи вуруд ба Украина маҳрум мешаванд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, гуфт, ки кишвараш ният надорад, қонунҳои ҷавобии монанд ба инро қабул кунад. Вай Украинаро дар он айбдор кард, ки сиёсати азияткунандаи мардуми оддиро пеш гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, омбудсмени аз ҷониби Русия таъйиншуда дар Қрим рӯзи 30-юми ноябр хабар дод, ки маллоҳони низомии украинии боздоштшуда ба Маскав интиқол ёфтанд. Русия гуфт, ки украиниҳо марзи ин кишварро убур карданд, дар ҳоле ки Украина мегӯяд, киштиҳои ин кишвар дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалии баҳрнавардӣ амал мекарданд.

Додгоҳе дар Қрим чанд рӯз пеш ҳукм кард, ки 24 низомии украинӣ давоми ду моҳи дигар дар пушти панҷара нигаҳдорӣ мешаванд.

Рӯзи 30-юми ноябр Кремл гуфт, ки аз тасмими президенти Амрико Доналд Трамп дар бораи бекор шудани мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин изҳори таассуф мекунад. Қарор буд, ин мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви гурӯҳи бистгона ё G20 баргузор мешуд.

Сухангӯи Путин – Дмитрий Песков гуфт, “ин ба он маъност, ки баррасии масоили муҳими байналмилалӣ ва дуҷониба ба муҳлати номуайян партофта мешаванд”. Ӯ афзуд, Путин ба идомаи тамосҳо бо ҳамтои амрикоиаш омода мебошад.

Трамп аз мулоқот бо Путин худдорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Трамп гуфт, ки мулоқоти барномарезишуда ба рӯзҳои истироҳати навбатӣ дар Аргентинаро баъди ғасби киштиҳои украинӣ аз ҷониби Русия бекор мекунад.

XS
SM
MD
LG