Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии футзали Осиё роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфт. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони футзали Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон аз минтақаи Марказӣ, Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ аз минтақаи Ғарбӣ, Ҷопон, Тайбэйи Чин аз минтақаи Шарқӣ, Тайланд, Ветнам ва Индонезия аз минтақаи Уқёнус ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифтанд.

Мунтахаби Эрон, ки мизбони қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2019 мебошад, дар марҳилаи интихобӣ бидуни озмун ширкат дошт. Бинобар ин натиҷаҳои даста дар марҳилаи интихобии мусобиқот ба инобат гирифта намешавад.

Ба ин тартиб, дар дувумин мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё миёни ҷавонон, ки соли 2019 дар Эрон доир мегардад, 12 даста ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба се гурӯҳи чордастаӣ тақсим мешаванд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2019 дар шаҳри Тошканд дар гурӯҳи «В» 2-юми декабр аз тими ҷавонони Қирғизистон (U-20) бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрда, 3-юми декабр бар тими Узбекистон (U-20) бо ҳисоби 7:2 ғолиб омада буд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «В» се даста – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон – сеимтиёзӣ ба даст оварданд. Бар асоси дастури мусобиқа, ғолиби гурӯҳ аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо муайян гардид.

Мунтахаби Қирғизистон (таносуби тӯбҳо - 9-7) ҷойи аввалро касб намуд. Ҷойи дувумро мунтахаби Тоҷикистон (таносуби тӯбҳо – 8:8) соҳиб шуд. Мунтахаби Узбекистон (таносуби тӯбҳо - 8-10) дар гурӯҳ ҷойи охиринро ишғол кард. Сипас мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии плей-офф аз тими ҷавонони Афғонистон (U-20) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG