Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози маъюбро пас аз 17 сол аз нафақа маҳрум карданд. ВИДЕО


Ҷамшед Гулов, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлонро, ки соли 2001 ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта ва аз онҷо маъюб баргашт, аз дарёфти нафақа маҳрум кардаанд. Ҷамшед дар ҳаждаҳсолагӣ ба артиш рафт ва, инак, ҳабдаҳ сол боз рӯи бистари беморӣ хоб аст.

"150 сомонӣ нафақа дошт"

Наздиконаш мегӯянд, ӯ ҳамагӣ пас аз чаҳор моҳи сарбозӣ ба бемористон интиқол ёфта, ногаҳон аз роҳ гаштан монд. Соли 2010 баъди як ҷарроҳии миён имкони гап заданро ҳам аз даст додааст.

Нигаронии мақомот бештар аз он аст, ки баъзе аз сокинон санадҳои тақаллубиро ба Оҷонсии нафақа пешниҳод карда ва бар асоси он нафақа мегиранд.

"Ҳамон сол Ҷамшедро ба ҳайси маъюби гурӯҳи дуввум сабт карда ва барояш 150 сомонӣ, муодили 15 доллари амрикоӣ нафақа таъйин карданд. Аммо моҳи октябр моро огоҳ карданд, ки нафақаашро буридаанд",-гуфт Сарахон Гулов, падари Ҷамшед, рӯзи 5-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Сарахон Гулов мегӯяд, мақомот тақозо доранд, ки писарашро барои ташхиси дубора ва дақиқ кардани маъюбӣ ба ноҳияи Данғара бибаранд. Ба қавли ӯ, мақомот ба санаду аксҳои писари маъюбаш бовар накардаанд.

Вай афзуд, "авал инки роҳ дур аст. Дувум, ӯро намешавад бо нақлиёти ҷамъиятӣ бурд, маҷбур бояд мошин киро кунем. Аксашро бурдам, бовар намекунанд. Гумон доранд, ки Ҷамшед сиҳат асту барои ман гандум медаравад. Дастҳояш кор намекунанд. Мегӯянд, ин сурат аст."

Ба Ҷамшед чӣ рух дод?

Бо гузашти 17 сол аз ин ҳодиса хонаводаи Ҷамшед Гулов нафаҳмидаанд, ки дар қисми низомӣ бо писарашон чӣ рух дод ва чаро ӯ якбора бемор шуд ва аз роҳ рафтан монд. Бар болои бемории писар ин суоли беҷавоб онҳоро ҳанӯз азият медиҳад. "Ҳамин қадар гуфтем, ки туро кӣ зад, кадом фармондеҳ зад, ягон чиз намегӯяд", - гуфт Сарахон Гулов.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Ҷамшедро аз нафақаи маъюбӣ маҳрум карданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:04 0:00

Дар идораи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба ташхис наовардани Ҷамшед Гулов боис ба қатъи нафақааш шудааст. Хайрулло Сироҷов, раиси Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоии ноҳияи Данғара гуфт, ҳафтаи оянда ба ноҳияи Балҷувон мераванд ва ин масъаларо ҳал хоҳанд кард.

Ӯ гуфт, ба сабаби аз ташхис нагузаштан, нафақаи 40 нафар дар ноҳияи Балҷувон қатъ шудааст. "Онҳо бояд аз ташхис гузаранд. Мо чанд дафъа ба Балҷувон рафтем, вале нишон доданд. Ба назди мо наоварданд. Мо рӯзи панҷшанбе ба Балҷувон сафар дорем, гӯед, ки ба маркази ноҳия биоранд",-афзуд ӯ.

Қатъи нафақаи беш аз 3000 нафар дар Тоҷикистон

Соли гузашта дар Тоҷикистон пардохти нафақаи тақрибан 3600 нафар қатъ шуда буд. Назокат Одиназода, муовини раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон гуфт, ки пардохти нафақаи ин афрод то замони тасдиқ шудани дараҷаи маъюбиашон боздошта шудааст.

Нигаронии мақомот бештар аз он аст, ки баъзе аз сокинон санадҳои тақаллубиро ба Оҷонсии нафақа пешниҳод карда ва бар асоси он нафақа мегиранд. Бозбинии нафақаи афроди маъюб ба дунболи тағийру иловаҳо ба "Қонун дар бораи таъмини нафақа", ки соли 2015 дар порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид ва ҳамчунин нафақаҳои осмонии баъзе афрод, аз ҷумла мансабдорон ба миён омад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG