Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мастонаи Асо: “Дар ҷустуҷӯи шавҳар нестам, адолат меҷӯям”. ВИДЕО


Мастонаи Асо
Мастонаи Асо

Талоши яксолаи Мастонаи Асо, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, барои барқарор кардани обрӯяш нақшаҳои зиндагии ин духтари 21-соларо тағйир дод. Мастонаи Асо моҳи августи соли 2017, пас аз ду рӯзи арӯсӣ бо ҷавоне аз ноҳияи Ховалинг, бо туҳмати “нодухтарӣ” аз хонаи шавҳар ронда шуд.

Як мард омад ва гуфт, ки зану кӯдак дораду мехоҳад бо ман издивоҷ кунад. Вай бо овардани мисол аз ҳадисҳои паёмбари ислом мегуфт, мехоҳад, бо ин роҳ савоб гирад. Вале гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ розӣ нестам.

"Мехоҳам, маъмури пулис шавам"

Ӯ рӯзи 3-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, беш аз як соли мубориза барои барқарории адолат ва обрӯ ӯро инсони комилан дигар кард. Мехоҳад, пас аз анҷоми даъвоҳои ҳуқуқӣ бо шавҳари собиқаш, ба донишгоҳ дохил шуда ва дар оянда ба ҳайси ходими пулис кор кунад.

Мастонаи Асо мегӯяд, дар даст чанд санаде дорад, ки духтарӣ ё бокирагии ӯро собит мекунад ва мехоҳад, шавҳари собиқаш барои иттиҳоми ба ӯ бастааш ва ҳамчунин латту кӯб дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Мастонаи Асо: "Дар ҷустуҷӯи шавҳар нестам, дар ҷустуҷӯи адолатам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

"Падарам аз ман пуштибонӣ мекунад"

Аммо талошҳои Мастонаву падараш дар давоми беш аз як соли охир натиҷа надодааст. Асомиддин Ҷалолов, падари Мастона, мегӯяд, дар ин муддат дари 16 ниҳоди давлатиро кӯфт, аммо ҳеҷ ниҳод ва созмони ҳомии ҳуқуқ ва дигарон барои расидагӣ ба ин қазия изҳори омодагӣ накардаанд.

Мастонаи Асо мегӯяд, давутозу муроҷиатҳои то ба ҳол бенатиҷаи онҳо барои барқарор кардани обрӯяш ва исботи онки нодухтар набуд, ӯро нашикастааст. Мегӯяд, бараъкс, ӯро барои расидан ба орзуи кӯдакияш, ки нияти маъмури милиса шуданро дошт, наздиктар кардааст.

Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Мастонаи Асо
Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Мастонаи Асо

“Аз талошҳои падарам – раҳбари хонаводаи иборат аз панҷ духтару як писар ҳаминро дарк кардам, ки барои таҳсил дар донишгоҳ ҳатман пуштибониву ёриам мекунад”, - нақл кард ӯ.

Мастонаи Асо мегӯяд, баъди хатми мактаби миёна издивоҷ кард ва ин ҳодиса тамоми низоми зиндагӣ дар хонаводаашонро тағйир дод. “Падарам ба дари идораҳо мераваду меояд. Вақте мефаҳмам, ки на додрас, на додситон, на вакили мудофеъ ва на раиси занон як зарра парво надоранд, сахт алам мекунад. Вақте пул надорӣ, касе туро намешунавад. Мушкили ман содда нест. Бо туҳмат ва латту кӯб аз хонаи шавҳар ронда шудам ва ҳеҷ кас инро шунидан намехоҳад”, - мегӯяд ӯ.

"Мехоҳанд, бо ман издивоҷ кунанд, аммо фурсати ин нест"

Ин сокини ноҳияи Балҷувон мегӯяд, акнун ба натиҷае расидааст, ки дигар гиря намекунад. Ӯ мегӯяд, “ман бисёр гиристам, вале дидам, ки ин роҳи ҳал нест. Одамҳо бисёр гап мезананд, вале ман набояд ба ин аҳамият диҳам”.

Мастонаи Асо
Мастонаи Асо

Сӯҳбати ошкорои Мастонаи Асо дар ду моҳи пеш дар бораи сарнавишташ бо Радиои Озодӣ вокуниши зиёде ба бор овард. Дар ин муддат нафарони зиёде дар ҷустуҷӯи телефон ва суроғаи падари ин духтар шуданд. Бештари онҳо ба ӯ пешниҳоди арӯсӣ додаанд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳоло ҳадафи барпо кардани оила ва ҷустуҷӯи номзадро надорад.

Мехоҳад, аввал баҳсро ба поён расонад, дар қазияаш адолат барқарор шавад ва шавҳари собиқаш барои туҳмату озор ҷазо бигирад: “Як мард омад ва гуфт, ки зану кӯдак дораду мехоҳад бо ман издивоҷ кунад. Вай бо овардани мисол аз ҳадисҳои паёмбари ислом мегуфт, мехоҳад, бо ин роҳ савоб гирад. Вале гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ розӣ нестам.”

Мақомот то ба ҳол дар робита ба қазияи Мастонаи Асо изҳори назаре накардаанд. Аммо дар гузашта масъулони Кумитаи занон ҳама гуна туҳмат ва латту кӯби занон аз тарафи мардони хонаводаро маҳкум кардаанд.

Аз бойгонии Радиои Озодӣ:

"Нодухтарӣ" ва фоҷиаи зиндагии Мастона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокира ва покдомании духтарони арӯсшаванда ҷиддӣ бархӯрд мешавад ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ"-и арӯс, шавҳару хешовандонаш ӯро аз хона берун меронанд. Ин гуна духтарҳо маъмулан дар хонаи волидон ҳам зиндагии осуда надоранд ва мояи шармандагии хонавода ба шумор мераванд.

Муттахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ мегӯянд, дар 6 моҳи соли 2018 пас аз тӯй 22 шавҳар бо ҳадафи муайян намудани бокирагии арӯсони ҷавонашон муроҷиат кардаанд. Бо назардошти чунин баҳсҳо ҳоло бисёр духтарон талош мекунанд пеш аз арӯсӣ аз назари табибон гузашта, сертификати бокирагиро бигиранд ва, ба қавле, омода ва мусаллаҳ шуда по ба хонаи бахт гузоранд.

XS
SM
MD
LG