Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсанам Боймуродова: "Аз гуноҳи хушдоманам, ки бачаамро кушт, гузаштам"


Ҳоҷарой Ашӯрова
Ҳоҷарой Ашӯрова

Додситонии вилояти Хатлон таҳқиқи қатли Беҳрӯзҷони сесола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба анҷом расонд, ки дар куштани ӯ модарбузургаш муттаҳам аст. Мақомоти додситонӣ рӯзи 4-уми декабр гуфтанд, ки парванда барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шуд ва, қарор аст, ба зудӣ мурофиа оғоз гардад.

  • Куштори Беҳрӯзҷон 12-уми сентябри имсол рух дода, ҷасадашро баъди шаш рӯзи он пайдо карданд. Ҳоҷарой Ашӯрова, модарбузурги Беҳрӯзҷон, ба муфаттишон гуфтааст, ки аз ҷанҷолу нофармонии келини хонавода (духтари хоҳараш, ҷиян) ба дод омада буд ва мехост, аз ин тариқ интиқом бигирад.
Дар кадом хона мушкил нест? Дар ҳама хона ҷангу ҷанҷол мешавад, аммо кор то ба ин ҷо намерасад

“Аз гуноҳаш гузаштам, вале ба хонааш намеравам”

Гулсанам Боймуродова, модари Беҳрӯзҷон, рӯзи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гуноҳи хушдоманашро, ки ягона фарзанди ӯро куштааст, бахшид, вале дигар наметавонад дар хонаи онҳо зиндагӣ кунад. Боймуродова ҳоло ба манзили падараш дар ҷамоати Обшорони ноҳияи Ёвон кӯчидааст.

“Хушдоманамро бахшидам. Бо шавҳарам зиндагӣ кардан мехоҳам, вале нияти ба он хона рафтанро надорам. Дар онҷо писарам ба хотир меояд ва дилам месӯзад. Ба хонаи падарам омадам, ки оромиш ёбам”, - гуфт ӯ.

Беҳрӯзҷони сесола
Беҳрӯзҷони сесола

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи он ки то куҷо ҷангу ҷанҷол дар хона сабаби ин фоҷиа шудааст, Гулсанам Боймуродова кӯтоҳ ҷавоб дод: “Дар кадом хона мушкил нест? Дар ҳама хона ҷангу ҷанҷол мешавад, аммо кор то ба ин ҷо намерасад”.

Таҳдиди аз 8 то 15 соли зиндон

Гулсанам Боймуродова нахост, дар бораи ҷузъиёти ҳодиса, моҷароҳои эҳтимолӣ бо хушдоман ва сабабҳои эҳтимолии то чунин дараҷа расидани муносибатҳо суҳбат кунад.

Парвандаи куштори кӯдаки сесола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз рӯи моддаи 104, қисми 2, яъне “одамкушӣ” таҳқиқ шудааст. Агар додгоҳ бо хулосаҳои тафтишот розӣ шавад, ба гумонбар Ҳоҷарой Ашӯрова аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Куштори набера аз тарафи бибиаш дар ҷамоати “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сару садои зиёдеро ба бор овард. Тафтишот мегӯяд, пиразан кӯдакро ба канале, ки аз он ҷо об мегузашт, бурда ва дар зери лой гӯрондааст. Ҷасади кӯдак рӯзи 18-уми сентябр дар ҳолати порашуда ошкор шуд.

“Тавалло кард, ки маро аз ин ҷо халос кунед”

Холмат Ашӯров, шавҳари Ҳоҷарой Ашӯрова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки воқеан ҳам муносибати миёни ҳамсару келинаш одӣ набуд. “Бо баҳонаҳои ночиз ҷанҷол мекарданд ва ҳатто як дафъа пулис вориди баҳс шуда буд, то онҳоро ором кунад. Бо ҳамсарам 40 сол зиндагӣ кардам, ба ман ҳеч бадӣ накардааст. Ба наздаш рафтам, тавалло кард, ки “маро аз ин ҷо халос кунед”.

Ҳоҷарой Ашӯрова ба муфаттишон ҷои ҳодисаро нишон медиҳад
Ҳоҷарой Ашӯрова ба муфаттишон ҷои ҳодисаро нишон медиҳад

Гулмурод Хоҷаев – писари Хоҷарой Ашӯрова мегӯяд, ӯ дар вақти ҳодиса дар муҳоҷират буд ва аз асли қазия хабар надорад. Вай тахмин мезанад, ки шояд модараш дар ҳолати бади равонӣ аст.

“Хушдоманро сӯзонданд ва ба об партофтанд”

Баҳси келину хушдоманҳо, ки бо куштор меанҷомад, дар вилояти Хатлон дар гузашта ҳам ҷой доштааст. Ҳодисае, ки тобистони соли 2015 дар ноҳияи Қубодиён рух дод, ҳанӯз ҳам бисёриҳоро дар ҳайрат мегузорад.

Дар он ҳодиса ду келини як хонадон ба эроду таънаҳои хушдоман тоб наоварда, ӯро куштаву оташ задаанд ва ба дарё партофтаанд. Ҳарду келин баъди ним сол дар содир кардани ин куштор иқрор шуда, бо ҳукми додгоҳ ба мӯҳлати тӯлонии зиндон равона шуданд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, зиндагии муштараки оилаҳои ҷавон бо волидон дар як ҳавлӣ, ки баъзан аз назари хулқу хӯ бо ҳам зиддият доранд, дар фазои мушкили иқтисодиву молӣ шиддат мегирад ва то фоҷеа оварда мерасонад. Дар Тоҷикистон соле садҳо ҷиноят содир мешавад, ки решааш аз хушунату мушкили оилавӣ об мехӯрад.

XS
SM
MD
LG