Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати чор шиновари тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҳангжоуи Чин


Анастасия Тюрина.
Анастасия Тюрина.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар ҳавзи кӯтоҳ, ки аз 11-ум то 16-уми декабр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) хабар додааст, ки дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкати ҳудуди 900 варзишгар аз 150 кишвар дар назар аст. Варзишгарон барои 46 маҷмуи медалҳо миёни мардону занон мубориза мебаранд.

Ба иттилои Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Алишер Чингизов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Ҳангжоуи Чин чор вазишгар дохил аст:

Фахриддин Мадкамов (тарзи парвона – 50, 100 метр);
Олимҷон Ишанов (пуштнокӣ – 50 метр, тарзи озод – 50 метр);
Карина Климик (тарзи парвона – 50 метр, брасс – 50 метр);
Анастасия Тюрина (тарзи озод – 50 метр, 100 метр).

Тақвими рақобатҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар ҳавзи кӯтоҳ дар Ҳангжоуи Чин :

11-уми декабр (сешанбе)
50м, брасс (занон) – Карина Климик

12-уми декабр (чоршанбе)
100м, тарзи озод (занон) – Анастасия Тюрина
100м, тарзи парвона (мардон) – Фахриддин Мадкамов

13-уми декабр (панҷшанбе)
50м, тарзи парвона (занон) – Карина Климик
50м, пуштнокӣ (мардон) – Олимҷон Ишанов
50м, тарзи озод (мардон) – Олимҷон Ишанов

14-уми декабр (ҷумъа)
50м, тарзи парвона (мардон) – Фахриддин Мадкамов

15-уми декабр (шанбе)
50м, тарзи озод (занон) – Анастасия Тюрина

Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) маблағи умумии ҷавоизи қаҳрамонии ҷаҳон-2018-ро дар ҳаҷми 2 миллиону 70000 доллари ИМА муқаррар кардааст, ки 1 мллиону 530000 доллар барои рақобатҳои инфиродӣ ва 540000 доллар барои эстафета ихтисос дода шудааст.

Тибқи низомномаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 барои ҳашт ҷойи аввал ҷоизапулӣ супурда мешавад:

ҷойи 1-ум - 10 000 доллари ИМА;
ҷойи 2-юм - 8 000 доллари ИМА;
ҷойи 3-юм - 7 000 доллари ИМА;
ҷойи 4-ум - 6 000 доллари ИМА;
ҷойи 5-ум - 5 000 доллари ИМА;
ҷойи 6-ум - 4 000 доллари ИМА;
ҷойи 7-ум - 3 000 доллари ИМА;
ҷойи 8-ум - 2 000 доллари ИМА.
Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар ҳавзи кӯтоҳ, яъне 25-метрӣ дар ду сол як бор таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) доир мегардад. Дар қиёс бо мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои обии варзиш дар ҳавзи 50-метрӣ, ба барномаи он танҳо мусобиқот оид ба шиноварӣ дохил аст.

Бояд гуфт, ки ба Федератсияи миллии шиноварӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад. Маҳз бо дастгирии ӯ барои тамрини шиноварон шароити хуб фароҳам оварда шудааст ва варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бузургтарини ҷаҳонӣ оид ба шиноварӣ ширкат меварзанд.

Чунончи, имсол дастаи мунтахаби шиноварии Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Чингизов дар ҳайати варзишгарон Карина Климик, Анастасия Тюрина, Алиҷон Хайруллоев ва Олимҷон Ишанов дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия ширкат кард, вале муваффақ нагашт.

Инчунин соли равон Анастасия Тюрина дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина доир гардид, иштирок намуд. Ӯ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфляй ё парвона дар ҷойи охирин қарор гирифт. Анастасия дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод дар байни 53 нафар 42-юм шуд.

Зимнан, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар шиноварӣ намояндагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG