Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Қатар


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шоми панҷшанбеи 6-уми декабр барои ширкат дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба шаҳри Доҳаи Қатар сафар кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин ҷамъомад мунтахаби кишвар бо тимҳои миллии Яман, Умон ва Баҳрайн бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо мақсади озмоиши захираи наздиктарини даста ба ҳайати тими миллӣ як зумра бозигарони мунтахаби ҷавонони кишварро ворид намудааст. Ба таркиби даста ҳамагӣ 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - дохиланд.

Аз легионерҳо ба дастаи мунтахаби кишвар ҳимоятгари «Металлург»-и Бекободи Узбекистон Зоир Ҷӯрабоев ва ҳамлагар Муҳаммадҷон Лоиқов, ки дар бошгоҳи лигаи аввали Беларус - «ЮАС-Житковичи» бозӣ мекунад, даъват шудаанд.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳои дӯстона сармураббии нави тими олимпии кишвар (U-23) Усмон Тошев раҳбарӣ менамояд. Зимнан, ин мутахассиси 53-сола аз Узбекистон, ҳамин моҳ сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таъйин шудааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9-уми декабр дар шаҳри Доҳа бо тими миллии Яман бозии дӯстона баргузор мекунад. Сипас мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Масқат сафар менамояд ва дар он ҷо рӯзҳои 13-ум ва 16-уми декабр бо тими миллии Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Сафари футболбозони тоҷик 20-уми декабр дар шаҳри Манама бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстонаи моҳи декабр

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (ҳарсе - «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ханонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);

Бозиҳои дӯстона

9-уми декабр (якшанбе)

Яман – Тоҷикистон

Доҳа, Қатар

13-уми декабр (панҷшанбе)

Умон – Тоҷикистон

Масқат, Умон

16-уми декабр (якшанбе)

Умон – Тоҷикистон

Масқат, Умон

20-уми декабр (панҷшанбе)

Баҳрайн Тоҷикистон

Манама, Баҳрайн

XS
SM
MD
LG