Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оини азодорӣ дар Қирғизистон. Аз сатҳи ғаму андуҳ то ғизои арвоҳ


Миёни анъанаҳои гуногуни мардум ҷойи муҳимеро маросими дафн ва азодорӣ мегирад. Маросими азодории қирғизҳо ҳам мисли сокинони дигари минтақа ҳамоҳанг бо боварҳои исломӣ ва тоисломӣ, махсусан бо тенгриизм алоқаманд мебошанд.

  • Дар тенгриизм ба ҷуз бовар ва Худои ғайришахс, ҳамчунин фирқаи модари табиат, имон ба нерӯи зиндагӣ (кут) ва эҳтиром ба насли гузаштагон, ки метавонанд ба ёрии боқимондаҳо биёянд (онгон), бовар доранд.

"Қирғизҳо зиндагии худро ба ҳаводиси шоду ғамангез тақсим мекунанд ва талош мекунанд, ба ҳама гуна тағйирот омода бошанд. Барои ин ҳама кори имконпазирро мекунанд, то ҳеҷ маросимеро, ки дар зиндагии наздикони онҳо тағйир меоварад, сарфи назар накунанд",-нақл кард рӯзноманигор Неъмат Ғиёсов.

Ба гуфтаи ӯ, марг дар қирғизҳо, мисли дигар сокинон фоҷиа дониста мешавад, вале сатҳи фоҷиа вобаста ба синну соли шахси фавтида аст. Агар як каси солхӯрда бимирад, марги ӯ ба унвони як баракат пазируфта мешавад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси оинҳои қадимӣ, вақте як ҷовон бимирад, аз сӯрохи болоии юрт байрақи сурх афрошта мешавад. Дар сурати марги инсони миёнаумр байрақи сиёҳ ва агар шахси фавтида солхӯрда бошад, байрақи сафед меафрозанд.

Ба ин васила ба касони дар маросим омада фаҳмонда мешавад, ки чӣ касе мурдааст. Ба гуфти рӯзноманигор Ғиёсов, ҳоло ин анъана тақрибан мавриди истифода қарор намегирад. Ба ҷойи байрақ дар юрт аксҳои каси фавтида гузошта мешавад.

Гӯру чӯб баъди се рӯзи даргузашт

Аз рӯйи анъана, ҷасад ҳатман бояд ба юрт оварда шавад, ки он ҷо танҳо занҳо ҳузур доранд ва маросими гиряву нола (иҷрои сурудҳои вижа, ки дар қирғизӣ "кошок" гуфта мешавад) мегузаронанд.

Вақте меҳмонҳо ба хонаи фавтида меоянд, мардҳо бояд пешпеши занҳо бошанд ва баланд-баланд гиря кунанд, ки нишондиҳандаи андӯҳу ғами онҳо аз марги каси фавтида аст.

"Дар шимоли кишвар фавтидаро 3 рӯз то вақти гӯру чӯб нигоҳ медоранд, дар ҷануб, ки ислом нуфузи бештар дорад, ҷасад танҳо дар рӯзи марг нигоҳдорӣ мешавад", - мегӯяд таърихдон Салайдин Иралиев. Ба гуфти ӯ, дар ибтидо ҷасад барои он нигаҳдорӣ мешуд, ки ҳама битавонанд барои видоъ биоянд, вале бо гузашти вақт ин ба як анъана табдил шудааст.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Тибқи одатҳои бостонӣ, агар мард бимирад, ҳамсараш ҳангоми нола кардани шавҳараш мӯйҳояшро парешон мекунад ва либоси сиёҳ ба бар менамояд. Ба ӯ танҳо дар рӯзи ҳафтум ё чиҳилуми марги ҳамсараш иҷоза медиҳанд, ки мӯйҳояшро ҷамъу ҷӯр кунад. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки ин анъана риоят намешавад.

"Қурбонӣ василаи халос шудан аз муҷозот"

Тамоми раванди маросим аз чанд марҳила: бо расонидани хабари марг шуруъ шуда, баъдан занҳо (бевазанҳо) либоси азодорӣ ба бар мекунад ва баъди он қабули мардум сар мешавад. Ба гуфти таърихдон Амантур Жапаров ,ранги либоси азодорӣ дар ҷануб кабуд ва дар шимол сиёҳ аст.

Пас аз шустани ҷасади фавтида ва дар кафан ҷой кардани ӯ, гусели мурда оғоз ёфта, бо маросими дафн ба охир мерасад. Ба ҷуз ин маросими тақсим кардани чизҳои хусусии шахси фавтида бисёр васеъ паҳн шудааст. Агар зан бимирад, аз рӯйи анъана матои андозаи 50 ба 50 сантиметр тақсим карда мешавад. "Вақте як шахси ҷавон, ки синнаш аз панҷоҳ поён аст, мемирад, ин ба унвони як навъи муҷозот (бало) фаҳмида мешавад ва чизҳо ба унвони қурбонӣ тақсим мешаванд, то ба аъзои дигари хонавода асаргузор нашавад", - шарҳ медиҳад Неъмат Ғиёсов.

Ғизо додани арвоҳ ба василаи бӯйи ғизоҳои омодакарда

Дар маросими азодорӣ ҷойи аз ҳама муҳимро додани ғизо ишғол мекунад, ки дарҳол баъд аз дафн шуруъ мешавад. Мисле, ки таърихшинос Амантур Жапаров мегӯяд, "аз рӯйи анъанаҳои қирғизӣ ҳатман бояд чорво забҳ карда шавад. Агар дар шимоли кишвар ба куштани асп бартарӣ бидиҳанд, дар қисматҳои ҷануб барзагов мекушанд. Дар ҳар ду ҳолат гӯшт ба меҳмононе, ки ба маросими дафн омадаанд, тақсим карда мешавад". Ба ҷуз ин миз бо ғизо, меваҳои хушк, ширинӣ ва орзуқҳо густурда мешавад, ки баъдан инҳо ҳам ба меҳмонҳо тақсим мешаванд.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бояд гуфт, дар омода кардани ғизоҳои маросими азодорӣ бештар ба фарҳанги ниёгон арҷ гузошта мешавад. Новобаста аз ин, ки маросим бо хондани сураҳои Қуръон ба руҳи шахси фавтида шуруъ ва ба анҷом мерасад, моҳияти ин ойин ба ғизо додани арвоҳ асос ёфтааст. Тибқи боварҳо, арвоҳи гузаштагон бозмондагонро пуштибонӣ мекунад. Онҳо аз бӯйи ғизоҳои омодашудаи маросими азодорӣ сер ва розӣ мешаванд.

"Ҳамин тавр, пазируфта шудааст, ки агар арвоҳ тағзия шавад, сарнавишти инсон дар он дунё осон мешавад", - тавзеҳ дод таърихшинос Амантуров. Маҳз ба ҳамин сабаб, ба гуфтаи ин таърихшинос, наздикони фавтидаҳо дар фурсатҳои лозим ғизоҳои маросими азодориро мепазанд.

"Фарзандон одатан барои дафни волидон маблағ ҷамъ мекунанд"

Дар маҷмуъ давраҳои ёдбуд дар қирғизҳо аз “се” (учлугу), “ҳафт” (жетилиги), чил (кыркы) ва сол (аш) иборатанд. Ҳамаи ин давраҳо бо забҳи чорво ва даъват кардани мардуми бисёр гузаронида мешаванд. Дар рӯзи охири азодорӣ (аза кийим которуу) наздикони фавтида либосҳои худро бадар мекунанд ва месӯзанд, дегҳоеро, ки дар онҳо ғизо пухта шудааст, чаппа мегузоранд ва акси фавтидаро ба қабристон мебаранд. Танҳо баъд аз поён ёфтани тамоми маросим хонавода ба зиндагии маъмулӣ бар мегардад.

"Хароҷоти асосӣ барои дафн ба дӯши фарзандон аст. Волидон маъмулан бо фарзанди хурдии хона зиндагӣ мекунанд, аммо вақте фарзандон дарк карданд, ки синни падару модар ба ҷойе расидааст, маблағи муайянеро барои гӯру чӯби онҳо ҷамъ мекунанд ва барои ин рӯз омода мешаванд", - шарҳ медиҳад Неъмат Ғиёсов. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, хешовандони ҳамсарҳо ҳам аз нигоҳи молӣ ва ҳам аз нигоҳи маънавӣ кумак мерасонанд.

Маросими азо дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Маросими азо дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Тавре баъзе аз сарчашмаҳо навиштаанд, дар даврони бостон мардуми доротар дар маросими азодорӣ мусобиқаҳои аспдавонӣ ташкил мекардаанд, ки ин ҷузъи ҷудонашавандаи маросими онҳо будааст. Мусобиқаҳои хурдтарро дар рӯзи дафн ва мусобиқоти бузургтарро дар соли марҳум ташкил мекардаанд.

Тамоми мусоҳибони Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки бо бештар шудани шумораи диндорони воқеӣ баъзе аз анъанаҳои бостонӣ аз байн рафтанд ва мардум бештар ба мувофиқати одатҳо ба Ислом диққат медиҳанд. "Барои мисол дар вилояти Чуй, ҳатто дар он хонаводаҳое, ки мусалмон нестанд ва ба боварҳои тоисломии қирғизӣ эътиқод доранд, ҳатман мулло ҳозир мешавад ва мефаҳмонад, ки аз нигоҳи Ислом чӣ гуна бояд майит дафн шавад",-таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо Неъмат Ғиёсов.

Масъалаи манъ кардани туйҳо ва маросими дафни пуршукуҳ борҳо аз ҷониби вакилони қирғиз матраҳ шудааст. Соли 2011 ҳукумати маҳаллии ноҳияи Узгони вилояти Ӯш пешниҳод карда буд, ки таҷрибаи Тоҷикистон пазируфта шавад ва барои баргузор кардани маросими бодабдаба ҷарима ба андозаи аз 500 то 100 доллар муқаррар гардад. Бо вуҷуди ин, чунин як қонун қабул нашуд.

Дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросими миллӣ" бо ташаббуси президент дар соли 2007 пазируфта шуд. Дар поёни соли 2009 президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ба шарофати танзими маросимҳо сокинони кишвар тавонистанд бештар аз як миллиард долларо сарфа кунанд.

Ба ҷуз ин, дар соли 2017 Кумитаи дин якҷоя бо Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ китобчаеро нашр карданд, ки дар он тартиби баргузор кардани маросимҳои азодорӣ ва изҳори ҳамдардӣ муайян карда шуда буд.

Тибқи қоидаҳои нав, пӯшидани либоси сиёҳ ҳангоми азодорӣ, нолаҳои баланд ва рӯйканӣ, ҷалби нолакунандаҳо ва хеле чизҳои дигар манъ карда шуд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG