Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми зан дар сиёсат. Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо


Акс аз бойгонӣ.

Интихоби Саломе Зурабашвили ба ҳайси раиси ҷумҳури нави Гурҷистон бо вуҷуди норизоиятии қишри муайяни мардум аз натиҷаи интихобот, омили навбатии ба чолиш кашидани қолабҳои гендерӣ дар фазои пасошӯравӣ мебошад. Аз ҷумла, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаи иштироки занон дар сиёсат бо нобоварӣ нигоҳ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Роза Отунбаева дар Қирғизистон беш аз ду сол раҳбари давлат буд.

Камтар аз 30%- намояндагони тамоми шохаҳои давлат

Дар Тоҷикистон мавзӯи баробарии ҷинсӣ ва иштироки занон дар сиёсат дар сатҳҳои гуногун бо иштироки созмонҳои хориҷӣ мавриди баҳс қарор мегирад. Коршиносон мегӯянд, дар ин замина пешрафт ба назар мерасад, аммо вазъият то ба ҳол дар сатҳи матлуб нест.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, таъйиноти феълии занон ба мансабҳои гуногун ё аз рӯи робитаи хешутаборӣ ва ё тариқи рӯйхат сурат мегирад.

Бино бар шохиси нобаробарии ҷинсӣ дар соли 2017, сатҳи баробарӣ миёни занон ва мардон дар Осиёи Марказӣ 71 дар сад аст. Аммо натиҷаи бадтарин дар миёни ҳамаи кишварҳо дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Ин шохис бар асоси баробарии иқтисодӣ, дастрасӣ ба таҳсил, вазъи саломатӣ,ва нуфузи сиёсӣ, тартиб дода шудааст.

Бархе аз занон дар Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба кор, аз табъиз ва нобаробарӣ дар бозори кор шикоят мекунанд. Аз ҷумла, дар мавриди пардохтани музди гуногун барои иҷрои як навъ кор ба фоидаи мардон. Инчунин баъзе монеаҳои дигар дар тай кардани зинаҳои корӣ то расидан ба мақомҳои роҳбарӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва муассисаҳои дигар.

"Занон дар раванди тасмимгириҳои ҳамаи сатҳҳои ниҳодҳои сиёсӣ ба гунаи лозим муаррифӣ нашудаанд. Онҳо камтар аз 30 дарсади намояндагони ҳамаи шохаҳои ҳукуматро ташкил медиҳанд. Бар асоси қарори раиси ҷумҳур аз соли 1999, дар ҳар як вазорат ва ё муассисаи давлатӣ дар қатори муовинон, бояд як зан бошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ин қарорро ҳамчун монеа барои расидани занон ба сатҳи раҳбарӣ интиқод кард",-омадааст дар гузориши риояи ҳуқуқи инсон, ки соли 2017 аз сӯи Департаменти давлатии ИМА таҳия шудааст.

"Сақфи шишаӣ" барои тай кардани зинаҳои кор

Дар миёни 19 узви ҳукумат, роҳбарони вазоратҳо ва ниҳодҳо, танҳо як зан вазир аст -- Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президент, духтари Эмомалӣ Раҳмонро ҳам метавон ба қатори занони раҳбар ворид кард. Ӯ ҳамчунин курсии палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро низ дар ихтиёр дорад ва тибқи манобеи гуногун, яке аз таъсиргузортарин шахсон дар кишвар мебошад. Насабҳои занонаи дигар дар миёни қисмати фаъоли ҳукумати кунунӣ дида намешавад.

Зулайхо Усмонова.
Зулайхо Усмонова.

Зулайхо Усмонова, коршиноси масъалаҳои занон дар Академияи илмҳои Тоҷикистон мушкили аслии нобаробарии ҷинсиро дар сатҳи заифи таҳсилоти занони ҷавон, муносибати қолабии мардон ба занон, ки монеи ба таҳсил фаро гирифтани духтарони худ мешаванд ва ҳамчунин дар набуди иродаи сиёсӣ баро таъйини занон дар сатҳи раҳбарӣ мебинад.

Хонум Усмонова мегӯяд, агар духтар мехоҳад дар соҳаи муайян муваффақ шавад ва талош кунад, ба эҳтимоли зиёд ба ин чиз даст меёбад, аммо инҷо мафҳуми "сақфи шишаӣ" мавҷуд аст, ки аз он бояд болотар наравад. "Дақиқан таркиби омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳамин сақфро ташкил медиҳанд",-мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, давлат дар ин замина талошҳои лозимро мекунад, аммо барои ноил шудан ба муваффақият зарур аст, то ҷомеа ин идеяҳоро дунбол ва дастгирӣ кунад. "Метавон аз худ шурӯъ кард ва духтарҳои худро барои таҳсил дар риштаҳое, ки онҳо мехоҳанд, иҷоза дод. Набояд онҳоро қонеъ кард, ки дар зиндагӣ хушбахтии асосӣ шавҳар кардан аст",-мегӯяд Усмонова

Теъдоди занон дар ниҳодҳои қонунгузор

Занон 17,5 дарсади теъдоди умумии намояндагони парлумони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз 63 курсии парлумон 12 курсиро занон дар ихтиёр доранд. Ҳамаи онҳо аъзои ҳизби ҳокими ҲХДТ мебошанд. Дар давраи қаблӣ теъдоди занон 6 нафар буд.

Cумангул Тағойзода ягона вазир дар кобинаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Cумангул Тағойзода ягона вазир дар кобинаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ба ҷуз ин, дар байни 33 намояндаи палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 5 нафар зан кор мекунанд. Барои муқоиса - дар Қирғизистон занон 23 дарсади курсиҳои парлумонро дар ихтиёр доранд, дар Туркманистон 25,8%, дар Узбекистон 19,2% ва дар Қазоқистон 22%. Дар пасманзари занона шудани сиёсат дар ҷаҳон, нишондодҳои боло хеле андак ҳастанд. Хусусан, агар таъйиноти кадрии кишварҳои Аврупоро ба назар гирем.

Чанде пеш генерал-майор Аленка Эрменетс ба вазифаи сардори Ситоди умумии Нерӯҳои мусаллаҳи Словения таъйин шуд. Даля Грибаускайте аз соли 2014 президенти ҷумҳурии Литва мебошад. Курсии президентии Хорватияро аз соли 2015 ба ин сӯ Колинда Грабар Китарович дар ихтиёр дорад.

"Дар асорати арзишҳои миллӣ"

Марям Давлатова, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ тӯли 20 сол ба омӯзиши масъалаҳои баробарии ҷинсӣ машғул аст. Ӯ бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти нобаробарии ҷинсӣ беҳтар шудааст, аммо барои ҷалб кардани занон ба сатҳи сиёсат бояд масъалаи омодасозии кадрҳо ҳал карда шавад. Вай монеаи пешрафт дар заминаи корро дар риоя кардани арзишҳои миллӣ мебинад. Хонавода барои духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва бо оиладор шудани онҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки танҳо ба манфиати ҳамсари худ кор кунанд.

Марям Давлатова, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ.
Марям Давлатова, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ.

Ба гуфтаи Давлатова ҳукумат тасмимҳои зиёдеро гирифтааст, ки мувофиқи онҳо занон бояд дар сатҳи муовини раисони ноҳия таъйин шаванд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ба ин симат кадрҳои заиф ҷалб мешаванд -- онҳое, ки наметавонанд зинаҳои кориро тай кунанд. Ин ҷомеашинос ҳамчунин ба хусусияти хоси муносибат ба занонро дар системаи давлат таъкид мекунад.

"Дар масъалаи ахлоқ ҷомеаи мо дар муносибат бо занон хеле сахтгир мебошад. Агар мардон тавонанд аз чаҳорчӯбаи тайъиншуда берун шаванд, нисбати онҳо меҳрубонтар ҳастанд, вале занонро барои амалкардҳои ночиз муҳокима мекунанд. Агар мард дар мақоми раҳбарӣ дашному носазо гӯяд, ӯро танҳо дар доираи ахлоқи корхона ба ҳайси корманд ва ё роҳбар муҳокима мекунанд, аммо ӯро пинҳонӣ мебахшанд. Дар муносибат бо зан чунин принсип вуҷуд надорад”-мегӯяд Давлатова.

Бо ин вуҷуд, Марям Давлатова бар ин бовар аст, ки ҷомеаи тоҷик дар солҳои ахир хеле тағйир ёфтааст ва "барои қабул кардани зан ба ҳайси раҳбари давлат омода шудааст". Соли 2013 талоши аз қайд гузаштани ягона номзади зан ба мақоми раиси ҷумҳурӣ муваффақ нашуд. Номзади ҳизби он замон қонунии наҳзати исломиро ба сабаби кофӣ набудани ҷонибдоронаш барои иштирок дар интихобот раҳ надоданд. Ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназарова дар таърихи интихоботҳои Тоҷикистон ягона зане буд, ки омодагии худро дар мубориза ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ эълом кард.

Аммо, дар Тоҷикистони имрӯза занони дорои мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсӣ - онҳое, ки назари худро доранд ва тавонанд онро ба мардум расонанд, дида намешаванд. Заноне бо ҳадафҳои раҳбарӣ ба монанди садри аъзами Олмон, Ангела Меркел ва ё нахуствазири пешини Бритониё Маргарет Тэтчер ва ё ҳам президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбаева, ки дар даврони мушкили кишвари худ раҳбариро ба даст гирифт.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик.
Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон барои занон шароити лозим вуҷуд надорад, ки онҳо тавонанд фаъол бошанд, чӣ расад ба он, ки дар сиёсат иштирок кунанд. "Барои ин бояд ҷомеа ба таври маҷмӯӣ пеш равад ва барои он ки баробарӣ эҷод шавад, зан бояд то ҳадде озод шавад. Ин қоидатан дар кишварҳои пешрафта ба вуқӯъ мепайвандад", - мегӯяд Мамадшоев

Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, таъйиноти феълии занон ба мансабҳои гуногун ё аз рӯйи робитаи хешутаборӣ ва ё тариқи рӯйихат сурат мегирад.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар минтақа аст, ки таъдоди занон аз мардон камтар мебошад. Аз рӯйи омори соли 2016 занон дар кишвар 49,76 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Бо назардошти он, ки аҳолии Тоҷикистон дар соли 2016 8,73 миллион буд, дар кишвар 42 ҳазор мард бештар аз зан вуҷуд дошт. Коҳиш ёфтани теъдоди занон дар Тоҷикистон аз авохири солҳои 90-ум шурӯъ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG