Шароб дар минтақаи Осиёи Миёна аз давраҳои бостонӣ истеҳсол мешуд. Аммо дар замон шӯравӣ ва баъд аз он саноати тавлиди шароб бо инқироз рӯ ба рӯ шуд. Президенти Узбекистон ҳоло мехоҳад саноати шаробпазиро дубора эҳё кунад.
Дар як боғи ангур дар ноҳияи Паркенти канори Тошканд барои саноати шаробпазии Узбекистон ашёи хом истеҳсол мешавад. Дар ин хоҷагӣ навъҳои мухталифи ангури гурҷистонӣ, озарбойҷони ва фаронсавӣ парвариш меёбад, ки барои тавлиди шароби содиротӣ ба кор мераванд.
Абдумутал Юлдошев, яке аз ангурпарварон мегӯяд, "мо ангури навъи Ркатсители, Баён Ширяй ва Пино Нуарро дар 15 ҳектар замин дар ихтиёр дорем. Шаробпазон ба маҳсули дасти мо ниёзи бузург доранд ва мо саъй мекунем талаботи онҳоро иҷро кунем".
Дар Узбекистон солона 20 миллион литр шароб тавлид мешавад, ки дар қиёс бо 4 миллиард литр шароби тавлидшуда дар Фаронса ночиз аст.
Динора Қосимхоҷаева аз корхонаи тавлиди винои Тошканд мегӯяд, ки дар дар гузашта шароб тавлид карда ва онро асосан ба Русия содир мекарданд. Ба гуфтаи Қосимхоҷаева, он замон ҳукумати шӯравӣ побарҷо буд ва шароб ба минтақаҳои шимолӣ содир мешуд.
"Барои шароби бидуни иловаи алкоҳол низ бозоре вуҷуд дорад. Дар ин рӯзҳо ва ба хусус баъди судури фармони президентӣ, мо ба табиӣ будани маҳсулотамон таваҷҷуҳ дорем",-афзуд Қосимхоҷаева.
Моҳи феврали соли равон раҳбари Узбекистон аз Фаронса 60 ҳазор ниҳоли ангур овард ва дастур дод, ки то соли 2021 истеҳсоли шароб дастикам 60 дарсад афзоиш ёбад. Бар пояи ин фармон, замини кишти ангур низ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва қарор шуд, ки дар оянда барои танаввуи маҳсулот аз Амрико ва Чили ниҳоли ангур ворид мешавад.
Коршиносон ба ин талошҳои мақомдорони узбекро эҳтиёткорона баҳо медиҳанд ва ба ҷашнвораи шароб, ки чанде пеш дар Тошканд баргузор шуд, ишора мекунанд. Ин чорабинӣ таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб накард.
Узбекистон як кишвари асосан мусалмоннишин аст ва мардумаш ба шаробу шаробнӯши шавқмандӣ нишон намедиҳанд. Вале шаробпазони узбек бовар доранд, ки саноати шароб бар по мехезад.
Ғайрат Ашӯров, як корманди корхонаи шаробпазӣ мегӯяд, "мо бо 180 хоҷагии ангурпарвар ҳамкорӣ дорем. Ибтидои соли равон мо бо 180 хоҷагӣ созиш ба имзо расонидем. Бар пояи мувофиқат, мо ба онҳо 40 дарсади пулро пешпардохт мекунем. Онҳо худашон ангурро ба мо мерасонанд".
Дар Узбекистон солона 20 миллион литр шароб тавлид мешавад, ки дар қиёс бо 4 миллиард литр шароби тавлидшуда дар Фаронса ночиз аст. Бар илова, бо назардошти рақобати шадид ҷойи по ёфтан дар бозори ҷаҳонӣ кори осон нест. Тавлидкунандагони шароб дар Узбекистон умед доранд, ки моли онҳо дар кишварҳои Шӯравии собиқ ва Чин харидори зиёд пайдо мекунад.